Дар Тоҷикистон хунукшавии ҳаво ва боридани борону барф дар назар аст

Дар Тоҷикистон ҳаво хунук шуда, борону барф меборад

Рӯзҳои 6-7 октябр дар Тоҷикистон бориши пуршиддати борон дар водиҳо бо гузаштан ба барф дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр) дар назар аст.

Дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гуфтанд, вазъи обуҳаво якбора тағйир ёфта, ҳарорат рӯзона 8-10 дараҷа поин меравад.

Гуфта мешавад, суръати вазиши шамол то 13-18 м/сония пурзӯр мешавад.

Дар тамоми қаламрави кишвар боришоти пуршиддат, раъду барқ ва жола, инчунин шамоли сахт бо суръати то 15-20 м/сония пешгӯи мешавад.

Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ ҳодисаҳои фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, пешбинӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон боисрор хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт ба мавзеи кӯҳистон, чаронидани чорво, ҷамъоварии занбурӯғу дигар растаниҳои кӯҳӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

“Ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоред. Дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо қарор доштан ва моҳидорӣ тавсия дода намешавад”, – омадааст дар хабари КҲФ.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

Skip to toolbar