fbpx

Қирғизистон аз Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ Мурғобро талаб карда, ҷавоби рад гирифтааст. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point

Раҳмон ба Мирзиёев занг заду пирӯзияшро дар интихобот табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 октябр Шавкат Мирзиёевро барои пирӯзияш дар интихоботи президентии Ӯзбекистон ҳам телефонӣ ва ҳам бо ирсоли паём табрик карда, барои фаъолияти минбаъдаи давлатияш дастовардҳои нав ба нав орзу намудааст.

Дар номаи табрикоти президенти Тоҷикистон бошад омадааст: “Мояи хушнудии ман аст, ки ба Шумо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек фиристам”.

Раҳмон ба Мирзиёев саломативу рифоҳ ва фаъолияти самарабахши минбаъдаи давлатӣ ва ба халқи ӯзбек сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу кардааст.

“Пирӯзии эътимодбахши Шумо дар интихоботи президентӣ боз як далели равшани дастгирии умумимиллӣ аз роҳи сиёсии Шумост, ки ба рушди босуръати кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст”, – таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Шавкат Мирзиёев бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихоботи президентӣ пирӯзи ба даст овардааст. Кишвардори феълӣ, 80,1 дарсади раъйи мардумро касб кард. Маълумоти пешакиро роҳбари КМИ Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев соати 16:00 эълон кард.

“Гуфтам, Мурғобро диҳед, рад карданд.” Президенти Қирғизистон баҳси марзиро бо Тоҷикистон шарҳ дод

Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон дар нишасти матбуотии худ дар масъалаи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ибрози андеша кард. Ӯ гуфт, моҳи май аз комиссиюни байниҳукуматӣ санадҳои марбут ба баҳсҳои марзиву ҷараёни музокироти байниҳукуматиро талаб кардааст. “Он ҷо се масъалаи баҳсӣ ҳаст: дар қитъаи Торт-Кочо, роҳи самти Ворух ва нуқоти баҳсии ноҳияҳои Ботканд ва Лайлак. Аз назари ҳуқуқӣ мо ҳақ ҳастем”.

Ҷабборов дар нишасти матбуотии худ гуфт, 3-юми марти соли 2009 Адахон Мадумаров дар мақоми раиси Шӯрои амният протоколе имзо кард, ки ба гуфтааш, бар асоси он, Душанбе роҳеро, ки ба самти ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мебарад, онро аз они худ меномад.

Ӯ афзуд, бар асоси ин санад, “275 метри қаламравро аз они Тоҷикистон меномад, вале аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки онро ба мӯҳлати 49 сол ба иҷора диҳад. Онҳо мегӯянд, 12 сол гузашт ва баъди 37 сол мо онро мебандем, ва ё аз роҳи музокирот, мӯҳлати иҷораро тамдид мекунем. Ман гуфтам, ки Мадумаров ба ин ҳақ надошт”, — гуфт Ҷабборов.

Дар идома ӯ гуфт: “Ман метавонам дар ин масъала нуқта гузорам, вале дар ин сурат баъди 37 сол Лайлак ба анклав табдил мешавад”. Президенти Қирғизистон гуфтааст, 210 гектар замин дар Лайлаку Бодканд баҳсӣ ҳастанд.

Радиои “Азаттик” менависад, ки Мадумаров дар гузаша қарори худро дуруст номида, гуфтааст, “маҳз бо сабаби имзо шудани он протокол, мошинҳо аз Сулюкта ба Бишкек ва дигар манотиқи Қирғизистон бемамониат ворид мешаванд”.

Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ дар идома аз қавли Ҷабборов менависад, “онҳо (зоҳиран, манзураш мақомоти тоҷик) мегӯянд, соли 1924 ин заминҳо ба мо гузашт. Ман гуфтам, агар ин хел бошад, мо соли 1924 ба шумо Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем. Биёед, онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ нестанд. Комиссиюни байниҳукуматӣ кор мекунанд. Дафъаи гузашта онҳо боз 8 километри дигарро аниқ карданд. Умедворам, ки масъала бо назардошти манфиатаҳои ҳарду ҷониб ҳал мешавад”, — гуфт Ҷабборов.

Аз 23 октябр то 2 ноябр. Табибони араб кӯдакони нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд

Табибони Амороти Муттаҳидаи Араб дар маҷмааи тандурустии  «Истиқлол»-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ рӯзи 23-юми октябри имсол оғоз гардида, то 2 ноябр идома хоҳад кард.

Барои ҷарроҳии кӯдакони тоҷик беш аз 30 табиб ба Тоҷикистон омадаанд, ки танҳо дирӯз, 24 октябр 12 кӯдакро ҷарроҳӣ намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак намудан ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки наврасони то 18-сола, ки  нуқсони модарзодии дил доранд, метавонанд бо  маълумотномаи камбизоатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат муроҷиат кунанд.

Вазири қирғиз қатъи интиқоли барқро аз Тоҷикистон шарҳ дод

Тоҷикистон интиқоли барқро ба Қирғизистон пас аз чор рӯзи оғози он қатъ кард, зеро ба кишварҳо имзои шартномаи дахлдор дар ин бора муясссар нашуд, хабар додааст ба ВАО-и Қирғизистон вазири энергетикаи ин кишвар Досқул Бекмурзаев.

“Пас аз нашри маълумот дар бораи воридоти барқ аз Тоҷикистон дар он ҷо сарусадоҳо баланд шуданд, чунки он ҷо ҳам сиёсатмадорон ҳастанд. Танҳо дар муддати чор рӯз мо барқ гирифта тавонистем”, – иброз доштааст вай.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон Бекмурзаев изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон аз 1 октябр ба интиқоли барқи худ ба Қирғизистон шурӯъ кард.

Баъдан Вазорати энеретика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумоти ВАО-ро дар бораи интиқоли барқ ба Қирғизистон рад кард. Дар раддияи Вазорат зикр шуд, ки ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки имкони интиқоли барқ ба Қирғизистон баррасӣ шавад, лекин доир ба ин масъала ягон тасмим гирифта нашудааст.

Латифи Пидром: “Тоҷикистон бояд шомили “Тройкаи тавсеаёфта” шавад”

Латифи Пидром, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки “Тоҷикистон ба ҳайси кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг бо Афғонистон, метавонад нақши бисёр муҳим ва асаргузор дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дошта бошад”.

Оқои Пидром афзудааст, ки наметавон нақши муассир ва корсози Тоҷикистонро дар ҳалли бӯҳронҳои минтақавӣ нодида гирифт.

“Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба мавзеъгириҳои инсонӣ ва башардӯстона ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ дар робита ба бӯҳрони мавҷуди Афғонистон ҷойгоҳи баландеро ба даст овардааст”, – навиштааст Латифи Пидром.

Дар идома Пидром гуфтааст, ки “ҷунбиши муқовимат бо номи тоҷикон гиреҳ хӯрдааст. Тоҷикон ҳам акнун дар сафи аввали набард ба муқобили Толибон ва ишғолгарон қарор доранд”.

Нуру Дустум “Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон” таъсис доданд

“Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломиb Афғонистон” бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард.

Дар эъломияи шӯро омадаст, ки “давлат дар асари бекифоятӣ, инҳисоргарӣ ва фасоди густарда ва дар натиҷаи як муомилаи номардона ва хоинона дучори беназмӣ ва низомӣ гардида, шерозаи давлат аз ҳам пошид”.

Ин шӯро аз мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои  ба расмият нашинохтани Толибон истиқбол карда, аз Созмони милал ва кишварҳои ҷаҳон хостаанд, ки “ҳукумати якҷониба, истибдодӣ ва зидди ваҳдати миллии гуруҳи Толибонро ба расмият нашиносанд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend