Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

“Хайрбод Русия!” Муҳоҷироне, ки дар рӯйхати 120 ҳазор шаҳрванди “таҳти назорат” ҳастанд, чӣ кор мекунанд

“Шаҳрвандии Русияро дорам, аммо номам дар рӯйхати 120 ҳазор шаҳрванди “назоратшаванда”-и Тоҷикистон ҳаст”,- менависанд ба Your.tj чанде аз муҳоҷирон ва корбароне, ки дар ин кишвар кор мекунанд.

Қисме аз онҳо роҳҳои баровардани номи худ аз ин “рӯйхати сиёҳ”-ро меҷӯянд, гурӯҳи дигар бошад, бо Русия “хайрбод” карда, мехоҳанд ба кишварҳои дигар барои кор раванд.

“Шаҳрвандӣ дорам, фақат худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштаам”

Қобилҷон – зодаи шаҳри Панҷакент, муҳоҷири тоҷикест, ки дар Русия 6 сол боз кору зиндагӣ мекунад. Ӯ номи худро дар рӯйхати шахсони “зери назорат”-и ВКД Русия ёфтааст.

Дар суҳбат бо Your.tj гуфт, аниқ намедонад сабаби ба ин феҳрист афтоданаш дар чист. Ба гуфтаи ин муҳоҷир ҳамаи ҳуҷҷатҳояш то ин вақт дуруст буданду ду соли охир шаҳрванди Русия аст.

“Аз соли 2022 шиносномаи русӣ гирифтам. “ЗАГС” кардам фазанд дорам. Фақат худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштаам. Дар ин 6 сол ягон маротиба ба Тоҷикистон нарафтам”,- афзуд ӯ.

Акси марбута аз сомонаи newsland.com

Бо сарҳади Русияро дубора убур кардан кор ҳал мешавад?

Муҳоҷири дигар, ки худро Шодмон муаррифӣ кард, ҳоло роҳи баровардани номи худ аз ин “рӯйхати сиёҳ”-ро дорад. Ӯ мегӯяд, шояд моҳи декабр қаламрави Русияро тарк карда, январ баргардад ва ҳуҷҷатҳояшро аз нав ба расмият дарорад, шояд номашро аз феҳрист пок кунанд.

Ӯ иқрор шуд, ки чанд муддат бе ҳуҷҷатҳои муҳоҷирӣ кор мекард.

Як муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар шаҳри Самараи Русия кору зиндагӣ мекунад, умед дорад, ки шояд як маротиба аз сарҳади Русия гузашта баргардад, номашро аз рӯйхат берун кунанд.

Ӯ мегӯяд, ягона камбудияш ҳамин буд, ки чанд вақт пеш муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷириаш гузашта буд.

“Ҳозир дар шаҳри Самара ҳастам. Муҳлати ҳуҷҷатҳоям гузашт. Сарҳади Русияро тарк карда, аз нав даромада, ҳуҷҷатҳоямро дуруст кунам шояд аз рӯйхат берун кунанд”,- гуфт ӯ саволомез.

Дар шабакаи YouTube зери навори Your.tj дар бораи рӯйхати 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия “таҳти назорат” ҳастанд, корбарони зиёде шарҳ навиштанд.

Онҳо номи худ ё наздиконашонро дар ин феҳрист пайдо кардаанд ва мушоҳидаву шунидаҳои худро пешниҳод намудаанд.

Саодат, як бонуи тоҷик, ки дар муҳоҷират аст, менависад, барои худро дар қайд нагузоштанаш ба рӯйхат афтодааст. Ӯ низ мехоҳад сарҳади Русияро убур карда бозгардад. Ба умеди он ки номашро аз рӯйхат берун кунанд.

“Ман дар ҳамин рӯйхат ҳастам танҳо барои он ки худро дар қайд нагузоштам. Дигар ягон қонуншиканӣ надорам. Аз сарҳади Русия баромада, баргардам ва аз нав ҳуҷҷат кунам мешуда бошад? Илтимос агар ягон нафар чунин карда бошад, ҷавоб диҳад”,- хоҳиш кардааст ӯ дар шарҳ.

Шахсони мурдаву аз Русия берун низ дар рӯйхат ҳастанд

Як корбари дигари YouTube дар шарҳ навиштааст, ки аз рӯи мушоҳидаҳои ӯ, аз ҳамин рӯйхати 120 ҳазор нафар – 20 ҳазораш ҳоло дар Тоҷикистонанд, 4-5 ҳазор нафари дигар дар қайди ҳаёт нестанд.

“Шахсан ман 4 нафари онҳоеро медонам, ки дар қайди ҳаёт нестанд, 3-4 сол пеш ин дунёро кардаанд, лекин ному насаби онҳо дар ҳамин рӯйхат нашр шудааст”,- менависад ӯ.

Чанд нафари дигар ҳам ба ҳамин маънӣ шарҳ навиштаанд ва ба гуфтаи худашон шоҳиди он шудаанд, ки дар рӯйхат номи нафароне низ ҳаст, ки ё дар қайди ҳаёт нестанд, ё чанд сол боз дар Тоҷикистонанд.

“Мо дар ин рӯйхат одамонеро ёфтам, ки 5-10 сол шуд Русия нарафтаанд ва як нафари дигар 5 сол пеш дар ҳамин Россия мурда буд, номашон дар рӯйхат ҳаст”,- менависад як корбар.

“Бо пойи худам ба шуъба рафтам, мушкиле набуд”

Дар байни муҳоҷирон онҳое низ буданд, ки номашонро дар рӯйхат пайдо кардаанд, аммо мегӯянд бо мушкил дучор нашудаанд.

“Номи ман дар рӯйхат ҳаст, дирӯз бо пойи худам ба шуъбаи ВКД рафтам, ҳама ҳуҷҷатҳоямро тафтиш карда, ҷавоб доданд, ягон мушкиле набуд”,- менависад яке аз корбарон.

Нафари дигар менависад, ки дар Русия 6 моҳ боз ВНЖ дорад ва 7 рӯз пеш барои гирифтани шаҳрвандӣ бе ягон мушкил ҳуҷҷат супоридааст, гарчанде номаш дар рӯйхат ҳаст.

Ба ҳамин монанд, гурӯҳе аз муҳоҷирон, ки худ ва наздиконашон ба наздикӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуҷҷат супоридаанд ва номашонро дар рӯйхат пайдо кардаанд, хавф аз он доранд, ки дархости онҳо бекор карда мешавад.

“Оҳиста баромада равед”

Корбаре бо номи Зиёвуддин навиштааст, онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва номашон дар рӯйхат ҳаст, зуд “аз шаҳрвандӣ даст накашанд”.

“Оҳиста баромада равед. Муҳлаташ наздик омад, сафарбаркунии ҳарбӣ (мобилизатсия) сар мешавад. Як шиноси моро гуфтаанд, ки худатро дар қайди ҳарбӣ мон. Баъди он ки дар қайди ҳарбӣ мондед, аз Русия баромада наметавонед, агар сафарбаршавӣ ба ҷангро рад кунед, зиндон мешавед. Аз он ҷо хоҳу нохоҳ ба ҷанг мебаранд”,- менависад ӯ.

“Хайрбод Русия, салом Аврупо!”

Гурӯҳи корбарони муҳоҷир баъди ёфтани номашон дар рӯйхат ба он меандешанд, ки Русияро тарк карда, ба дигар давлатҳо муҳоҷират кунанд.

“Дар рӯйхат номи ман якум будааст, “так что” бо Русия хайрбод карда, ба Аврупо меравем”,- менависад як корбари мо бо табассум.

Ёдовар мешавем, рӯзи 18-уми октябр мақомоти Тоҷикистон рӯйхати беш аз 120 ҳазор шаҳрвандони кишварро нашр карданд, ки гуфта мешавад, онҳоро дар Русия ҳамчун “қонуншикан” ба қайд гирифтаанд.

Феҳристи мазкурро Вазорати корҳои дохилии Русия тартиб додааст ва гуфта мешавад, ин нафарон зери назорат ҳастанд.

Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, дар Русия тағйиру иловаҳо ба қонунҳои будубоши хориҷиён воридгардида аз 5-уми феврали соли 2025 мавриди иҷро қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, баъди қабули ин қонунҳо дар Русия низоми нави ихроҷ ба роҳ монда мешавад. Аммо дар бораи ин низом дақиқ гуфта нашудааст.

Рӯйхати шахсон аз рӯи минтақаҳо:

Барои маълумоти бештар бо ин рақамҳо тамос гирифтан мумкин аст:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42,

Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77.

Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 93 876 26 26; 93 922 06 84.

Skip to toolbar