fbpx

Барои “нигоҳ доштан”. Дар Турсунзода низ ба табибону муаллимон замин тӯҳфа мекунанд

Чанде пеш раиси вилояти Суғд ва ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар низ чунин тасмимро гирифта буданд.


0
шаҳри Турсунзода дар Тоҷикистон

Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода гуфтааст, барои дастгирӣ намудани омӯзгорону табибон то ҷашни Наврӯз ба 120 нафар омӯзгор ва 60 нафар табиб қитъаи замини наздиҳавлигӣ туҳфа мекунад. Дар Тоҷикистон мавзӯи муҳоҷирати муаллимону духтурон яке аз мавзӯъҳои доғ аст, ки ҳам ҷомеа ва ҳам мансабдоронро нигарон кардааст. Акнун мансабдорон тасмим гирифтаанд, ки бо ҳар роҳу воситае онҳоро дар кишвар нигоҳ доранд. Сабаби асосии муҳоҷирати духтурону муаллимон ин мушкилоти иҷтимоӣ хусусан надоштани хонаи истиқоматӣ мебошад.

Парвиз Акрамзода гуфтааст, омӯзгорону табибоне, ки барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ пешниҳод гардидаанд, дар ҳақиқат ба он эҳтиёҷ доранд ва қитъаҳои замин ба онҳо дар арафаи ҷашни Наврӯз супорида мешавад.

Муҳоҷирати омӯзгорону табибон ташвившовар аст

Пештар Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба раҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дода буд, то дар 18 шаҳру навоҳии вилоят барои мутахассисони ҷавони соҳаи маорифу тандурустӣ хонаҳои хидматӣ бисозанд. Ин дастури Аҳмадзода дар пасманзари тарки кор кардани духтурону омӯзгорон рӯйи даст гирифта шуд. Ӯ гуфт, ки тарки кор карда ба муҳоҷират рӯ овардани мутахассисон “бисёр ташвишовар” аст.

Тавре Раҷҷабой Аҳмадзода мегӯяд,  сохтмони хонаҳо барои табибону муаллимон алакай дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуда, дар сурати бунёд шудан ҳудуди 300 мутахассис бо манзил таъмин мешаванд. Хонаҳои хидматӣ барои мутахассисон аз буҷаи ҳукуматҳои маҳаллӣ сохта шуда, барои соҳибонаш ройгон дода мешавад.

“Муаллимонро бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем”

Чанд рӯз пеш ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар низ аз тасмими сохтани манзили зист  барои 200 нафар омӯзгораш хабар дода буд.

“Яке аз масъалаҳои асосии имрӯза ин дастгирии иҷтимоии омӯзгорону ҳайати професорон аст. Аз ин хотир Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав тасмим гирифтааст барои ҳайати омӯзгорон ду бинои 9 ошёна дар маҷмуъ 200 хонаи истиқомати бисозад. Алакай замин барои сохтмон дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳри Бохтар ҷудо шуд ва корҳои лоиҳакаши оғоз шуданд. Бо анҷом расидани ин сохтмон мо метавонем яке аз мушкилии асосии иҷтимоии омӯзгоронро ҳал кунем”- гуфт Сайфиддин Давлатзода ректори ин донишгоҳ.

Ҳамчунин ӯ мегӯяд, ки омӯзгоронри пуртаҷрибаро бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

“Барои ман аз ДДБ рафтани омӯзгор ин дард аст. Омӯзгоре, ки таҷрибаи зиёд дорад, бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта шавад. Нигоҳ доштани омӯзгори пуртаҷриба ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбари муассисаи таълимиаст”, – илова кард ректор.

Сайфиддин Давлатзода ҳамчунин изҳор дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст ҳаҷми музди меҳнати кормандонро 10% боло барад.

Кадрҳои ҷавон ҷои кадрҳои собиқадорро намегиранд

Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар дода буд, ки танҳо дар соли 2021 аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Восеъ, Қубодиён, Ҷайҳун, Кушониён, Балхӣ ва Хуросон 2 ҳазору 67 омӯзгор тарки кор карда ба муҳоҷират рафтаанд.

Ашуралӣ Олимӣ сардори ин раёсат сабаби муҳоҷирати омӯзгоронро ба мушкилоти иҷтимоӣ рабт дод.

“Беъзеҳо 3 – 4 фарзанд доранд. Онҳо фарзандонашонро бо маоши муаллимӣ таъмин карда наметавонанд, аз ин рӯ маҷбуранд, киба муҳоҷират раванд”,  – мегӯяд, Ашӯралӣ Олимӣ.

Ҳамчунин ӯ қайд карда буд, ки аз соли гузашата аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои олии омӯзгорӣ 1 ҳазору 957 нафар ҷавононро ба кор гирифтаанд, вале ин ба сифати таълим таъсири худро расонидааст “ чун онҳо ҷои муаллимони таҷрибадорро гирифта наметавонад”.

Аммо ба ин ҳама мушкилот нигоҳ накарда вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзода гуфт, ки аз рафтани омӯзгорон фоҷиа насозед чун он падидаи нав нест.  Тибқи маълумоти додаи ӯ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 ҳазору 124 нафар омӯзгор намерасад.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки соли гузашта аз миёни 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бемор шуда ё фавтиданд, 2228 нафар ҷойи зисташонро иваз карданд ва 1031 нафар ба нафақа баромаданд. Аммо ӯ нагуфт, ки шумораи умумии муаллимони аз кор рафта дар соли 2021 чӣ қадар аст.

Муҳоҷирати табибон

Муҳоҷирати табибон, ки низ яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст, ҷомеаро нигарон намудааст. Рӯзи гузашта вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки муҳоҷират ва норасоии табибон на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад.

Ба гуфти Абдуллозода табибон на аз сабаби мушкилоти иҷтимоӣ балки бо барномаҳои махсусе, ки кишварҳои пешрафта барои табибон пешниҳод мекунанд ва маоши хуб пешниҳод менамоянд, мераванд.

Аммо худи духтурон далели асосии муҳоҷираташонро ба маоши паст рабт медиҳанд. Вазир гуфтани аз омори дақиқи табибони ба муҳоҷират рафта худорӣ кард. Чанд маротиба аз саволҳои рӯзноманигорон вобаста ба ин омор гурехта, суханро ба дигар ҷо бурд.

Вале охирҳои соли гузашта расонаҳо аз муҳоҷирати гурӯҳии табибон хабар доданд. Тавре сартабиби беморхонаи марказии Шаҳринав гуфта буд, дар ду сол13 табиби шифохона барои кор ба Русия сафар карданд. Ба қавли сартабиб, дар баробари онҳо, 32 парастор низ тарки пеша карда, 10 нафарашон бо аҳли хонавода ба Русия кӯч бастанд.

Толиб Аҳмадов, мудири Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Шаҳринав гуфтааст, дар 9 моҳи имсол 7 табиби болаёқати муассиса, аз ҷумла ҷарроҳон, урологҳо, табибони оилавӣ ва дандонпизишк барои кор ба Русия рафтаанд.

Онҳо сабаби тарки кор ва муҳоҷирати табибон музди кам, эҳтиёҷ ба хонаи хусусӣ ва санҷиши зиёду беасоси сохторҳои давлатӣ гуфтанд.

Ба сабаби муҳоҷират ба Русия, ҳоло ноҳияи Шаҳринав ба табибони оилавӣ, дандонпизишк, ҷарроҳ, осебшинос, табиби кӯдакон ва момодояву дигар мутахассисони тиб муҳтоҷ шудааст.

Дар Қубодиён бошад 51 нафар корманди Маркази кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тарки кор намуданд. Кормандони тиб ба далели мушкили иқтисодӣ ва надоштани манзили зист, корашонро партофта, ба муҳоҷират рӯ оварданд

Аз 51 нафар, ки тарки кор намудаанд, 23 нафари онҳо ба муҳоҷират рафтаанд. Аз 23 нафари ба муҳоҷират рафта, 17 нафарашон ҳамшираи шафқат ва 5 тани дигар духтур мебошанд.

Зикр гардид, ки пас аз тарки кор кардани ин теъдод кормандони тиб, ноҳияи Қубодиён ба 8 пизишк ниёз дорад.

Тибқи маълумоти вазири тандурустӣ айни ҳол дар ҷумҳурӣ 674 табиб намерасад.  Вале моҳи августи соли 2020 президенти кишвар дар вохӯрӣаш бо табибон гуфта буд, ки дар Тоҷикистон 4 ҳазору264 табиб ва 2 ҳазору 358 корманди миёнаи тиб намерасад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend