Дар Душанбе аз куҷо китоби динӣ харидан мумкин

Мағозаҳои фурӯши китобҳои исломӣ дар Душанбе танҳо дар назди Масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва ягона Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст.


Китобҳои исломӣ

Акс аз Радиои Озодӣ

Тибқи иттилои намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди президенти Тоҷикистон 96,8% аҳолии кишварро пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд. Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон бештари аҳли муслимин бо қироати Қуръон ва дигар китобҳои мазҳабӣ машғул мешаванд. Дар зимн, барои омӯзиши усулу аркони дин, муъминон ниёз ба адабиёт ва манбаҳои муътамади динӣ доранд.

Муаллифи Your.tj фурӯшгоҳҳои китобҳои динии шаҳри Душанберо гаштугузор карда, бо намояндагони мақомот ва фурӯшандагону сокинон ҳамсуҳбат шуд.

Ягона нуқтаи фурӯшгоҳҳои адабиёти исломӣ

Дар шаҳри Душанбе мағозаҳои фурӯши адабиёти бадеӣ назаррас аст, вале нуқтаи фурӯши китобҳои исломӣ танҳо дар як суроға мавҷуд аст. Ин ҳамон фурӯшгоҳҳои маъруфи назди Масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва ягона Донишкадаи исломии Тоҷикистон буда, дар кӯчаи Шодмонии пойтахт ҷойгир аст.

Акс аз Радиои Озодӣ

Мавриди қайд аст, ки дӯконҳои мазкур танҳо бо фурӯши адабиёти муътамади улуми Ислом ва пайравони мазҳаби ҳанафии суннӣ машғуланд. Пайравони мазҳаби исмоилияи шаҳри Душанбе, барои мутолиа аз китобхонаи Маркази Исмоилия истифода мебаранд.

Серхаридортарин китобҳо кадомҳоянд?

Айни замон дар ин нуқтаи фурӯш ҳамагӣ 18 адад мағоза бо фурӯши адабиёти динӣ машғул аст.

Ба гуфтаи фурӯшандаҳо, серхаридортарин адабиёт дар ин дӯконҳо Қуръони Карим бо хатти аслӣ аст, ки вобаста ба ҳаҷм ва сифат аз 180 то 600 сомонӣ арзиш дорад. Қуръони электронӣ бошад аз 220 то 300 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Баъд аз он “Мухтасари саҳеҳи Бухорӣ” бо шарҳи Имом Зайнуддин Аҳмад Зубайдӣ аз 250 то 300 сомонӣ, тарҷумаи Қуръон бо забони тоҷикӣ аз 250 то 350 сомонӣ (махсусан нашри соли 2022) ва Таҷвиди Қуръон бо нархи аз 150 то 180 сомонӣ ба зумраи адабиёти динии серхаридор ворид ҳастанд.

Дар зимн китоби “Таърихи Муҳаммадӣ”-и Алихонтӯра Соғунӣ, ки аз рӯзгори Паёмбари Ислом Муҳаммад (с.) қисса мекунад, ҳамагӣ 230-250 сомонӣ арзиш дорад.

Инчунин, китоби маъруфи “Саҳеҳи Бухорӣ” дар мағозаҳо аз 580 то 800 сомонӣ арзиш дорад. Нашри ин китобро бо ҳуруфи форсӣ, танҳо дар як дӯкон бо нархи 400 сомонӣ пайдо намудем. Ҷолиб аст, ки нархгузории “Саҳеҳи Бухорӣ” дар фурӯшгоҳҳо аз ҳамдигар фарқи зиёд доранд, гарчанде истеҳсоли як нашриёт ва дар сифат яксонанд.

Мутаассифона, дар ҳеҷ яке аз ин нуқтаҳои фурӯш, маҷмӯаи “Саҳеҳи Муслим”-ро дарёфт карда натавонистем.

Дар растаи китоб либос мефурӯшанд

Ба гуфтаи яке аз сокинони пойтахт Мавҷуда Муҳаммедова, пештар дар “Олами китоб”-и назди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва назди роҳи зеризаминии Бозори “Саховат” китобҳои марбут ба фиқҳро харид кардан мумкин буд, аммо ҳоло имконнопазир аст.

“Ҳоло дар нуқтаи маъруф ба “Панҷшер”-и ин бозор, фақат доруҳои шифобахшу атриёт ва либосҳои зоирони Ҳаҷу Умра дар фурӯш асту халос. Шояд аз рӯи камтар дастрас будани адабиёт ё надоштани таваҷҷуҳ ба манбаи муътамад бошад, ки имрӯз бештари ҷавонон аз таълимоти динӣ бебаҳраанд. Ва ин омили гаравидани онҳо ба гуруҳҳои террористӣ мешавад”,- ибрози андеша кард ӯ.

Бояд қайд намуд, ки то як соли қабл дар растаҳои бозори “Корвон” низ адабиёти исломӣ фурӯхта мешуд. Айни замон тоҷирон танҳо бо фурӯши ҷойнамозу тасбеҳ, либосвории зоирон ва атриёти арабӣ машғуланд.

Дар байни даҳҳо аз чунин растаҳои фурӯш, ҳатто як адад китоби муқаддаси Қуръонро барои харид пайдо карда натавонистем. Тиҷораткорон гуфтанд, ки дар бозор фурӯши адабиёт манъ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Радиои Озодӣ, моҳи сентябри соли 2022 чанд муддат дари нуқтаҳои фурӯши адабиёти назди Масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб танба зада шуда, китобҳо аз тарафи масъулини Кумитаи дин таҳти ташхис қарор дошт.

Худи ҳамон сол, соҳибкоре мехост аз Афғонистон 13 тонна китоби муқаддаси Қуръон ворид намояд, вале барои надоштани иҷозатнома натавонист мақсадашро амалӣ созад.

Намояндагони вазорату кумита чӣ мегӯянд?

Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ дар суҳбат ба мо гуфт, дар 3 соли охир 22 нуқтаи фурӯши китоб дар шаҳри Душанбе, аз ин 1 давлатӣ, 21 мустақил, дар вазорат ба қайд гирифта шудааст.

Муовини вазир ба Кумитаи дин ишора карда гуфт, “ҳамаи нуқтаҳои фурӯши китоб ҳуқуқ доранд, адабиёти диниеро, ки аз ташхиси динӣ гузаштаанд, барои фурӯш бароранд”.

Фарухулло Олимзода. Акс: “Азия-Плюс”

Фарухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон дар робита ба воридот ва нашри адабиётҳои динӣ ба ҷумҳурӣ дар ҷавоб ба мактуби мо навиштааст, ки:

“Дар соли 2023 ягон намуди адабиёти динӣ барои истифода аз хориҷи кишвар ворид нагардидааст. Инчунин, аз ҷониби кумита дар солҳои 2022 ва 2023 барои нашр ва чоп намудани китобҳои мазмуни динидошта, хулосаи ташхис дода нашудааст”.

Аз ин бармеояд, ки тӯли ду сол адабиёти нави исломӣ таълиф нашуда, танҳо китобҳои пешина таҳриру бознашр гардидааст.

Дар маҷмуъ, Кумитаи дин дар соли 2023 дар асоси 340 дархост аз 1927 номгӯи адабиёти динӣ ба 205 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 135 дархост хулосаи мусбат додааст.

Нафароне, ки барои харидани китобҳои исломии гаронарзиш, аз қабили “Саҳеҳи Бухорӣ”-ро имкон надоранд, метавонанд варианти электронии бархе аз онҳоро бо забони тоҷикӣ дар сомонаҳои din.tj, ansor.Info ва komron.Info пайдо намоянд. Инчунин, чандин барномаҳои мобилии фарогири китобҳои исломӣ низ мавҷуд аст. Дар зимн ҳушдор медиҳем, ки истифодаи сомонаҳои мамнуъ тавсия дода намешавад.

Нодира Собирзод, махсус барои Your.tj