Худкушии ноболиғон дар Суғд дар соли 2022

Дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе ҷасади дар “турник” овезони як марди 39 соларо ёфтанд

Субҳи имрӯз, 11 феврал дар варзишгоҳи “Авиатор”-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як марди 39 сола дар “турник” худро ба дор овехтааст, хабар медиҳад Азия плюс. 

Маркази матбуотии ВКД ва РВКД хабари худкушӣ намудани як нафарро дар варзишгоҳи “Авиатор” тасдиқ намуданд.

Аз ВКД гуфтанд, ки барои мушаххас намудани шахсияти овехташуда, омӯзиши сабабҳои ҳодиса гурӯҳи корӣ равон шудааст ва ҷузъиётро дертар хабар медиҳанд.

Шахсияти нафаре, ки ки худро овехтааст ва сабабҳои он то ба ҳол барои мо маълум нест.

Ин алакай дуюм хабари ба худкушӣ дар як рӯз аст. Шаби 11 феврал Хушқадам Нодиров раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритусро низ овехта пайдо карданд. Сабабу омилҳои ин ҳодисаи рухдода бо раиси ҷамоат айни ҳол маълум нест.

Skip to toolbar