fbpx

Норасоии қариб 2900 корманди тиббӣ дар Тоҷикистон

"Табиби касбӣ ҳеҷ гоҳ дар масъалаи музди маош гап намезанад",- гуфт вазири тандурустӣ.


0
Вазири тандурустии Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ

Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон 2 ҳазору 298 табиб ва беш аз 570 ҳамшираи шафқат намерасанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 70 пизишк ва 343 ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Давоми як соли гузашта 548 табиб ва 1187 корманди миёнаи тиб ба муҳоҷирати рафта будаанд.

Табибони Тоҷикистон
Акс: аз бойгонии Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Вазири тандурустӣ омори норасоии кормандони соҳаи тибро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мушаххасан номбар кард. Аз ҷумла:

  • дар шаҳри Душанбе 49 табиб ва 35 ҳамшираи шафқат;
  • дар вилояти Хатлон 778 табиб намерасад, масъалаи нарасидани кадрҳои миёнаи тиббӣ ҳал шудааст;
  • дар вилояти Суғд 579 табиб ва 55 ҳамшираи шафқат;
  • дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 153 духтур ва 105 ҳамшираи тиббӣ;
  • дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 23 табиб ва 6 ҳамшираи тиб;
  • дар муассисаҳои тиббии хусусӣ 149 табиб ва 67 ҳамшираи тиб;
  • дар дигар вазорату идораҳо  153 табиб ва 105 ҳамшираи тиб намерасад.

Ӯ қайд кард, ки сабаби асосии норасоии табибон маош нест.

“Агар табиби касбӣ бошад, ҳеҷ гоҳ дар масъалаи музди маош гап намезанад. Ҳамасола маоши табибон то 20% зиёд гардида истодааст”,- афзуд Абдуллозода.

Норасоии табибон натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад, гуфт ӯ.

Сабабҳои тарки Ватан кардани табибонро Ҷамолиддин Абдуллозода дар имкони бештари такмили ихтисос кардан, баланд бардоштани савияи дониш ва касбият арзёбӣ кард.

“Агар аз як тараф сабаби муҳоҷирати табибон имкониятҳои хуби аз ҷониби давлатҳои Аврупо пешниҳод мешуда бошад, аз тарафи дигар баланд бардоштани савияи донишу касбият мебошад”,- таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи вазир дар 6 моҳи соли ҷорӣ 72 табиб ва 51 ҳамшираи тиббии ба хориҷа рафта ба Тоҷикистон баргашта, дар ҷойи пештараи кории худ фаъолиятро идома додаанд.

Табибони тоҷик пасттарин маошро дар байни кишварҳои ОМ мегиранд

Моҳи феврали соли равон, вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, баъзе табибоне ҳастанд, ки то 3,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Ӯ афзуда буд, маоши ҳамшираи тиб ба навбатдорӣ вобаста аст ва аз 1,5 ҳазор сомонӣ сар мешавад ва то 3-3,5 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Ҷамолиддин Абдуллозода барои пешгирии рафтани табибон ба хориҷи кишвар гуфт буд, ки “ба тамоми раисону шаҳру навоҳӣ супориш дода шудааст, кормандони тандурустӣ ва маорифро ҳавасманд кунанд, махсусан бо таъмин кардани онҳо ба замин”.

Тибқи омори расмӣ, имрӯз маоши миёнаи табибон дар Тоҷикистон 1550 сомонӣ ё 142 доллари ИМА аст, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин ба ҳисоб меравад.

Табибони тоҷик аз ҳисоби даромади хидматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ ба ҳисоби миёна аз 400 то 1500 сомонӣ иловапулӣ мегиранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend