42 донишҷӯёйи тоҷик аз Қирғизистон баргардонида мешаванд
Одиназода Рамазон, директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм имрӯз, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 42 донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекунанд ва дар сурати муроҷиат вазорат онҳоро бармегардонад.
“Мо омода ҳастем, ки онҳоро баргардонем ва аз рӯи ихтисоси худашон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул кунем”, – гуфт Рамазон Одиназода.
Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан чандин донишҷӯи тоҷик ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар Тоҷикистон шуда буданд. Аксари онҳо аз афзоиши фишору таъқиб дар пайи таниши муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шикоят доштанд.
Он замон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳорот аз афзоиши мавридҳои таъқибу табъизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни Қирғизистон нигаронӣ кард ва гуфт, мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ош таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.
Қирғизистон муҳимоти ҷангии нав харид
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, ки дар семоҳаи охири соли гузашта бо ширкати “Белтехэкспорт” барои навсозии системаи зиддимушакии С-125 то сатҳи системаи зиддимушакии «Печора-2 БМ» қарордод ба имзо расид. Дар айни замон аз рӯйи шартнома навбати якуми система оварда шудааст.
Ғайр аз ин, дар муассисаҳои мудофиаи хориҷӣ таъмири ҷории чархболҳои ҳарбии Ми-8 гузаронида, мошинҳои боркаш, ёрии таъҷилӣ ва микроавтобусҳо харидорӣ карда шуданд.
“Дар баробари ҷанги иттилоотӣ ва пропаганда, дигар усулҳои ҷангҳои мусаллаҳона низ мавҷуданд. Ҳолати бавуҷудомадаи мазкур водор месозад, ки сиёсати давлатиро дар самти таъмини амнияти миллӣ минбаъд мустаҳкамтар намоем”,- гуфт Ҷабборов.
Боздошти марде дар Данғара бо гумони сӯйиқасд ба ҷони ҳамсар
Кормандони милиса як сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро ба гумони сӯиқасд ба куштор дастгир кардаанд. Марде хостааст занашро бикушад.
Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, як сокини 35-солаи ноҳияи Данғара дар сӯйиқасд ба куштор гумонбар дониста мешавад.
Гумонбаршуда рӯзи 31 январи соли ҷорӣ, тахминан нисфирӯзӣ аз бозори шаҳри Душанбе як корди ошхона харида, бо он ба ноҳияи Данғара рафтааст.
Ӯ “барои ҷасорат” 200 грамм нӯшокии спиртӣ истеъмол карда, ба хонаи хусураш, ки ҳамсари 30-солааш дар онҷо буд, меравад.
Дар хонаи хушдоман миёни зану шавҳар муноқиша сар зада, мард ба занаш 11 зарбаи корд задааст, ки дар натиҷа зан дар беморхона бистарӣ шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Тоҷикистону Қирғизистон барои донишҷӯёни ҳамдигар бурсия ҷудо накардаанд
Тоҷикистон ва Қирғизистон соли гузашта барои таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои ҳамдигар бурсия ҷудо накарданд.
Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси шартномаҳои ҳукуматӣ ду кишвар ҳамасола барои таҳсили донишҷӯён бурсия ҷудо мекарданд.
Рамазон Одиназода, мудири Маркази барномаҳои байнулмилалии Вазорати маориф, 2-юми феврал гуфт, феълан дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик мондааст. Боқимондаи донишҷӯёни тоҷик, ба гуфтаи Одиназода, ба Тоҷикистон омада, дар донишгоҳҳои кишвар таҳсилро идома доданд.
Ин масъули Вазорати маориф афзуд, дар Тоҷикистон донишҷӯёни қирғизистонӣ таҳсил мекунанд “ва ягон мушкилот надоранд”. Рамазон Одиназода нагуфт, ки чанд донишҷӯи қирғиз дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки Тоҷикистону Қирғизистон кай ба ирсоли донишҷӯён ба кишварҳои ҳамдигар шуруъ мекунанд. Мудири Маркази барномаҳои байнулмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ин кор баъд аз барқарор шудани равобити ҳамсоягӣ ва “таҳаммулпазирии тарафи дигар” имконпазир аст.
Баъд аз ду муноқишаи калон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон равобити ду кишвар ба тирагӣ гароид. Солҳои 2021 ва 2022 донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ шуданд.