fbpx

Ягона писари Озарахшу Фарзона дар дарёи Сир ғарқ шуда, ба ҳалокат расид

Ӯ ҳамагӣ 21 сол дошт.


0
Озарахш ва Фарзона шоирони халқии Тоҷикистон

Писари ягонаи шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона, Ҳумоюн Каримзодаи 21-сола дар дарёи Сири  шаҳри Хуҷанд  ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса  рӯзи 13 апрели рух додааст. 

Бегоҳии он рӯз ҷасади Ҳумоюнро аз об берун баровардаанд. Дар ин бора наздикону пайвандони шоирон хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки Ҳумоюн Каримзода донишҷӯи шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.

Ӯ фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи ин ҷуфти маъруф, дар донишгоҳ таҳсил мекард ва гоҳо овозхонӣ ҳам мекард. Чанд  сабти ҳунарнамоии ӯ бо падараш Озарахш ва амакбачааш Фараҳманд Каримов, ки низ аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, дар Интернет нашр шудааст.

Озарахш (Толиб Каримов) сармуҳаррири Нашрияи “Паёми Суғд”, шоир ва таронасарои маъруф буда, дар маҳфилҳо  овозхонӣ ҳам мекунад. Ҳамсари ӯ Фарзона (Иноят Хоҷаева)-ро, ки дар кишвар устоди шеъри муосир ном мебаранд, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагон ба номи Турсунзода (1995), ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) буда, ҳарду бо унвони баланди Шоирони халқии Тоҷикистон мушарраф шудаанд.

Хабари марги Ҳумоюн шаби гузашта соати 22:30 дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва то ин дам садҳо нафар ба оилаи шоирони халқи изҳори тасаллият навишта, баъзе аз шоирон сӯгномаҳо нашр кардаанд.

Аз ҷумла, Иттифиқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ба ду шоири халқии Тоҷикистон тасаллият гуфтааст.

Ҷанозаи Ҳумоюн  Каримзода имрӯз соати 10:00 дар кучаи Саид Носирови маҳаллаи Пахтакор, ҳавлии шоирони халқӣ Фарзона  ва Озарахш баргузор шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
11
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
5
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend