Ҷинояти одамрабоӣ дар Тоҷикистон

Дар Туркия боз як гумонбари рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев боздошт шуд

Боз як гумонбар дар ҷинояти рабудан ва куштани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев дастгир шуд. Бахтовар Сафарови 28-сола дар  ҳудуди Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд, иттилоъ дод Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, номбурда як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят – рӯзи 24-уми июн тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор намуда буд.

Ба иттилои мақомот, ӯ қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст.

Ҳамчунин, қайд мегардад, ки то кунун дар натиҷаи тафтишоти мақомот роҳбар ва 15 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муайян ва 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.

Барои дарёфт ва ба ҷавобгарӣ кашидани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ амалиёт идома дорад, афзуд манбаъ.

Қаблан Прокуратура аз боздошти 5 аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ хабар дода буд. Гуфта мешуд, роҳбарии онро, Дилшод Саидмуродов ба уҳда дорад.

Ба иттилои ин ниҳод, нақшаи ҷинояти мазкурро ӯ моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев муовини раиси “Ориёнбонк” рӯзи 23-юми июн рабуда ва бо шиканҷа кушта шудааст. Мақомот то ҳол ҷасади ӯро дар дарёҳои Варзобу Зарафшон ҷустуҷӯ доранд.

Skip to toolbar