Ду заминҷунбӣ Тоҷикистонро такон дод

Дар Тоҷикистон ду заминларза ба қайд гирифта шуд

Субҳи 11 – уми апрел дар Тоҷикистон ду заминларза ба амал омад. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ иттилоъ дода намешавад.

Дар ин бора аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои ҶТ ба Your.tj хабар доданд.

Заминларзаи аввал соати 8:37 ба вақти Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Қувваи заминларза дар маркази он, ки дар қаламрави Бадахшони Афғонистон, дар 297 километрии пойтахти Тоҷикистон воқеъ буд, магнитудаи 4,6 дараҷаро ташкил дод.

Дар Душанбе қувваи заминларза 2 балл буд.

Заминҷунбии дуюм пас аз 40 дақиқа, соати 9:25 ба вуқӯъ пайваст. Қувваи он аз рӯйи магнитудаи 4,6 дараҷа буд. Заминларза дар умқи 47 километр рух додааст.

Аз аввали сол то имрӯз дар Тоҷикистон чанд заминларзаи шадид ба қайд гирифта шудааст. Охирин заминларзаи воҳиманок дар Тоҷикистон рӯзи 23 – юми март дар вилояти Суғд рух дод. Он боиси тахриби манзилу иншоот шуд. Маркази зилзила 6 – 7 километр дуртар аз деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ воқеъ буд.

Қувваи заминларза дар марказ 5 – 6 балл, дар ноҳияи Рашт 4 – 5 балл, дар Душанбе 3 – 4 баллро ташкил дод. Дар натиҷа, дар Мастчоҳи Кӯҳӣ беш аз 720 хона хароб шуда, ҳудуди 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шуданд.

Дар бораи он ки дар ҳолати заминларза чӣ бояд кард, дар ин ҷо бихонед.

Skip to toolbar