Оташи наврӯзӣ

Гулхан ва корвони наврӯзӣ. Ҷашни Наврӯз дар Душанбе

Субҳи 21 март, соати 04:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад.

Соати 06:00 корвони наврӯзӣ аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон муждаи наврӯзӣ мерасонад, хабар дод ба АМИТ “Ховар” Нуралӣ Шоҳиён, сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ   дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир  мегарданд. Бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мешаванд.

Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ намоиши асарҳои рассомон, молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳисоби астрономӣ имсол Наврӯз 20 март, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ баробар ба соати 08:06:21 вақти маҳаллӣ фаро мерасад.

Skip to toolbar