fbpx

Дар сари духтар тухм шикастанд. Таҳқиқи навори мактаббачагон

Мухтасари хабарҳои рӯз


0

Боришот то охири ҳафта бошиддат хоҳад монд. Огоҳии КҲФ аз офатҳои табиӣ

КҲФ иттилоъ додааст, ки рӯзҳои 4-5 ноябри соли 2022 дар қаламрави Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон ва ВМКБ боридани боришоти шадид дар шакли борон ва баъзан мубаддалшавӣ ба барф дар назар аст. Гуфта мешавад, ки дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, омадани сел, ярч ва сангрезиҳо аз эҳтимол дур нест.

Тавре сардори маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабаргузории хабар дод, субҳи 4 ноябри соли 2022 дар натиҷаи боришоти шадид дар ҳудуди манотиқи мазкур сел, ярч ва сангрезиҳо ба амал омад.

Дар километрҳои 351 ва 355-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз бориши боронҳои шадид боиси омадани сел гардид. Ҳоло роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.

Дар ҳудуди деҳаи Мирзои ҷамоати деҳоти Оби Гарми шаҳри Роғун резиши ярч ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он ду бинои истиқоматӣ қисман осеб дидааст. Бо максади роҳ надодан ба талафот аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Бар асари боришоти шадид дар километрҳои 83 ва 85-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт резиши санг ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа роҳ муваққатан баста шудааст. Барои рафъи оқибатҳо техникаи муҳандисии хадамоти роҳи шаҳри Роғун сафарбар карда шуда, кор дар ин самт дома дорад.

Дар километри 94-95-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз деҳаи Кӯмаки ҷамоати деҳоти Ҳакими ноҳияи Нуробод мегузарад, сел фаромад. Дар ҳоли ҳозир ин роҳ баста аст ва корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Ҳамчунин, аз километри 2 то 46-уми шоҳроҳи Лабиҷар – маркази маъмурии ноҳияи Сангвор бар асари боришоти пай дар пай резиши сангу лой ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа ин роҳ душворгузар гаштааст.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Сангвор, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб гардида, техникаи махсуси муҳандисӣ сафарбар карда шудааст. Корҳои тозакунӣ дар минтақаҳои зикршуда идома доранд. Хушбахтона, бар асари ин офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар то охири ҳафта дар ҳудуди ҷумҳурӣ боришоти шадид идома хоҳад дошт. Хавфи баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, фаромадани тарма, сангрезӣ, фаромадани сел ва ярч боқӣ мемонад.

КҲФ бо таваҷҷӯҳ ба шароити номусоиди обу ҳаво бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ба наздикии обанборҳо нараванд ва ба шикор набароянд. Ҳамчунин аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳо худдорӣ намоянд.

Дар сари духтар тухм шикастанд. Таҳқиқи навори мактаббачагон

3-юми ноябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он дида мешуд мактаббачагон дар сари духтаре тухм шикастанд. Ин ҳодиса баҳси корбарон ва вокуниши шадиди шаҳрвандонро ба вуҷуд овард. Онҳо аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ шудаанд.

Пас аз як рӯзи нашри навор, милитсияи пойтахт ин наворро таҳқиқ намуда, муайян кардааст, ки ҳодисаи мазкур 28-уми сентябри соли ҷорӣ рух дода, талабагони дар навор инъикосфта, хонандагони синфҳои 8-ум ва 10-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошанд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, зимни пурсиш муайян гардидааст, ки номбурдагон барои гӯё «табрикот» ва «таҷлили зодрӯз» дар сарӯ рӯи соҳибҷашн тухм мешикананд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта, бо гузашти як моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати волидайни 4-нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол гаридааст.

Истеҳсоли беш 16,3 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​дар 9 моҳ

Ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 16 миллиарду 342,2 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 460,6 миллион кВт/соат бештар аст.

Тавре аз бахши энергетикаи кишвар иттилоъ доданд, дар ин давра нерӯгоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ 15 миллиарду 536,7 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​тавлид кардаанд.

Дар истгоҳҳои барқии аловй бештар аз 805,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ дар ин давра 675,8 ҳазор Гкалро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 4,3% зиёд аст.

37,1 млрд сомонӣ – дурнамои даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2023

Барои ин лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 қабул карда шудааст.

Аз маблағи умумии пешбиншуда 4,1 млрд ё 12,3 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад. Қисми хароҷоти он 38,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 4,5 млрд ё 13,03% нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад.

Лоиҳаи барои соли оянда пешниҳодшуда ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend