fbpx

Ислом & феминизм. Феминисти исломӣ дар бораи робитаи Ислом ва феминизм гуфт

Ба ақидаи коршиносон, даъвои он, ки феминизм хилофи Ислом аст, аксар вақт аз тафсирҳои патриархалии матнҳои динӣ бармеояд.


0
Тасвир аз манобеи озод

Мухолифони феминизм аксар вақт далел меоранд, ки феминизм бар хилофи Ислом аст. Гарчанде баъзеҳо бовар доранд, ки Ислом ҳуқуқи баробар ба мардон ва занонро кафолат медиҳад, аммо мегӯянд, феминизм ба худи дин ва одамони диндор зарар мерасонад.

Чаро феминизм ба Ислом хатарнок нест, Your.tj аз Нурҳуда Рамлӣ, фаъоли ҳуқуқи занон ва муҳаққиқи илмӣ аз Малайзия, ки оид ба масъалаҳои гендерӣ ва ҳуқуқи занони мусулмон таҷрибаи корӣ дорад, дар ин бора пурсид.

Давоми матн пурра аз Нурҳуда Рамлӣ аст, ки махсус барои Your.tj навиштааст.

Ислом: муборизи таърихии ҳуқуқи занон

Феминизм дар асл ҳимояи ҳуқуқҳои занон дар асоси баробарӣ, адолат ва озодӣ аз сохторҳои репрессивӣ мебошад. Ислом ҳамчун дин ва тарзи зиндагӣ ба принсипҳои адолат, шафқат ва шаъну шарафи инсон асос ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, масъалаи он, ки оё феминизм ба Ислом мухолифат мекунад, асосан аз сабаби нофаҳмии ҳарду консепсия ва бархӯрди онҳо вуҷуд дорад.

Пайдоиши Ислом дар Арабистон дар асри VII ба ислоҳоти куллӣ ба манфиати занон оварда расонд, ки меъёрҳои решаканшудаи патриархалиро ба чолиш кашид. Қуръон ба занон ҳуқуқи инқилобии он замонро ба мерос (сураи Ан-Нисо, 4:7), таҳсил, розигӣ ба издивоҷ, ҳуқуқи талоқ ва манъи фоҳишагӣ дод.

Он инчунин куштани духтарони навзодро манъ намуда, арзиши хоси духтаронро эътироф кард (сураи Ат-Таквир, 81:8-9). Дар тӯли тамоми ваҳйи Қуръон дар матнҳои нубувватӣ назари занон дигаргун шуд, ки дар он занон ба мардон баробар ҳисобида мешаванд (сураи Ал-Аҳзоб, 33:35).

Занони намоён дар таърихи аввали Ислом, ба монанди Ҳадиҷа бинти Ҳувайлид, тоҷири муваффақ ва зани аввали Паёмбари Ислом Муҳаммад (Салаллоҳу алайҳи васаллам) ва Оиша бинти Абу Бакр, олим ва пешвои сиёсӣ, намунаҳое мебошанд, ки нишон медиҳанд занон то чӣ андоза метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Ин мисолҳо таъкид мекунанд, ки Ислом, агар дар рӯҳияи ҳақиқияш эътироф карда шавад, ба идеалҳои феминистӣ мувофиқат мекунад. Дар асоси феминизм, баҳисобгирии воқеияти ҳаёти занон ҳангоми ташаккули меъёрҳо, арзишҳо, қоидаҳо, қонунҳо ва сёесат; дар замони Паёмбар оятҳои зиёди Қуръон ба саволҳо ва мушкилоте, ки занон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, нозил карда шуданд.

Масалан, сураи  “Ал-Муҷодила” (58) ба Паёмбари Ислом Муҳаммад (Салаллоҳу алайҳи васаллам) дар посух ба дуоҳо ва шикоятҳои зане бо номи Ҳоула бинти Салаба нозил шудааст.

Вай ба назди Паёмбар омад, то мушкилоти худро бо шавҳараш ҳал кунад. Зан бо он хатои шавҳараш, ки ӯро лаънат карда, вазъи оилавии ӯро зери хатар мегузорад розӣ шуда наметавонист (таҷрибаи қабилавии арабии талоқ – инкор кардани занон, ки дар он мард занашро ба модар, хоҳар ё зани дигаре баробар мекунад, ки ҳуқуқи издивоҷ кардан баро надорад).

Зан бо Паёмбар баҳс мекард, аммо Паёмбар ҷавоби қаноатбахш дода наметавонист, ки мушкилоти ӯро ҳал кунад, зеро ӯ фарзанди хурдсол дошт ва шавҳараш аллакай пир буд, аз ин рӯ талоқ зиндагии оилаашро мушкилтар мекард.

Вай ба сӯи Худо дуо кард. Баъдтар ин сура нозил шуд, ки мушкилоти ӯро эътироф мекунад ва кӯшиш мекунад, ки дар бораи қоидаҳои ноодилонаи издивоҷ, ки бо он рӯ ба рӯ шудааст, равшанӣ андозад. Сура аз сабаби шикоятҳои Ҳоула ва дуо ба Худо амалияи беадолатонаи талоқро бекор кард.

Ин ҳодисаи истисноӣ набуд, оятҳо ва бобҳои дигаре низ буданд, ки ба Паёмбар фиристода шуда, ба саволҳо ва мушкилоте, ки саҳобаҳо ва занони Паёмбар ба миён мегузоштанд, ҷавоб медоданд. Қуръон ба мо таълим дод, ки овозҳои занонро ба мисли овозҳои мардон ба назар гирем, алахусус дар масъалаи адолат ва баробарӣ.

Феминизм аз нигоҳи ислом

Даъвое, ки феминизм хилофи ислом аст, аксар вақт аз тафсирҳои патриархалии матнҳои динӣ бармеояд. Аммо, шумораи афзояндаи олимон ва фаъолони мусулмон ин нуқтаи назарро бо ҷонибдории феминизми исломӣ, ки принсипҳои адолати гендериро бо таълимоти ислом мувофиқат менамояд, баҳс мекунанд.

Намунаи чунин муносибат ташкилотҳое ба монанди “Хоҳарони ислом” (SIS) дар Малайзия ва “Конгресси Уламои Перемпуан Индонезия” (KUPI) мебошанд.

SIS барои ҳалли масъалаҳое, ба монанди бисёрзанӣ, издивоҷи кӯдакон ва нигоҳ доштани ахлоқ тавассути аз нав дида баромадани таълимоти исломӣ кор мекунад ва кафолат медиҳад, ки он адолат ва баробариро инъикос мекунад.

Аз тарафи дигар, KUPI 1000 олимони занро дар Индонезия барои додани фатвоҳо муттаҳид мекунад, ки воқеияти ҳаёти занонро дар ҳалли масъалаҳо, аз қабили зӯроварии ҷинсӣ ва издивоҷи кӯдакон ба назар мегиранд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна Ислом метавонад асоси адолати гендерӣ гардад, на монеа.

Мубориза бо тасаввуроти нодуруст

Яке аз монеаҳои асосӣ барои мутобиқати феминизм бо ислом омезиши амалияҳои фарҳангӣ бо таълимоти динӣ мебошад. Амалияҳое, ба монанди издивоҷи маҷбурӣ, рад кардани таҳсили духтар ва нақшҳои шадиди гендерӣ, бо вуҷуди набудани асосҳои қуръонӣ ё ҳадисҳо, аксар вақт бо номи Ислом сафед карда мешаванд.

Феминизм инчунин дар дохили ҷаҳони мусулмонӣ барои аз ҳад зиёд ба Ғарб нигаронидашуда буданаш танқид карда мешавад. Эътироф кардан муҳим аст, ки сохтори универсалистии феминизми ғарбӣ метавонад чорроҳаи эътиқод ва адолати гендериро дар ҷомеаҳои мусулмонӣ пурра фаро нагирад.

Феминизми исломӣ алтернативаи арзишмандеро пешниҳод мекунад, ки ҳуқуқҳои занонро дар доираи ислом бо эҳтиром ба заминаи фарҳангӣ ва динӣ мутамарказ мекунад.

Эълони адолат

Ҳаракатҳое ба Монанди “Мусовӣ” (“Баробарӣ” ба забони арабӣ), ки баробарии гендериро дар қонунгузории оилаи мусулмон ҷонибдорӣ мекунанд ва талошҳои олимони алоҳида ба монанди Амина Вадуд, Фотима Мернисси, Асма Барлас, Зиба Мир Ҳусейнӣ ва дигарон нишон медиҳанд, ки ислом воситаҳои адолатро фароҳам меорад.

Бо ёрии иҷтиҳода (андешаи мустақил) ин олимон матнҳоро бо натиҷагирӣ аз меъёрҳои патриархалӣ ва дар айни замон бо риояи ҷиддии теологияи исломӣ аз нав тафсир мекунанд.

Хулоса

Феминизм ва Ислом ҳадафи муштарак доранд: адолат. Гарчанде ки таҳрифҳои фарҳангӣ ва патриархалӣ зиддиятҳо ба вуҷуд оварданд, таълимоти исломӣ ҳангоми тафсири дуруст принсипҳои баробарӣ, раҳмдилӣ ва шаъну шарафро дастгирӣ мекунад.

Ташкилотҳое ба монанди SIS ва KUPI намунаи онанд, ки чӣ гуна феминизм метавонад тавсеаи табиии принсипҳои исломӣ бошад, ки ҳуқуқ ва некӯаҳволии занонро ҷонибдорӣ мекунад.

Ба ҷои он ки феминизмро хилофи Ислом бинем, дурусттар аст, ки онро ҳамчун даъват барои бозгашт ба ҳадафи аслии ахлоқии дин – адолат ва баробарӣ баррасӣ кунем.

Бо назардошти нозукиҳои ҳам феминизм ва ҳам Ислом, мо метавонем тасаввуроти нодурустро бартараф кунем ва ба ҷомеаи одилона ва баробарҳуқуқ роҳ кушоем.

Маълумот

Нурҳуда Рамлӣ фаъоли ҳуқуқи занон ва муҳаққиқи илмӣ аз Малайзия, ки ба масъалаҳои гендерӣ ва ҳуқуқи занони мусулмон тахассус дорад.

Ҳаммуассиси Jurnal Sang Pemula, як гурӯҳи фаъолияти зеҳнии ҷавонон, ки ба гуфтори гуманистӣ ва эмансипатории Малайзия тамаркуз кардааст. Вай дар бораи мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва башардӯстона менависад.

Нурхуда дараҷаи магистри фалсафаро дар Институти тадқиқоти Малайзия ва таҳқиқотҳои байналмилалиро дар Донишгоҳи миллии Малайзия гирифтааст. Вай дараҷаи бакалаври забони арабӣ ва адабиёти Донишгоҳи байналмилалии исломии Малайзияро дорад.

Қаблан Ҳуда барномаи Sisters in Islam (SIS)-ро роҳбарӣ мекард, ки дар он ҷо ба сохтани устуворӣ бар зидди консерватизми динӣ машғул буд ва гуфтугӯи оммавиро дар ин масъала тавсеа бахшид.

Тарҷума аз русӣ, матни аслиро дар ин ҷо хонед


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend