fbpx

“Дарди мардум дарди ман аст”. Чӣ тавр як зан дар се деҳаи ноҳияи Мастчоҳ духтур шуда кор мекунад

Ӯ нахуст табиби амрози занона буд, аммо пас аз 8 соли таҷрибаи корӣ барои кӯмаки бештар ба мардуми кӯҳистон таҳсили касбиашро такмил дод ва пизишки оилавӣ шуд.


-2
-2 points

Манзура Мирзоҷонова беш 20 сол аст, ки дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳайси  момодоя ва табиби оилавӣ фаъолият мекунад. Ӯ гоҳе пиёда гоҳе савора деҳаҳои Пастиғав, Обурдон ва Виткони ин ноҳияро чарх мезанад ва ба мардум хизмат мерасонад.  

Муаллифи Your.tj ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ бо Манзура Мирзоҷонова перомуни таҳсил, замони таҷрибаомӯзӣ ва заҳмати  пеш бурдани фаъолияти пизишки момодоя дар деҳоти кӯҳистон суҳбат кард.

Дар пайроҳаи орзу

Сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ соли  1956  ба дашти Дилварзин, ки дар он ҷо ноҳияи нав бо номи Мастчоҳ таъсис ёфта буд,   ҳиҷрат мекунанд. Волидони қаҳрамони мо, ки дар деҳаи Пардоғи ноҳияи Мастчоҳи кӯҳан зиндагӣ мекарданд, ба   шаҳраки Бӯстон  кӯч баста меоянд. Манзура Мирзоҷонва дар ҳамин ҷо таваллуд шуда, хатту савод мебарорад.

Вай  дар замони  мактабхонӣ чанд бор ба деҳаи Пардоғ, ки бобову бибияш зиндагӣ мекарданд, меҳмон мешавад. Танҳо  қисмат медонист, ки Манзураи хурдакак баъди ба камолот расидан пизишки момодоя мешавад ва боз ба деҳаи Падроғи  кӯҳистон, ки қадамҷои гузаштагонаш аст, барои кору зиндагӣ меояд.

“Ёд дорам, дар синфи 7 – ум мехондаму ба бемории  кӯррӯда гирифтор шудам. Дар беморхона бистарӣ гардидам.  Ба кори  духтурон шавқманд шуда,  дар дил ният кардам, ки калон шавам мисли онҳо либос мепӯшам ва ба дарди ҳама даво мебахшам.

Аммо дар аввал сарнавишт маро ба дигар тараф равон кард. Соли 1984 пас аз хатми мактаби миёна ботақозои ҳаёт дар собиқ комбинати хизмати маишии ноҳия касби дӯзандагиро аз худ намудам. Дар ин ҷо 3 сол кор кардам. Лекин ҳамоно мехостам, ки духтур шавам.

Соли 1987 имкон фароҳам омад, ки  ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд дохил шавам. Соли 1990 омӯзишгоҳро хатм карда, ҳамшира-момодояи шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ таъин шудам”, – ба ёд меорад, қаҳрамони мо.

Ҷанги шаҳрвандӣ

Манзура Мирзоҷонова чанд вақт ба ҳайси  ҳамшира-момодоя дар шаҳраки Бӯстон кор мекунад. Аммо ҳанӯз орзуи пизишк шудан дар вуҷудаш ҷӯш мезанад. Ниҳоят, соли 1991 ҳуҷҷатҳояшро ба курси тайёрӣ месупорад ва баъди як сол донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ  мешавад.

“Замони донишҷӯии ман ба давраи нобасомони ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Аз соли 1992 лаҳзаҳои ногуворе дар хотирам нақш бастааст. Он вақт ман оиладор будам ва духтарчаам хурдакак буд. Донишҷӯ будаму боз дар беморхонаи кӯдаконаи  шаҳри Душанбе ҳамшираи шафқат будам.

Яке аз рӯзҳо авзои берун хеле нотинҷ шуд. Дар беморхонаи калон ғайри як духтури ҷавон ва ман дигар касе аз  ҳисоби кормандон намонд. Ҳарду дар танҳоӣ ба ҳамаи беморон нигоҳубин  мекардем. Ду шабонарӯз аз беморхона набаромадем, чун садои тиру туфанг ба гӯш мерасид ва ҳаво ҳам хеле ғуборнок буд.

Пас аз ду рӯзи шабро дар беморхона саҳар кардан  шаҳр каме ором шуд. Хостам, ки ба хонаи холаам, ки муваққатан он ҷо зиндагӣ мекарадам,  равам. Аз назди истгоҳи “Танка”, то истгоҳи “Қарияи боло” пиёда рафтам. Хеле тарс доштам, чун дар кӯча одамони силоҳбадаст бисёр буд. Аз тарс сару рӯямро бо рӯймолҳо печонда  гирифтам, то ба доми онҳо наафтам”, – нақл мекунад, пизишки момодоя.

Обрӯ аз оби ҷӯ намеояд

Қаҳрамони мо соли 1999 тариқи роҳхат ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фиристода шуда, корро  ҳамчун табиби амрози занон дар маркази саломатии деҳаи Пастиғав  оғоз кард. Аммо пас аз 8 соли таҷрибаи корӣ фаҳмид, ки дар шароити кӯҳистон  бо як ихтисос кор кардан ғайримумкин аст. Аз ин рӯ,  вай қарор дод, ки таҳсили касбиро такмил диҳад ва пизишки оилавӣ шавад. Ӯ нахустин момдояи касбӣ  дар деҳаи Пастиғав буд ва аз рӯзҳои аввлини корӣ чунин лаҳзаҳоро дар ёд дорад.

“Як  зани ҳомила дар маркази саломатии  Мадрушкат бояд таваллуд мекард. Аммо вай гирифтори дарди сахт мешавад ва дар он ҷо таваллуд карда наметавонад. Чун он ҷо фақат як духутури мард ва ҳамшира кор мекарду халос.

Духтур ва ҳамшира  маҷбур  мешаванд, ки зани ҳомиларо ба маркази саломатии Пастиғав оранд. Дар роҳи ноҳамвор мошин такон хӯрдан мегирад.  Зан дар роҳ таваллуд мекунад. Хунравии зан ҳеҷ ист намекунад. Дар ҳамин ҳолат вайро бардошта, ба бинои марказ медароранд. Хунаврии зан ҳамоно идома дошт.

Ба бахти модару кӯдак он шаб то дер навбатдор будам. Занро ба тезӣ қабул карад,  дар курсии махсус  хобондам. Зани бечора дар ҳолате буд, ки  чизеро ҳис намекард. Чашмонаш кушода буд, аммо чизеро намефаҳмид.

Ман ҳушёриро аз даст надода, аз гардани бачадон то берун чанд кӯк  кардам. Баъд дастпӯшҳоро кашидам, то занро хубтар ҳис кунам.  Хушбахтона, зан каме ба ҳуш  омаду хунравӣ қатъ шуд. Ману ҳамшира ба ҳаяҷон дода шуда, “модарро наҷот дода тавонистем” – гӯён ашки шодӣ рехтем. Беҳуда намегӯянд, ки “обрӯ аз оби ҷӯ намеояд”. Барои ба муҳаббати беморон  лоиқ шудан меҳнати ҳалол бояд кард”,  – нақл мекунад, момодоя.

Азоби роҳ

Манзура Мирзоҷонова дар деҳаи Падроғ зиндагӣ мекунад. Ӯ феълан дар 3 ҷой  фаъолият дорад. Мувофиқи ҷадвали корӣ ҳар рӯз ба марказҳои саломатии деҳаҳои Виткону Пастиғав ва беморхонаи марказии ноҳия меравад. Ба деҳаҳои Виткону Пастиғав, ки нисбатан ба  хонааш наздиктар аст, пиёда  меравад. Аммо ба маркази саломатии деҳаи Обурдон ва беморхонаи марказии ноҳия бе мошин рафта наметавонад.  Чун роҳ хеле дур аст.

“Ҳар ҳафта рӯзи  душанбе дар маркази саломатии деҳаи Обурдон, рӯзҳои сешанбею  чоршанбе дар таваллудхонаи  беморхонаи  марказӣ, рӯзи панҷшанбе дар маркази саломатии  Пастиғав ва  рӯзи ҷумъа  дар хонаи саломатии деҳаи Виткон  кор мекунам.

Ман аз таваллуд кунондан ва табобат кардани хурду калон хаста намешавам, балки азоби роҳ ранҷам медиҳад. Дар солҳои аввали фаъолият қариб ҳамаи ҷамоати Иван –Тоҷикро пиёда мегаштам. Имрӯз бори бемории  фишорбаландӣ ва диабети қанд маро зер  кардаасту қувваи роҳгардиям кам шудааст”, – таассуфомез мегӯяд, пизишк.

Момодоя аз хонааш  то се деҳаи дигар пиёда рафта метавонаду халос. Онҳое, ки мошин доранд, пизишки шиносашонро низ ҳамроҳи худ мебаранд. Рӯзе мешавад, ки  то як–ду соат роҳи  мошинеро интизор мешавад ва ба маркази саломатии Обурдон дер рафта мерасад.

Момодоя барои киро кардани таксӣ на ҳар вақт имкон дорад. Рӯзҳои сешанбею чоршанбе роҳи мошинро зиёд интизор намешавад, чунки якҷоя бо кормандони ҳукумати ноҳия таксӣ киро мекунад ва  то маркази ноҳия меравад.

Замони пандемия

Манзура Мирзоҷонова   дар замони хурӯҷи  пандемия танҳо дар марказҳои саломатӣ кор кард. Он вақт дар таваллудхонаи марказӣ карантин ҷорӣ карда буданд.

“Замоне, ки барои ҳама сангин буд, дар марказҳои саломатии деҳаҳои  Пастиғав, Виткон ва Обурдон кор кардам. Он рӯзҳо муроҷиат  хеле зиёд буд. Нафаре тасб кунад, ба ваҳм меафтод.

Ман ҳамчун пизишки оилавӣ  нафарони тасбдоштаро аз  назар мегузарондам, онҳоро сиротяшиносон ҳам омада медиданд. Хушбахтона, он вақт на ҳама тасбкардаҳо ба короновирус сироят ёфта буданд. Шукрона, ки он рӯзҳо ҳам гузашт”, –  нақл мекунад, Манзура.

Модари танҳо

Манзура худ як зани ранҷдида аст. Замони наврасии 4 фарзанадаш, падари хонавода ба Русия меравад. Падар пас аз чанд вақти муҳоҷирӣ  бе ному нишон гум мешавад. Қаҳрамони мо аз қисмат рӯҳафтода нашуда, 4 фарзандро ба воя мерасонад.

Феълан, онҳо соҳибкасб буда, оиладор шудаанд. Момодоя худро ҳеҷ вақт танҳо ҳис намекунад, чунки  ғайри фарзандони дилбанд боз аз ҳисоби   бачаҳои мардум фарзанду набераҳои бешуморе дорад. Бегумон, қариб ҳамаи ҷавонон ва наврасони ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик ӯро “очаи духтур” ва “бибии духтур” мегӯянд.

“Ман  ҳар рӯз пеш аз кор рафтан дар ҷайбам каме  қанду мавиз мегирам, то ба кӯдаконе,  ки ба утоқи кориам меоянд, диҳам. Ба кӯдаконе, ки либоси сафеди маро дида гиря мекунанд, лутфомез мегӯям: “Ман духтур не,  хола, оча, бибӣ, агар гиря накунӣ қанд медиҳам.

Ҳамин тариқ, ҳар  рӯзи ман бо муоинаи модарону кӯдакон, калонсолон ва таваллудкунандаҳо мегузарад. То вақте бардам ҳастам, кор мекунам”, – меафзояд, Манзура Мирзоҷонова.

Файзуллохон Обидов    


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend