Гумонбари асосӣ дар рабудан ва куштори Шуҳрат Исматуллоев дастгир шуд

Дилшоди “красавчик” боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст

Дилшод Саидмуродов, гумонбар дар одамрабоӣ ва куштори Шӯҳрат Исматуллоевро боздошт ва ба Душанбе овардаанд.

Тавре маълум шуд, ӯ охири ҳафтаи гузашта истирдод шудааст.

Дилшод Саидмуродов яке аз гумонбарони аслӣ дар рабудан ва қатли муовини аввали раиси Ориёнбонк Шӯҳрат Исматуллоев аст.

Дарҳол пас аз содир кардани ин ҷиноят ӯ ба қаламрави Русия фирор кардааст.

Гурӯҳи ҷинотӣ рӯзи 23 июн Шӯҳрат Исматуллоевро рабуда, бо зӯр ба мошини тамғаи “Хундай Соната” савор карда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар ноҳияи Варзоб бурданд.

Исматуллоев дар яке аз хонаҳои деҳа то соати 3-и 24-уми июн бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар воситаҳо мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар натиҷа кушта шудааст.

Барои пинҳон доштани осори ҷиноят одамрабоён дар километри 130-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев ва мошинро ба дарёи Зарафшон партофтанд.

Skip to toolbar