fbpx

Дилшинос, муаллим, блогер. Аввалин блоги тоҷикӣ дар соҳаи тиббро  кӣ фаъол кард?

"Кӯшиш дорам, аудитория   моро на фақат ҳамчун блоги иттилоотӣ, балки ҳамчун блоге, ки амалан кӯмак мекунад, шиносанд".


2
2 points
Алишер Раҳимов блоги “Омӯзиши тибб” – ро бо забони тоҷикӣ дар шабакаи иҷтимоии Instagram фаъол кардааст.
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Алишер Раҳимов  аввалин духтури ҷавони тоҷик аст, ки блоги “Омӯзиши тибб” – ро бо забони тоҷикӣ   дар шабакаи иҷтимоии  Instagram  фаъол кардааст.

Дилшиноси ҷавон дар ду маркази клиникавии шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури дилшинос кор мекунад. Ҳамзамон,  барои ба даст овардани даромади иловагӣ дар  маркази омӯзишии Progress.tj  ба довталабоне, ки соҳаи тиббро интихоб карданиянд, аз фаннҳои химия ва биология дарс медиҳад.

Муаллифи Your.tj бо Алишер Раҳимов  кор дар соҳаи бемориҳои дил, пеш бурдани кори блог, ки ба соҳаи тибб оид аст  ва таҷрибаи омӯзгорӣ ҳамсуҳбат шуд.

Алишер ба довталабон аз фаннҳои тиббӣ дарс медиҳад
Ҳангоми дарс ба довталабон

Ғояи таъсиси блоги “Омӯзиши тибб” дар  Instagram 

Алишер Раҳимови 29 – сола зодаи шаҳри Душанбе буда, мактаби 1- и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Вақте ӯ дар синфи поёнӣ мехонад,  орзуи футболист шудан дошт. Аммо замоне, ки худро то қадре шинохт,  завқи  духтур шудан пайдо кард.  Чун дар оилае, ки аксар духтуранд,  ба камол расид.  Вай дар роҳи тибб бобои модариашро, ки то ҳол ба табобати мардум машғул аст, намунаи ибрат медонад.

Ӯ иловатан ба довталабон дарс доданашро шарҳ дода, гуфт, ки:

“Шуғли асосии ман духтурӣ аст. Аммо фикр мекунам, ки агар ба довталабон низ аз муқаддимаи касбам дарс диҳам, кори дуруст мекунам. Ду касбро омехта кардам. Баъди табобат дар марказҳои тиббӣ ва дарс додан ба довталабон  вақти холии зиёд дорам. Хостам,ки онро самарнонк гузаронам. Барои ҳамин дар Instagram  бо номи “Омӯзиши тибб”  блог таъсис додам”,- гуфт ӯ.

Алишер тариқи он  оид ба бемориҳо маълумот медиҳад. Дар фурсати андак шумораи аудиторияаш афзоиш ёфт. Аксари онҳо бо муаммое, ки  ба саломатияшон бастагӣ дорад,  бисёр муроҷиат мекунанд. Табиб ба аудитория машварати тиббии ройгон медиҳад.

Мувофиқи талаботи онҳо наворҳо тайёр мекунад. Сабаби муваффақияташ дар шабакаи иҷтимоӣ дар он аст, ки мавзӯю мундариҷаи он ба ҳарду касби қаҳрамони мо – духтурӣ ва муаллимӣ  наздик аст.

Алишер тариқи Instagram ба бемориҳо маълумот медиҳад.
Алишер дар Instagram Ба саволҳои гуногуни корбарон оид ба бемориҳо ҷавоб медиҳад.

Баъд аз курсии донишҷӯӣ

Алишер Раҳимов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Вай пас аз хатм ба хориҷа нарафт. Талош кард, ки аз рӯи ихтисоси интихобкардааш кор кунад, то нону ном ёбад. Дар Маркази тиббии шаҳрии № 1 ба номи Карим Ахмедов (маъмул ба 1 – ум Советский)  давоми 2 сол ҳамчун духтури дилшинос таҷриба омӯхт.

“Соҳаи бемориҳои дил хеле муҳим аст. Дар ин самт ташхису табобати дурусти духтур аҳамияти калон дорад, агар вай дар роҳи табобат муваффақ шавад,  умри бемор дарозтар мешавад. Бароям  баъд аз кусрии донишҷӯӣ  дар Маркази тиббии шаҳрии №  1 ба номи Карим Ахмедов ҳамчун духтури дилшинос кор кардан осон набуд.

Зеро кор ҳамеша  масъулияти вазнин дорад. Дар бораи беморон фикр мекардам. Онҳо  занг зада саволҳо медоданд, такроран меомаданд, табобат бо ҳар роҳу усул сурат мегирфт”, – ба ёд меорад духтури ҷавон.

Алишер беморони дилро шифо мебахшад.

Ҳолатҳои аҷиб дар соҳаи дилшиносӣ

Боре Алишер – дилшиноси ҷавон дар беморхона бемореро қабул мекунад. Баъди аз назар гузарондани варақаи сабти барқии дил (ЭКГ) – и бемор  ба ваҳм  меафтад. Чунин ҳолатро бори нахуст мебинад.

“Дар беморхона як зани калонсолро қабул кардем. Зан шикоят дошт, ки дар кори дилаш дигаргуние сар задааст. Ӯро ба сабти барқии дил (ЭКГ) равон кардем. Вақте  натиҷаи онро дидам, хеле тарсидам. Фикр кардам, ки худи ҳозир дили бемор аз таппидан мемонад. Чун дар сабти барқии дил хатҳои боло–поён намуддор буд. Яъне дар қоғаз  лаҳзаи пеш аз кор мондани дил  тасвир шудааст”, – нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Духтури ҷавон дар аввал каме лол мемонад. Вале ҳолати бемор на он қадар бад буд. Қаҳрамони мо худро ба даст гирифта, боз сабти барқии дилро дида, бо ҳуҷҷатҳои таърихи беморӣ шинос мешавад. Маълум мешавад, ки  бемор чанд сол пеш ҷарроҳӣ шуда, дар дилаш асбоби махсуси “кардиостимулятор” – ро  гузоштаанд.

“Маълум шуд, ки  “батерия” – и он аз кор мондааст. Аз ҳамин сабаб дар кори дил нуқсон пайдо шудааст. Худи бемор низ дар аввал аз дастгоҳе, ки дар дилаш гузоштаанд, чизе нагуфта буд. Вақте ин дастгоҳ аз кор мемонад, дар сабти барқӣ ҳолати аз таппиш мондани дил инъикос мешавад.

Дар Тоҷикистон бемороне, ки чунин дастгоҳро дар дилашон насб кардаанд, каманд. Ман барин духтури камтаҷриба  чунин ҳолати беморро дида,  даступо хӯрда будам. Баъдан омӯхта шудам, то аз  аксари беморон пурсам, ки чӣ гуна таърих доранд”,- нақл мекунад Алишер Раҳимов.

Ҳангоми дар ба довталабон

Ҳадафи асосии блоги “Омӯзиши тибб”

Имрӯз одамон  вобаста ба саломатӣ  муаммоҳои хеле зиёд доранд. Аз ҷумла,  дарди сару пой, резиши мӯй, пайдо шудани нуқсҳои гуногун дар пӯст ҳолатҳое мебошад, ки  аксари одамон сабаб ва пайомади онро намедонанд.

Алишер Раҳимов бар ин назар аст, ки агар аксарият аз  чунин бемориҳо  маълумот дошта бошад, хуб аст. Сарфи назар аз он ки, духтур нестанд. Дар ин сурат сатҳи  пешгирии ҳолатҳои ба саломатӣ зараровар  боло меравад.

Масалан, аксарият аз чӣ сар шудани дарди меъдаро бифаҳманд, ҳаракат мекунанд, ки ба он гирифтор нашаванд.  Ҳадаф аз  таҳияи наворҳое, ки дар блог нашр мешавад, барои огоҳии қишрҳои гуногуни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

“Асосан, баъди кор соатҳои  19 – 20 бо сабт кардани наворҳо машғул мешавам. Ман дар соҳаи блогинг тамоман таҷриба надоштам. Корро бо худомӯзӣ сар кардам.  Барои наворе, ки  1 дақиқа вақт лозим аст, муддати 1- 2 соат  машғули сабт мешудам. Баъзан овоз  нуқс дошт, ё тасвир нодуруст меомад. Ҳамин тариқ, аз хатоҳоям омӯхтам.  Бояд гуфт, ки  блоги “Омӯзиши тибб” бо забони тоҷикӣ аввалин аст”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Алишер Раҳимов дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба гуфтаи Алишер аксар маврид мавзӯъҳои аз саволҳои аудитория пайдо мешавад. Борҳо шудааст, ки дар бораи резиши мӯй, камбудиҳои пӯст, бемориҳои мардона, гурдаҳо ва ғайра  савол медиҳанд. Табиби ҷавон аз донишҳои дар донишгоҳ  гирифтааш ва бо такя  ба адабиёти илмӣ ба саволҳо ҷавоб медиҳад.

“Лекин аксар вақт барои посух  додан ба саволҳо аз  тарҷибаҳо ё аз машварат  истифода мебарам. Албатта, ҷавоби ман хулосаи ниҳоӣ ва нишондоди охирон барои табобат нест. Ман  дар бораи беморӣ ва ташхисҳо маълумоти умумиро бо забони сода мефаҳмонам ва агар ба бемор табобат дар назди мутхассис лозим бошад,  чӣ кор карданашро тавсия медиҳам”,- мефаҳмонад блогери ҷавон.

Алишер Раҳимов ба ин андеша аст, ки мардум ба машварати тиббии бепул ниёз доранд. Аксарият аз ҷиҳати саломатӣ камбудӣ доранд,  аммо аз  набудани пул ба духтур муроҷиат намекунанд. Аз эҳтимол дур нест, ки бештари муаммои онҳо   бо дорую дармони арзон  ҳал шавад. Аз ин рӯ, машварати тиббии ройгон қадами аввалест, ки  барои  ба табобати дуруст ҷалб шудан  то андозае мусоидат мекунад.

“Мехоҳам, ки блогро ба сатҳи нав барорам. Бо дигар клиникаҳо ҳамкорӣ кунам. То аудитория духтурони худро тез ёфта тавонанд.  Боз  ҳаракат мекунам,  бемороне, ки тавассути машварати тиббби ройгон назди табибон мераванд,  бо тахфиф табобат гиранд.  Яъне, кӯшиш дорам, аудитория   моро на фақат ҳамчун блоги иттилоотӣ, балки ҳамчун блоге, ки амалан кӯмак мекунад, шиносанд”, – мегӯяд Алишер Раҳимов.

Файзуллохон ОБИДОВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
16
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
12
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
4
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend