Дар Варзоб садамаи нақлиётӣ бо иштироки 4 автомобил ба амал омадааст
Дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон тайи ду рӯз ду нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар садамаи аввал якбора чор мошин ба ҳам бархӯрд. Ин садама шоми 12 март дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб рух додааст, аммо мақомоти интизомӣ ҷузъиёти садамаро танҳо имрӯз ироа карданд.
“Мошини тамғаи “Мерседес-Бенс Атего” таҳти идораи Абдухалил Мансуров, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ба хати муқобил баромада, ба мошини “Опел-Вектра” бархӯрдааст. Сипас, “Мерседес-Бенс Атего” ба ду мошини дигар – “Toyota Land Cruiser Prado” ва “Опел Зафира” ва аввалин мошине, ки Мерседес бо он бархӯрд, ба як мошини Опел Астра бархӯрдааст», – омадааст дар хабар.
Чаҳор мусофири мошини “Опел-Вектра”, аз ҷумла ду ноболиғ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Мусофири панҷуми ҳамин мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Садамаи дуввум субҳи барвақти рӯзи 13 март дар деҳаи Сӯфиёни шаҳри Панҷакент сабт шудааст.
“Ронандаи мошини “Муссо”, шаҳрванди Афғонистон Руҳулло Муҳаммадӣ, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат ба хати муқобил баромада, ба мошини боркаши “Мерседес”-и сокини маҳаллӣ Абдулҳамид Қурбонов бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама шаҳрванди Афғонистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – гуфта мешавад дар хабар.
Тафтиши ин ҳодисаҳо идома дорад, гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 дар 196 садамаи нақлиётӣ 416 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, 1197 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Фардо мурофиаи навбатии гумонбар ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо баргузор мешавад
Мурофиаи судии Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик пагоҳ, 15-уми март баргузор мегардад.
Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона таҷовуз ва кушта шуда буд.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки мурофиаи навбатӣ пагоҳ соати 11 дар Додгоҳи вилояти Маскав баргузор мегардад.
Ӯ мегӯяд, умед дорад, ки Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли фарзандаш, ҷазои сазовор хоҳад гирифт ва ин охирин мурофиа хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки бори охир 22-юми июни соли 2021 мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин баргузор гардида буд, ки ҳеҷ натиҷа надод.
Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.
Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.
Муҳоҷироне, ки фарзандонашон аз таҳсил дур мемонанд, эҳтимол аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум шаванд
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод кардааст, муҳоҷироне, ки фарзандонашонро барои таҳсил ба мактабҳо намедиҳанд, аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум карда шаванд. Дар ин бора ӯ зимни сафараш ба вилояти Калуга изҳори назар кардааст.
“Вобаста ба фарзандон модар гуфта метавонад: “Ман намехоҳам, ки фарзандам дар мактаб таҳсил кунад”. Модар аз оилаи муҳоҷирон аст. Мебояд гуфт, волидон ба ҷуз ҳуқуқ, уҳдадориҳо ҳам дошта, бояд фарзандони худро бо маълумот таъмин кунанд.
Агар дар Русия чунин қабул шуда бошад, ки ҳамаи кӯдакон таҳсилдида ҳастанд, онҳо ҳам бояд ин корро кунанд. Агар не, пас бубахшед, ба фикри ман, бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд”, – мегӯяд Фадеев.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта Валерий Фадеев изҳор дошта буд, ки фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактабҳо қабул карда шаванд. Он замон ӯ зидди расмиёти соддашудаи додани шаҳрвандии Русия барои фаъолияти ризокорӣ (волонтёрӣ) ё барқарор кардани зерсохтор дар Донбасс ва қаламрави зери назорати неруҳои низомии Русиядар Украина изҳори назар карда буд.
Фадеев огоҳ карда буд, ки додани шиноснома бо тартиби соддашуда “метавонад ба вуруди оммавии сохтмончиён аз Осиёи Миёна бидуни донистани забони русӣ ва қонунҳои Русия барои гирифтани шаҳрвандии Русия боис гардад”.
Бино ба маълумоти Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, дар моҳи ноябри соли 2022 ҳудуди 6 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки нисфи онҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд.
Сохтмони бозор дар марзи Тоҷикистону Узбекистон оғоз шуд
Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони бозори байнисарҳадии “Андархон” санги асос гузошта шуд. Ин бозор барои рушди тиҷорати минбаъдаи ду кишвар замина мегузорад ва тоҷирони тоҷику ӯзбек маҳсулоти худро ба осонӣ хариду фурӯш мекунанд.
13-уми март, намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” иштирок намуданд.
Музаффар Юнусов, сухангӯйи раиси вилояти Суғд гуфт, ин бозор аз ҷониби Ӯзбекистон дар марзи ду кишвар бунёд мешавад ва маблағи сохтмони он 8 млн доллар мебошад.
“Бозори байнисарҳадии “Андархон” дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд”, – гуфт ӯ.
Юнусов афзуд, ки бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешаванд.
Гуфта мешавад, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намудаанд.
Роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон изҳори боварӣ намуданд, ки бозори байнисарҳадии “Андархон” дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.