fbpx

Дар Тоҷикистон бақайдгирии ройгони телефонҳо бекор шуд

Мо ба шумо мефаҳмонем, ки барои телефони воридотӣ чӣ қадар пардохт бояд кард, то рамзи IMEI-ро сабти ном карда бе алоқаи мобилӣ намонед.


0
Рамзи IMEI дар Тоҷикистон ҳам аз тарафи фурӯшанда ва ҳам аз тарафи харидор метавонад ворид шавад

Ҳукумати Тоҷикистон тартиби воридоти имтиёзноки телефонҳои мобилӣ ба кишварро бекор кард. Қарор дар ин бора (№ 442) рӯзи 31 июли соли ҷорӣ ба тасвиб расид, хабар дод Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии рӯзи 7 август.

Акнун барои ворид кардани дастгоҳи мобилӣ, ҳатто пештар истифодашуда боҷи гумрукӣ пардохт бояд кард ва танҳо пас аз он IMEI-ро ба қайд гирифтан мумкин аст. Бақайдгирии IMEI ройгон аст. Аммо бидуни пардохти боҷи гумрукӣ бақайдгирии рамзи IMEI ғайриимкон аст ва ин маънои онро дорад, ки пас аз 30 рӯз дастгоҳи мобилӣ ба таври худкор маҳкам мешавад.

Бақайдгирии имтиёзнок қаблан чӣ гуна буд?

То 1 август метавонистед аз кишвари дигар телефон оварда, ҳангоми воридот онро дар гумрук ба таври ройгон расмӣ гардонед ва истифодаашро идома диҳед. Акнун ин қоида дигар амал намекунад.

Хадамоти гумрук бекоркунии бақайдгирии имтиёзнокро чӣ гуна шарҳ дод?

“Ҳолатҳое буданд, ки кормандони Хадамоти гумрук ин имтиёзҳоро ҳамчун воситаи даромад аз барасмиятдарории телефонҳои мобилӣ истифода мебурданд. Нисбати онҳо ҳоло корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда, 31 июл ба қарори ҳукумат (№ 544) аз 2 ноябри соли 2007 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда” тағйирот ворид карда шуд. Акнун ягон роҳи гурез аз он нест ва тамоми дастгоҳҳои мобилӣ тибқи қоидаҳои умумӣ аз назорати гумрук гузаронида мешаванд”,- шарҳ дод Азим Турсунзода.

Ба гуфтаи муовини Хадамоти гумрук, аз оғози бақайдгирии рамзҳои IMEI ба буҷети кишвар беш аз 11 миллион доллари ИМА аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ барои телефонҳои мобилӣ ворид шудааст.

Беш аз 231 ҳазор телефонҳо бо арзиши гумрукии 80 миллион доллари ИМА бо тартиби имтиёзнок, яъне ройгон ба расмият дароварда шудаанд. Зиёда аз 525 ҳазори дигар бо арзиши гумрукии 47,1 миллион доллари ИМА бе имтиёз ба расмият дароварда шудаанд.

Акнун аз рӯи тартиб ва муфассалтар

IMEI рақами силсилавии иборат аз 15 рақам аст, ки дар корти кафолатии дастгоҳ, барчаспи зери акумулятори баъзе дастгоҳҳо, қуттии телефон ё ягон дастгоҳи дигаре, ки SIM-кортро қабул мекунад, ишора шудааст.

Агар дастгоҳ имкони қабули ду SIM-кортро дошта бошад, рамзҳои IMEI ҳам дуто мешавад ва ҳардуро бояд ба қайд гирифт, агар мехоҳед аз ҳарду симкорт истифода баред.

Дастгоҳҳое, ки дар давоми 30 рӯз рамзҳои IMEI-ро дар Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алокаи барқӣ ба қайд гирифта нашудаанд, маҳкам мешаванд.

Пас аз фаъолсозии яке аз SIM-кортҳо дар смартфон ё планшет ба муҳлати 30 рӯз он ба истилоҳ ба “рӯйхати хокистарӣ” ворид карда мешавад, ин маънои онро дорад, ки муштарӣ барои бақайдгирии рамзи IMEI вақт дорад ва алоқа муваққатан барои ӯ дастрас аст.

Агар смартфон ба “рӯйхати сиёҳ” ворид карда шудааст, он гоҳ алоқаи мобилӣ ба истифодабарандаи ин дастгоҳ дастнорас мегардад.

Ба қайд гирифта шудани рамзи IMEI-ро чӣ тавр метавон тафтиш кард?

Пеш аз харидани телефони нав бояд ҳатман онро тафтиш кард, ҳатто пеш аз кушода гирифтани телефон аз дохили қуттиаш. Кифоя аст танҳо рамзи IMEI-ро, ки дар қуттӣ ишора шудааст, ба портали ягонаи  www.imei.tj ворид кунед.

Агар дастгоҳ ба қайд гирифта нашудааст, беҳтар аст аз харидани чунин дастгоҳ худдорӣ кунед.

Аммо агар тасмим гирифтед, ки онро бихаред, ба шумо ҳамчун харидор лозим меояд, ки мустақилона рамзи IMEI-ро аз қайд гузаронед.

Бақайдгирӣ ройгон аст, барои чӣ бояд пардохт кард?

Бақайдгирии рамзҳои IMEI дар ҳақиқат ройгон аст. Мувофиқи қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”, ки тобистони соли 2023 қабул гардид, бақайдгирӣ ройгон боқӣ мемонад.

Аммо пеш аз бақайдгирӣ дастгоҳ бояд ҳангоми воридот ба кишвар аз қайди гумрук гузарад ва инро бояд воридоткунанда кунад. Яъне ҳамон нафаре, ки телефонро барои фурӯш ба Тоҷикистон меорад.

Агар чунин накард ва шумо аз ӯ телефон харидед, ба қайди гумрук даровардан ба зиммаи шумо меафтад.

Ин чӣ қадар арзиш дорад?

Барои барасмиятдарории гумрукии телефону планшетҳо бояд 15% андоз аз арзиши иловашудаи нархи дастгоҳ, 10 доллар боҷи гумрукӣ ва 50 сомонӣ барои пардохтҳои муқарраршударо пардохт кунед.

Арзиши дастгоҳ аз тарафи Хадамоти гумрук муайян карда мешавад.

Тафтиши арзиши дастгоҳ ва миқдори маблағи барои пардохт заруриро дар ин ҷо гузаронидан мумкин аст .

Он ана ин тавр намудор мешавад:

Маблағи ниҳоии барасмиятдарории гумрукӣ пас аз пешниҳоди дархост барои бақайдгирии рамзи IMEI дар сомонаи www.imei.tj дар бахши “Заявка для физических лиц” ба муштарӣ тавассути SMS-паём.

Агар маблағи парохт ба шумо зиёдтар аз арзиши телефон ҳисоб шуда бошад, метавонед бо рақамҳои кӯтоҳи 3366 (соатҳои корӣ: ҳар рӯз аз соати 08:00 то 20:00) ба Маркази тамоси системаи давлатӣ ё Хадамоти гумрук бо рақамҳои: 227-14-98 муроҷиат кунед. Хато ислоҳ ва арзиши барасмиятдарории гумрукӣ аз нав дида мешавад.

Арзиши ҳисобшударо чӣ тавр бояд пардохт кард?

Пас аз гузоштани дархост дар сомонаи www.imei.tj ба шумо SMS-паём бо рақами фармоиш ва рақами дархост меояд. Бо истифода аз рақами фармоиш, шумо метавонед бо ёрии ҳамёни мобилии Душанбе-сити дар бахши пардохти хизматрасониҳо, “Хизматрасониҳои давлатӣ”, “Хадамоти гумрук” ва “Барасмиятдарории гумрукии дастгоҳҳои мобилӣ” пардохт кунед.

Дар сатри “Ҳисоби шахсӣ” бояд рақами фармоишро ворид кунед, ки аз 10 рақам иборат аст ва аз панҷ сифр сар мешавад. Баъд бояд ба тафтиши ҳисобро пахш кунед ва маблағи дар SMS-паём нишондодашуда ба таври худкор дар майдони мувофиқ пайдо мешавад.

2-3 дақиқа пас аз пардохт, шумо метавонед дастгоҳро аз нав ба кор дароред ва он аллакай дар рӯйхати сафед хоҳад буд.

Агар дастгоҳро фавран тафтиш накарда бошам, бояд чӣ кор кунам?

Агар дастгоҳи шумо бе сабти рамзи IMEI бошад ва шумо дар ин бора пас аз харид фаҳмидед, метавонед ин дастгоҳро баргардонед.

Агар фурӯшанда аз баргардонидани пул ва гирифтани дастгоҳ саркашӣ кунад, метавонед дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят кунед.

Телефонро дар бастаи нав харидам, аммо он аллакай маҳкам аст

Алоқа дар дастгоҳ танҳо баъди 30 рӯз пас аз ҳадди аққал як маротиба ворид кардани SIM-корт ба он маҳкам мешавад.

Вале агар алоқа дар дастгоҳи нави шумо дарҳол маҳкам шуд, ин маънои онро дорад, ки қуттии телефон қаблан кушода, телефон тафтиш ва дар он SIM-корт фаъол карда шудааст.

Телефонҳои фурӯшӣ дар Тоҷикистон

Чӣ бояд кард, агар телефони шумо дар рӯйхати сиёҳ бошад?

Агар телефон бо сабаби набудани сабти рамзи IMEI дар системаи давлатӣ маҳкам карда шуда бошад, шумо бояд ба Net Solutions, ки оператори системаи давлатии бақайдгирии рамзҳои IMEI мебошад, муроҷиат кунед ва аз барасмиятдарории гумрукии дар боло тавсифшуда гузаред.

Телефонро то 1 октябр харидаам, оё он ба қайд гирифта шудааст?

Рамзҳои IMEI-и дастгоҳҳое, ки то 30 сентябр фаъол шудаанд, ба таври худкор ба системаи ягона ворид карда шудаанд. Аммо барои боварӣ ҳосил кардан, дар дастгоҳи худ USSD-фармоиши *3366# -ро ворид кунед.

Ё рамзи IMEI-и дастгоҳро дар портали ягонаи www.imei.tj санҷед.

Агар смартфони ман ду ҷой барои SIM-корт дошта бошад, бояд чӣ кор кунам?

Агар смартфони шумо ду ҷой барои SIM-корт дошта бошад, ин ба eSIM низ дахл дорад, пас беҳтар аст, ҳарду рамзи IMEI-ро ба қайд гиред. Дар раванди он дар боло гуфтем.

Агар як рамзи IMEI аллакай ба қайд гирифта шуда бошад, вале дуюмӣ не, ба маркази тамос бо рақами телефони 3366 занг занед (соатҳои корӣ аз соати 8 то 20), ҳарду рамзи IMEI, рақами телефон ва номи пурраи худро пешниҳод кунед. Операторҳо рамзи дуюми IMEI-ро тафтиш ва ба рӯйхати сафед ворид мекунанд.

Инчунин метавонед ба Telegram ё WhatsApp ба рақами +992990003366 муроҷиат кунед. Дар он ҷо скриншоти рамзи IMEI, рақами телефон ва ному насаби худро пешниҳод кунед.

Аз сафар телефони нав овардам, чӣ кор кунам?

Агар аз кишвари дигар телефонро оварда бошед ва ҳатто агар нав вале ният доред дар Тоҷикистон истифода баред, акнун дар ҳама ҳолат бояд онро ба расмият дароред ва боҷи гумрукиро тавре, ки дар боло зикр гардид, пардохт кунед.

Ин ба меҳмонони хориҷӣ ҳам дахл дорад?

Агар шаҳрванди хориҷӣ мехоҳад дар Тоҷикистон роуминг истифода барад, пас ин тартиб ба ӯ умуман дахл надорад. Бақайдгирии рамзи IMEI танҳо ҳангоми истифодаи SIM-кортҳои маҳаллӣ ба муддати зиёда аз 30 рӯз лозим аст.

Агар шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон на бештар аз 30 рӯз бимонад, вале аз симкорти маҳаллӣ истифода кунад, бе сабти рамзи IMEI ҳам мешавад.

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend