Худкушии занон дар Тоҷикистон афзудааст

Масъалаи худкушӣ дар вилояти Суғд аз ҳама бештар нигаронкунанда аст.


Худкушии ноболиғон дар Суғд

Давоми шаш моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон 228 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, аз ҷумла 109 ҳолат аз ҷониби занон ва 22 ҳолат аз ҷониби ноболиғдухтарон рух додааст.

Ин нуқтаро Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд. Ӯ қайд намуд, ки ин шумора нисбати соли гузашта 10 ҳолат кам аст.

“Сабабҳои худкушӣ ин касалиҳои рӯҳӣ, шароити вазнини оилавӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва баъзе дигар сабабҳои номаълум низ ҳастанд. Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки масъалаи худкушӣ дар вилояти Суғд аз ҳама бештар нигаронкунанда аст”,- иброз дошт Қурбонзода.

Тибқи омори пешниҳодкардаи ӯ бо сабаби бемории рӯҳӣ – 53 ҳолат (8 то бештар), вазъияти душвори молиявӣ – 17 ҳолат (6 то бештар), бо сабабҳои дигар (сабабҳои зикрнашуда) – 42 ҳолат ва сабабҳои муайяннашуда – 112 ҳолати даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.

Вобаста ба ин Кумитаи занон дар шаш моҳ дар 39 ҳазор оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидааст.

“Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона дар 39 ҳазор оила гузаронида шудааст, ки ин оилаҳо аслан оилаҳои осебпазир ҳастанд”, – гуфт роҳбари ин ниҳод.