Моҳи май дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар Маркази забон ва фарҳанги кореягӣ ифтитоҳ ёфт. Дар як моҳ аллакай 5 гурӯҳи забономӯзӣ ба кор оғоз намуданд. Созмондиҳандагон ният доранд, шумораи гурӯҳҳоро зиёд кунанд.
Муаллифи Your.tj аз рафти омӯзиш дар ин марказ гузориши ҷолиберо омода кард.
Талабот ба омӯзиши забони кореягӣ зиёд аст
Маркази забон ва фарҳанги кореягии назди Донишгохи давлатии Бохтар 16-уми май кушода шуд. Марказ аз як синфхона иборат буда, бо мизу курсӣ, тахтаи электронӣ, компютер ва китобҳои таълимӣ таъмин мебошад. Инчунин, аёниятҳои дарсӣ, ки дар онҳо раванди дарс, рақсу тамринҳои варзишӣ ва хӯрокҳои миллии кореягӣ таҷассум ёфтаанд, насб гардидаанд.
Дар Марказ ба донишҷӯёну муаллимони ҷавон ва хонандагони литсейи назди донишгоҳ забон ва фарҳанги кореягӣ ройгон омӯзонида мешавад. Омӯзгорони кореягӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ба забономӯзон дарс медиҳанд.
Ҳоло 5 гурӯҳ ташкил шудааст. Аммо, ташкилотчиён мегӯянд, ки талабот бисёр аст, ва рӯзҳои наздик гурӯҳҳои нав кушода мешаванд.
Дар вилояти Хатлон ин аввалин маркази забон ва фарҳанги кореягӣ аст, вале дар назди ду муассисаи таълимии шаҳри Бохтар ва яке дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ курсҳои омӯзишии забони кореягӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳадаф – фароҳам овардани шароити таҳсил ва кор дар Кореяи Ҷанубӣ барои ҷавонони тоҷик
Ба гуфтаи Квон Биёнг Ок, намоянда ва омӯзгори Маркази забон ва фарҳанги кореягӣ, ҳадаф аз ифтитоҳ шудани чунин марказ, омӯзиши забон ва таҳсилу кор дар Кореяи Ҷанубӣ барои ҷавонони тоҷик мебошад.
Ӯ беш аз 10 сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Дар яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар ба тоҷикон забони кореягӣ меомӯзонад. Аз кушода шудани Маркази забон ва фарҳанги кореягӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар изҳори қаноатмандӣ намуда, мегӯяд, омӯзиши ин забон ба донишҷӯён ва муаллимони ҷавон барои идомаи таҳсил дар Корея имконияти хуберо фароҳам меорад.
Чанде аз шогирдони ӯ баъди хатми курсҳои омӯзишӣ барои таҳсил ба Корея рафтаанд. Ба гуфтаи Квон Биёнг Ок, барои омӯзиши забони кореягӣ дар як ҳафта се соат кифоя аст. Мегӯяд, омӯзиши забон ба худи шахс вобаста аст. Барои зуд аз худ кардани забон дар Марказ омӯзгорон бештар аз тамошои филму мусиқӣ ва аёниятҳо истифода мебаранд.
Китобҳои дарсӣ аз Корея оварда шудаанд, ки барои омӯзиш сода ва равон буда, донишҷӯён талаффуз ва навиштанро зуд меомӯзанд.
“Имконият барои таҳсил дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ хеле зиёд аст. Масалан агар донишҷӯён забонро донанду аз имтиҳонҳо бо муваффақият гузаранд, метавонанд тариқи стипендия дар донишгоҳҳои Корея таҳсил намоянд”,- мегӯяд Квон Биёнг Ок.
“Мехоҳам ба Корея равам” – орзуи донишҷӯёни Марказ
Идрис Раҷабов, донишҷӯи бахши аввали факултети математика-информатикаи донишгоҳи давлатии Бохтар мебошад. Дар як ҳафта 3 маротиба баъд аз дарсҳои донишгоҳ барои омӯхтани забони кореягӣ ба маркази забон ва фарҳанги кореягии донишгоҳ меравад.
Ин донишҷӯ ҳоло дар бораи фарҳанг ва тамаддуни мардуми Кореяи Ҷанубӣ маълумоти кофӣ надорад. Вале медонад, ки он яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти технология ва истеҳсолот аст.
Идрис беш аз ду ҳафта аст, ки забони кореягӣ меомӯзад ва аллакай ба он меҳр пайдо кардааст. Мехоҳад забонро омӯхта, оянда барои таҳсил ба Кореяи Ҷанубӣ равад.
Малика Абдураҳмонова, донишҷӯи дигаре аст, ки мисли Идрис забони кореягӣ меомӯзад. Мегӯяд, замони наврасӣ филмҳои кореягиро зиёд тамошо мекард, вале чизе намефаҳмид. Либосу рақс ва хӯрокҳои мардуми Кореяро дар филмҳо дида, хушаш меомад. Орзуи омӯхтани забони онҳоро дошт. Аз таъсиси Маркази забон ва фарҳанги кореягӣ дар донишгоҳ хушҳол шуд ва мегӯяд, акнун орзуяш амалӣ мешавад.
Малика аллакай алифбои забони кореягӣ ва чанд калима аз худ кардааст ва дар бораи худаш нақл карда метавонад. Ӯ бештар филмҳои кореягӣ тамошо мекунад, то ба ин забон зуд муошират намояд.
“Ман дар бораи фарҳанги Корея маълумот надорам, вале мехоҳам забони ин кишварро аз худ кунам. Орзу дорам, ки ба Корея сафар намоям. Шояд бо омӯхтани забон орзуям амалӣ шавад”,-мегӯяд Малика.
Дар нақша аст, дар Маркази забон ва фарҳанги кореягӣ маҳфилҳои фарҳангӣ роҳандозӣ карда шаванд. Дар онҳо рақс, пухтани хӯрокҳои миллӣ ва дигар анъанаҳои миллии ин кишвар омӯзонида мешавад.
Икром Фатҳуллоев, устоди донишгоҳ мегӯяд ҳадаф аз ифтитоҳи Маркази забон ва фарҳанги кореягӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани забондонии донишҷӯёну омӯзгорон ва таҳсилу табодули таҷрибаи онҳо дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Ба гуфтаи Фатҳуллоев талабот ба омӯзиши забони кореягӣ миёни донишҷӯён хеле зиёд аст. Дарсҳо дар марказ бо истифода аз технологияҳои муосир гузаронида мешаванд.
Амонҷон Муҳиддинов