Китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ

Дар арафаи моҳи Рамазон 32 ҳазор китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ ройгон тақдим мешавад

32 ҳазор китоби муқаддаси Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ дар арафаи моҳи Рамазон ба мардум ройгон тақдим карда мешавад. Гуфта мешавад, ин туҳфаи президент аст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросим гуфт, бо дастгирии президенти кишвар 32 ҳазор нусха китоби Қуръон бо сифати баланд дар нашриёти ЭРГРАФ нашр шудаааст.

Ӯ афзуд, ки дар арафаи моҳи Рамазон аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ва мудирони бахши дини шаҳру ноҳияҳо ба мардуми кишвар тақдим мешавад.

“Китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ аз ҷониби устоди марҳум Маҳмадҷон Умаров тарҷума шудааст ва оид ба дурустии тарҷумаи он аксари олимону коршиносони соҳаи дин хулосаи мусбат додаанд. Аз ин лиҳоз, ҷои шаку шубҳа дар тарҷумаи Қуръон вуҷуд надорад”, – зикр намуд Афшини Муқим.

Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон як дона китоби Қуръон дар дӯконҳои китобфурӯшӣ ҳудуди 100 сомонӣ ва бештар аз он нарх дорад.

Афшин Муқим гуфт, “бо даст додани имкониятҳои молӣ китоби Қуръон бо теъдоди боз ҳам бештар нашр ва ба мардум ройгон дастрас карда мешавад”.

Ӯ гуфт, ки то соли 2014 дар кишвар атрофи 200 ҳазор нусха китоби Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ нашр шуда буд. Ҳоло талабот бештар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пас, 23 – юми март дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз мешавад. Хулосаи мазкур имрӯз, зимни як ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар эълон карда шуд.

Skip to toolbar