Facebook акнун ба Тоҷикистон андоз месупорад

Ширкати Facebook худро дар кумитаи андози кишвар ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифтааст, хабар медиҳад маркази матбуотии кумитаи андоз.

“2 марти соли 2021 ширкати Facebook худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анчом дода мешаванд, ба қайд гирифт”, – гуфта мешавад дар сомона.

Ҳамчунин кумита қайд кардааст, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020, № 1744, шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.

“Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҷиҳати риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба шахсони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ ба соҳибкорон маълумоти заруриро пешниҳод намояд”,- омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон тағйироти қонунгузории андози кишварро дар робита бо қабули ба истилоҳ «андоз аз Google» қарор қабул кард ва он аз 16 январ ба ҳукми амал даромад.

“Супорандагони «андоз аз Google» шахсони хориҷӣ мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро мустақиман ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ пешниҳод мекунанд, ки маҳали иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”. –  гуфта буд кумита дар паёми худ.

Кумита тасмимашро чунин шарҳ дода буд: ин дигаргунӣ дар робита бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати интернетӣ қабул карда шудааст.  Дар дигаргунсозии кодекси андоз аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайраҳо истифода шудааст.

Муфасалтар оиди ин мавзӯъ метавонед дар бахши русии сомонаи мо маълумот гиред.

Skip to toolbar