сомони в руках мужчины

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба қаллобӣ барои қитъаҳои замини мавҷуднабуда гумонбар мешаванд

Кормандони милитсия ду нафар – як сокини шаҳри Хоруғ ва як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба гумони қаллобӣ боздошт кардаанд.

Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини маҳаллӣ даромада, бо баҳонаи мусоидат намудан дар гирифтани қитъаи замини шахсӣ аз ӯ 100 ҳазор сомониро гирифта, фирор кардааст.

Нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар мавриди дигар марди 46-солаи сокини шаҳри Хоруғ ба бовари як сокини маҳаллӣ даромада, ба ӯ ваъдаи фурӯши қитъаи замини шахсии худро дода, аз ҷабрдида 192 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ӯ ваъда додааст, ки қитъаи заминро расман ба номи ҷабрдида мегузаронад, аммо маблағи гирифтаашро барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф кардааст.

Нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Skip to toolbar