Сарфи назар аз он ки дар Русия рӯз ба рӯз талабот нисбат ба муҳоҷирон сахттар мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамоно ба ин кишвар барои дарёфти кор ва музди меҳнат мераванд.
Аз охири соли гузашта, дар назди бинои намояндагии Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷирати “Сахарово” дар Душанбе (кӯчаи Айнӣ 129) ҳар рӯз шумораи зиёди мардону занон ҷамъ меоянд. Онҳо ба ин ҷо меоянд, то имтиҳони забони русӣ супоранд ва соҳиби сертификат шаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар Русия патенти меҳнатӣ гиранд.
Намояндагии “Сахарово” дар Душанбе ҳанӯз охири соли 2022 ифтитоҳ шудааст. Вазифаи асосии он – кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар пайдо кардани ҷойи кор дар шаҳри Москва ва атрофи он мебошад.
Аз моҳи декабри соли 2024 ин намояндагӣ ҳаққи гирифтани имтиҳонҳоро аз муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия мераванд, низ ба даст овард.
Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар ин марказ аз фанҳои забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия имтиҳон супоранд. Барои гирифтани патент гузаштан аз сатҳи аввал кифоя аст. Барои гирифтани иҷозатнома истиқомати муваққатӣ (РВП) сатҳи дуюм ва барои ҳуҷҷати иҷозаи ҷойи зист (ВНЖ) – сатҳи сеюм зарур аст.

“Ҳамаи 120 саволро азхуд кардам”
“Имтиҳон он қадар душвор нест. Онҷо 20 савол ҳаст ва ман ба ҳамаи онҳо дуруст ҷавоб додам”,- гуфт Шодмони 33-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ки барои гирифтани сертификати худ мунтазир буд.
Ӯ қаблан чунин имтиҳонро дар Русия супорида, патент гирифта ва се сол кор кардааст. Ҳоло барои нав кардани сертификати худ дубора имтиҳон месупорад.
“Саволҳо дар он ҷо чунинанд – Иттиҳоди Шӯравӣ кай таъсис ёфтааст? Ленин кай таваллуд шудааст? Дар мағозаи саноатӣ чӣ харидан мумкин аст?”,- мегӯяд Шодмон.
Ҳангоми интизории навбати худ муҳоҷирон бо ҳам суҳбат мекарданд, таҷриба иваз менамуданд, маслиҳат медоданд ва ба якдигар дар омодагӣ ба имтиҳон ёрӣ мерасониданд.

Шодмон гуфт, ки барои омодагӣ ба имтиҳон аз сомонаи test.migrantvrn.ru истифода кардааст. Дар он ҷо шаш варианти тест мавҷуд аст, ки ҳар кадом 20 савол дорад. Баъди ҷавоб додан, натиҷа нишон медиҳад, ки кадом саволҳоро дуруст ё нодуруст посух додаӣ.
Ӯ ин сомонаро ба дигар иштирокчиёни имтиҳон тавсия дода, мефаҳмонд, ки чӣ гуна тестро гузаронанд ва чӣ гуна саволҳоро азёд кунанд.
“Бо ёрии келинамон, ки омӯзгор аст, кор кардам. Мо ҳама саволҳоро дар дафтар навиштем ва ҳамаи 120 саволро бо ҷавобҳои дуруст азёд кардам”,- мегӯяд Шодмон.
Барои гирифтани сертификат кофист, ки аз 20 савол ба 13-тоаш дуруст ҷавоб диҳӣ.
Навбатро як ҳафта интизор шудан лозим меояд
Барои иштирок дар имтиҳон, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аввал пардохти маблағро ба андозаи 410 сомонӣ анҷом диҳанд. Дар Русия чунин имтиҳон барои сатҳи 1 (ки барои гирифтани патент зарур аст) 3800 рубл арзиш дорад.
Расман, пардохтро метавон дар ҳама филиали бонки Dushanbe City анҷом дод, аммо ба гуфтаи худи муҳоҷирон, дар амал квитансияро танҳо дар дафтари марказии бонк дар кӯчаи Пулодӣ 41 гирифтан мумкин аст.
Бо гирифтани квитансия, муҳоҷир бояд дар Маркази муҳоҷират сабт шуда, навбати худро интизор шавад.
Масалан, Шодмон рӯзи 2-юми апрел сабт шуд, вале навбати ӯ танҳо рӯзи 8-уми апрел фаро расид. Муҳоҷири дигар бо номи Абубакр мегӯяд, ки як ҳафта навбат интизор шуд. Ӯ аз шаҳри Кӯлоб омада, дар хонаи хешовандон дар Душанбе мондааст.
Ҷолиб он аст, ки занонро бе навбат қабул мекунанд – онҳо метавонанд фавран баъди овардани квитансия имтиҳон супоранд.

Супоридани имтиҳон дар Душанбе беҳтар аст
Ҳар рӯз дар ин марказ тақрибан 300 нафар имтиҳон месупоранд.
“Ман ният дорам дар шаҳри Екатеринбург ба кор дароям. Албатта, метавонистам дар Русия имтиҳон супорам, вале дар ин ҷо осудатар аст. Дар Русия навбат зиёд аст, инчунин тарс ҳам бештар аст”, – мегӯяд Абубакр.
Ба гуфтаи ӯ, агар дар Русия аз имтиҳон бори аввал нагузарӣ, барои навбатии он бояд вақти зиёдеро интизор шавӣ. Ғайр аз ин, бояд барои иҷораи хона пул супорӣ, барои хӯрок пул сарф кунӣ, дар ҳоле ки ҳанӯз иҷозати кор надорӣ. Дар Душанбе бошад, метавон дар хонаи хешовандон то ҳар вақте, ки лозим аст, бимонӣ.
Мавзунаи 30-сола аз имтиҳон дар маротибаи аввал нагузашт. Ӯ ният дорад дар фурсати наздик тамоми ҷавобҳоро ба тестҳои мавҷуда азёд карда, дубора имтиҳон супорад.
Ба гуфтаи ин зан, ки озодона бо забони русӣ ҳарф мезанад, аз имтиҳон афтодан барояш ғайричашмдошт буд. Ӯ омодагӣ надид ва фикр намекард, ки мушкиле ба миён меояд.
“Ман дар шаҳри Тула дар ширкати клинингӣ кор мекунам. Дар он ҷо хӯроки севақта, омода кардани ҳуҷҷатҳо – ҳама ба зиммаи ширкат аст. Он ҷо хеле ором аст. Маошам 50 ҳазор рубл. Ман барои харидаи хона пасандоз мекунам”,– мегӯяд Мавзуна.
“Дар Русия қувваи корӣ намерасад, аз ҳамин сабаб маошҳо баландтар шудаанд”
Солҳои охир қонунгузории Русия нисбати муҳоҷирон сол ба сол сахттар мешавад. Талабот ҳам дар сатҳи федералӣ ва ҳам дар сатҳи минтақаҳо қариб ҳар моҳ сахттар мегардад, кор кардани муҳоҷиронро дар ин ё он соҳа манъ мекунанд.
Ба ин мушкилот ҳамзамон рейдҳо, санҷишҳои пайдарпай, депортатсияҳои оммавӣ ва муносибати зиддимуҳоҷирии бархе аз шаҳрвандони Русия, ки аз ҷониби расонаҳо ташвиқ карда мешавад, зам мегардад.
Ғайр аз ин, се соли охир муҳоҷирон хавфи фиристода шудан ба ҷангро низ доранд – ҷанге, ки Русия аз моҳи феврали соли 2022 алайҳи Украина оғоз кардааст. Дар ин замина таҳдидҳо, суханҳои гӯё тарғибкунанда ва ваъдаи гирифтани шаҳрвандии Русия истифода мешаванд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҷараёни муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия тақрибан қатъ нашудааст. Ба саволи “Оё шумо аз рейдҳо дар Русия намеҳаросед?” муҳоҷирон посух медиҳанд, ки “дигар интихоб надорем”. Дар Тоҷикистон кори доимие нест, ки ба шахс имкон диҳад, то сатҳи арзандаи зиндагиро барои оилааш таъмин намояд.
Сабаби дигари муҳоҷират, ба гуфтаи худи муҳоҷирон, норасоии қувваи корӣ дар Русия аст, ки ба боло рафтани маош оварда расонд.
“Аз соли 2019 дигар ба Русия нарафта будам, вале ҳоло шиносҳоям маро даъват мекунанд, пешниҳод мекунанд, ки рӯзе 5000 рубл медиҳанд. Кор дар сохтмон, маоши ҳаррӯза акнун аз 5000 рубл сар мешавад. Қаблан 2000-2500 рубл медоданд. Барои ҳамин фикр мекунам, ки ҳозир рафтан меарзад. Дар муқоиса бо солҳои гузашта, ҳоло корфармоён омодаанд худ ҳуҷҷатҳоро тайёр кунанд, бо ғизо ва манзил таъмин намоянд”,- мегӯяд Раҳмон, ки низ барои супоридани имтиҳони забони русӣ ба марказ омадааст.
Муҳоҷирони дигар бо ӯ ҳамфикранд ва мегӯянд, ки ҷойи кори онҳо дар Русия аллакай омода аст. Бисёре аз роҳбарони ширкатҳо ҳатто аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки хешовандони худро ҳам биёранд.
“Дар Русия ҳоло буҳрон аст, коргар намерасад. Аз ҳамин сабаб маошҳо боло рафтаанд. Маро ҳамчун усто барои насби дастгоҳҳои ҳавобардор (вентиляция) даъват карданд, ваъда доданд, ки 150 ҳазор рубл дар як моҳ медиҳанд. Маошҳои 50 ҳазор рублӣ дигар нест. Ба чунин маош фақат занон розӣ мешаванд, мардон дигар барои он намехоҳанд кор кунанд”,- афзуд Шодмон.
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо