Киҳо метавонанд дар соли 2024 аз хизмати ҳарбӣ озод бошанд ва хизмати якмоҳа чанд сомонӣ аст? Ҷавоб ба саволҳои батакрори корбарон

Дар соли 2024 арзиши хизмати алтернативӣ то 54 ҳазор сомонӣ гарон шудааст.


Хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Акс аз сомонаи avesta.tj

Дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел, мавсими баҳории даъват ба хизмати ҳарбӣ, бо ибораи дигар “облава” оғоз мешавад. Се сол пеш ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва қарори ҳукумат “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” тағйирот ворид шуда буд, ки мувофиқи он шахсони кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатмкарда ҳам ба хизмат даъват мешаванд.

Муаллифи Your.tj ба саволҳои зуд-зуд такроршаванда аз ҷониби шаҳрвандон оиди тағйироти нав аз қонуни мазкур ҷавоб омода кард.

Киҳо аз хизмати ҳарбӣ озоданд?

  • Шаҳрванде, ки дар оила фарзанди ягона аст;
  • Шаҳрванде, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва ё мувофиқи фармони суд аз озодӣ маҳрум аст;
  • Шахсони дорои маъюбияти гурӯҳҳои 1, 2, 3 ва нафароне ки аз рӯи вазъи саломатиашон барои хизмати ҳарбӣ мувофиқ нестанд;
  • Шаҳрвандоне, ки падар (модар), бародар (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд;
  • Онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.
  • Нафароне, ки хизмати ҳарбӣ ё дигар намуди хизмати ба он баробаршударо дар дигар давлат адо намудаанд.

Ба киҳо таъхир гузоштани даъват ба хизмати ҳарбӣ иҷозат дода мешавад? 

  • Муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ – ба муҳлати то 6 моҳ;
  • Нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);
  • Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – то хатми муассисаҳои таълимии мазкур;
  • Нафаре, ки дар тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда аст;
  • Оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ – то қабули қарори дахлдор;
  • Адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ.
  • Ба ғайр аз асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:
  • даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд – то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;
  • Онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд – дар давоми муҳлати ваколат;
  • Онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд – дар давраи таҳсил;
  • Омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;
  • Онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;
  • Онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд

Дар соли 2024  кӣ ба хизмати ҳарбӣ меравад?

– Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.

– Шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

Магистрант, аспирант ва докторант, ҳуқуқи ба таъхир гузоштани даъват ба хизмати ҳарбиро дорад?

Не. Мувофиқи тағйироти нав магистрон, аспирантон ва докторантон, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқ надоранд. Алакай қисми зиёди магистрантон  ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд. Танҳо нафароне, ки бори аввал дар зинаи бакалавриат шӯъбаи рӯзона таҳсил карда истодаанд, ҳуқуқ доранд, ки муҳлати даъвати хизмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд.

Муҳлати хизмати ҳарбӣ чӣ қадар аст?

1) Барои онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо адо мекунанд 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ – 12 моҳ;

2) барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозҳо ва сержантҳо адо мекунанд – 1 моҳ;

3) барои онҳое, ки аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон хизмати ҳарбиро адо мекунанд – 24 моҳ;

Оё барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтан ягон роҳи дигаре мавҷуд аст?

Бале. Тибқи тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, нафароне, ки ба хизмати ҳарбии муҳлатнок рафтан намехоҳанд, метавонанд ба ҷои 12 ё 24 моҳ хизмат кардан, бо супоридани маблағи муайян ҳамагӣ як моҳ омодагии ҳарбӣ гиранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Маблағи озод шудан аз хидмати ҳарбӣ чанд сомонӣ аст?

Тибқи тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” онҳое, ки мехоҳанд хизмати алтернативии якмоҳаро мехоҳанд анҷом диҳанд, бо супоридани маблағи 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (28560 сомонӣ) метавонистанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Вале мувофиқи тағйироти наве, ки аз 1-уми сентябри соли 2023 эътибор пайдо кард, акнун ин маблағ ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (бо афзудани як нишондиҳанда аз 68 сомонӣ ба 72 сомонӣ аз 1-уми январи соли 2024  54 ҳазор сомонӣ) афзуд.

Шаҳрванде, ки синнаш ба 18 расидааст, метавонад бо навиштани ариза ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисташ маблағи мазкурро ба шуъбаи “Амонатбонк” супорад. Расиди маблағи супоридашуда бояд ба комиссияи даъвати ҳарбӣ пешниҳод карда шавад.

Мақомот мегӯянд, миқдори квотаҳои ба ин навъи хизмат маҳдуданд. Шахсоне, ки маблағи муайяншударо супориданд, дар навбат меистанд. Бо расидани навбат онҳо огоҳ карда мешаванд. Дар бораи он ки чӣ тавр як сокини шаҳри Душанбе хизмати ҳарбии пулакиро анҷом дод, дар ин ҷо хонед.