“Ин ҳолат барои АМА ғайритабиӣ аст”. Тоҷикон дар Дубай чӣ ҳол доранд

Аз оғози ҳамлаҳои муштараки ИМА ва Исроил ба Эрон панҷ рӯз сипарӣ шуд. Тибқи иттилои охирин, дар ин муддат ба 153 шаҳри Эрон ва 504 нуқта беш аз 1 ҳазору 39 зарба ворид гардида, шумори кушташудагон ба 787 нафар расидааст.

Дар пайи зарбаҳои ҷавобии Эрон, пойгоҳҳо ва инфрасохтори вобаста ба Амрико дар чанд кишвари минтақа, аз ҷумла дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ҳадаф қарор гирифтаанд.

Дар пасманзари ин таҳаввулот, дар шаҳрҳои бузурги минтақа, аз ҷумла Дубай, чораҳои амниятӣ пурзӯр карда шудаанд. Чанде аз зодагони Тоҷикистон, ки дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекунанд, дар суҳбат бо мо аз фазои кунунӣ, маҳдудиятҳо ва эҳсоси амният дар маҳалли иқомати худ нақл карданд.

“Гоҳ-гоҳ садои таркиш шунида мешавад”

Насиб муҳоҷири тоҷик аст, ки наздики се сол боз дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Дубай кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳамлаҳо ногаҳонӣ сар шуданд.

“Ҳамааш аз якшанбеи 1-уми март сар шуд. Шабона хоб будам, ки аз ҷойи кор занг заданд. Гуфтанд, вазъият хуб нест ва бояд равам. Ҳамин тавр, ҳоло дар меҳмонхона шабро рӯз мекунем”,- гуфт Насиб.

Ӯ афзуд, ҳукумати АМА гуфтааст, вазъ зери назорат аст. Аммо ба сокинону меҳмонон тавсия дода шудааст, ки ба берун набароянд.

“Бо вуҷуди ин зиндагӣ давом дорад. Ҳама ба кор рафта меоянд. Мошинҳо рафтуомад доранд. Танҳо дар фурудгоҳҳо вазъ нохуб аст ва бинобар ин Аморот осмонашро баста, парвозҳоро муваққатан бекор ё ба вақти дигар гузаронид”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Насиб мегӯяд, хабарҳоро аз расонаҳо мешунавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳо аслан пойгоҳҳои ҳарбии Амрико ҳастанд. Аммо вақте системаи дифои зиддиҳавоии Дубай кор мекунад ва ҳадафҳоро мезанад, баъзеашон ба биноҳо бармехӯранд.

“Ба як меҳмонхона ракета афтод, ки он аз мо хеле дуртар ҷойгир аст. Бо вуҷуди ин наздиконам ҳамеша аз саломативу бехатарии ман хавотиранд. Асосан шабона гоҳ-гоҳ садои баланди таркиш шунавида мешавад.

Баъзан он дар наздикиҳо сурат мегирад. Аммо Худоро шукр, сиҳат саломатем ва дуо мекунем, ки ҳамааш тезтар тамом шавад”,- гуфт ӯ.

“Вазъият зери назорат аст”

Ҳамсуҳбати дигари мо Фирӯз, ки аллай 4 сол боз дар Дубай бо оилааш зиндагӣ мекунад, гуфт вазъият дар умум он қадар бад нест.

“Системаи дифои зиддиҳавоии Аморот натиҷаҳои хуб нишон дод. Албатта, баъзан вазъияти нофаҳмо мешавад, махсусан вақте садои баланди таркишро мешунавӣ ва онро дар видео мебинӣ.

Ин барои кишваре, ки аллакай 4 сол боз хонаи худ меҳисобам, ғайритабиӣ ва номувофиқ аст. Хеле умедворам, ки ҳамааш ба наздикӣ анҷом меёбад”,- изҳор дошт ӯ.

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, ба мо гуфт, ки ҳоло дар Дубай вазъ ором аст ва ба сокинони шаҳр чизе таҳдид намекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ва бахусус мақомоти полис амниятро таъмин мекунанд.

Тими футболи занонаи Тоҷикистон дар Дубай дармонд

Дар ҳамин ҳол, тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон ба сабаби муваққатан бекор шудани парвозҳо дар шаҳри Дубайи АМА мондааст.

Тими футболи занонаи Тоҷикистон. Акс: ФФТ

Бобоҷон Қаландаров, менеҷери дастаи мунтахаб дар суҳбат ба Your.tj гуфт, дастаи занонаи Тоҷикистон бояд рӯзҳои 1 ва 5-уми март дар шаҳри Дубай муқобили мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона доир мекард.

“Бинобар вазъияти баамаломада рӯзи 1-уми март бозӣ баргузор нашуд. Даста ҳоло дар Дубай дар ҷойи амн қарор дорад. Агар вазъият беҳтар ва иҷоза дода шавад, рӯзи 5-уми март бозӣ баргузор мегардад ва рӯзи 6-ум онҳо бояд ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳамааш ба барқарор шудани парвозҳо вобаста аст”,- гуфт Қаландаров ба Your.tj.

Дар ҳамин ҳол, волидони яке аз футболбозони тими занона гуфт, ки телефони духтаронро бо сабабҳои амниятӣ ва ба воҳима наафтодани онҳо гирифтаанд. Аз ин сабаб бо онҳо на ҳамеша ба алоқа баромадан мумкин аст. Инчунин, ӯ гуфт, ки барои таъмини бехатарӣ, аз меҳмонхона берун баромаданашон манъ карда шудааст.

Дастаи футболи бонувони Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал таҳти роҳбарии Мубин Эргашев барои баргузории машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай рафта буд.

Чӣ рух медиҳад?

28 феврал ИМА ва Исроил амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз намуда, ба шаҳрҳои ин кишвар зарбаҳои ҳавоӣ заданд.

Дар посух, Эрон ба қаламрави Исроил мушак партоб карда, инчунин 14 пойгоҳи низомии Амрикоро дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ҳадаф қарор дод.

Дар пасманзари ин вазъ, як қатор кишварҳои минтақа фазои ҳавоии худро муваққатан бастанд.

Ширкати ҳавопаймоии Somon Air низ парвозҳоро ба Дубай то 6 март ва ба Теҳрон то охири моҳи ҷорӣ боздошт.

Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар АМА

Сафорат ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки то муътадил шудани вазъ аз сафар ба кишварҳои минтақа худдорӣ намоянд.

Қаблан Сафорати Тоҷикистон дар АМА ва консулгарии генералӣ дар Дубай изҳор дошта буданд, ки фаъолияти онҳо тибқи реҷаи маъмулӣ идома дошта, барои таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ба иттилои сафорат, намояндагиҳои дипломатӣ бо мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва АМА дар тамоси доимӣ қарор доранд.

Ба ҳамватанон тавсия дода мешавад:

  • Ба воҳима дода нашуда, оромиро нигоҳ доранд;
  • Дар ҷойи иқомат (хона, меҳмонхона ё дигар макони амн) бимонанд ва бе зарурат аз ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд;
  • Бе гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи фазои ҳавоӣ, масири парвоз ва вақти аниқи парвоз ба фурудгоҳ нараванд;
  • Аз паҳн кардани овозаҳо ва маълумоти тасдиқнашуда (SMS, паёмҳои матнӣ, аудио, видео, инфографика) дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ намоянд;
  • Танҳо ба маълумоти расмӣ ва тавсияҳои мақомоти маҳаллӣ ва давлатии АМА такя кунанд;
  • Ҳамеша ҳуҷҷатҳои шахсӣ, воситаҳои алоқа ва дигар ашёи заруриро дар дастрасӣ нигоҳ доранд.

Дар сурати зарурат шаҳрвандон метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА тавассути рақамҳои тамос ва почтаи электронӣ муроҷиат намоянд:

Сафорати Тоҷикистон дар АМА

  • tajembabudhabi@mfa.tj
  • tajikemb.uae@gmail.com
  • (+971) 24417950
  • +971581531574 (WhatsApp)

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай

  • tajconsdubai@mfa.tj
  • dubaitajcons@gmail.com
  • (+971) 4 3945814
  • +971585081221
Skip to toolbar