Сарвиноз омӯзгори забони англисӣ

Дар 50 дарс ва бе китоби дарсӣ. Чӣ тавр духтари тоҷик бо усулҳои хос забони англисиро онлайн меомӯзонад

Сарвиноз Норқузиева (@sarah.english.school) таҷрибаи даҳсолаи таълими забони англисиро дорад. Ӯ дарсҳои инфиродӣ ба тариқи онлайн мегузарад. Усулҳои ба худ хос дорад ва яке аз онҳо ин аст, ки дар ҷараёни таълим аз ягон китоби дарсӣ ё дастурамал истифода намебарад. Сарвиноз мегӯяд, дар 50 дарси ӯ иштирок карда, донандаи хуби забони англисӣ шудан мумкин аст.

Омӯзгори ҷавон аз имконоти васеи шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода карда, дар саҳифаи Инстаграмаш ҷараёни дарсҳояшро мегузорад ва ҳам барои луғатомӯзӣ наворҳои кӯтоҳ омода мекунад.

Сарвиноз дар бораи усулҳои самарабахши омӯзиш, мушкилоти омӯзиш ва таҷрибаи муосири омӯзгории худ ба мо нақл кард.

“Нарх миёна аст”. Истифодаи роҳҳои муосири омӯзиш дар дарсҳои инфиродӣ

Қаҳрамони мо маълумоти заруриро барои омӯзиш аз наворҳо дар YouTube, аз баъзе сомонаҳо, аз матни китобҳои дарсӣ гирифта, онҳоро ба ҳам омезиш медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин тарзи таълим самараи хуб дорад ва ҷараёни омӯзишро метезонад. Ӯ ин усулро яке аз усулҳои хоси дарсҳояш медонад.

“Агар аз рӯи китоби дарсӣ таҳсил кунед, муддати тӯлонӣ дар як сатҳ дармемонед ва ба он аз дуюним то чор моҳ вақт меравад. Ин танҳо дар сатҳи “Beginner” ё “Elementary” чунин аст, то сатҳи “Pre-intermediate” бошад, дар як сол ҳам базӯр мерасед. Бисёр одамон ба ин вақт надоранд. Аз ин хотир, аз рӯи барномаи худам кор карда, маводҳоро худам тайёр мекунам”, – шарҳ дод ӯ.

Ҳоло Сарвиноз дарсҳоро ба таври инфиродӣ ва бо реҷаи муайян тариқи Zoom ё Skype мегузарад. Ӯ мегӯяд, як курси пурра 50 дарсро ташкил медиҳад ва дар он шахс метавонад донишҳои асосии забони англисиро азхуд кунад.

“Агар сатҳи англисидонии шахс тамоман ба сифр баробар бошад, ӯ метавонад сатҳи ибтидои забонро азхуд кунад. Сатҳи ибтидоӣ имкони сафар кардан, дар тарабхона хӯрок фармоиш додан, дар бораи худ нақл кардан, дӯстон пайдо кардан ва ҳатто кор ёфтанро медиҳад, зеро [корфармоён] одатан сатҳи дониши ибтидоии забонро талаб мекунанд”, – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Сарвиноз гуфт, агар шахс 50 дарс бигирад, пас ҳар як дарс 20 доллар арзиш дорад. Агар дарси камтар хоҳад, арзиши як дарс ба 25-30 доллар баробар мешавад.

Ӯ ин маблағро ба фарқ аз дигар омӯзгорони инфиродӣ миёна меҳисобад. Ба гуфтаи омӯзгори ҷавон, арзиши забономӯзӣ метавонад дар муаллимони гуногун фарқ кунад.

“Масалан, муаллимони навкор арзонтар мегиранд, зеро онҳо бояд таҷриба андӯхта, шумораи муштариёни худро зиёд кунанд. Вақте шаш сол пеш дар донишгоҳ таҳсил мекардам, муаллимони мо барои як соат ҳадди аққал 25 доллар мегирифтанд. Аз ин рӯ, хамааш ба муаллим вобаста аст. Фикр мекунам, ки нархи гузоштаи ман миёна аст”, – гуфт Сарвиноз.

“Омӯзгор заҳмати зиёд мекашад”. Сарвиноз аз чӣ илҳом мегирад?

Ба ақидаи ӯ, ҳам омилҳои молиявӣ ва ҳам меҳру муҳаббат ба касби омӯзгорӣ дар рушди касбият саҳми баробар доранд. Зеро омӯзгор заҳмати зиёд мекашад ва он бояд қадр карда шавад.

“Лозим меояд, ки [ба дарсҳо] омода шавӣ, чӣ тавр фаҳмониданро бидонӣ, барои рушди малакаи худ сарф намоӣ, пайваста дар омӯзиш бошӣ. Дарсдиҳиро бениҳоят дӯст медорам ва аз ҷараёни он лаззат мебарам. Агар чунин намебуд, ҳатто бар ивази маблағи зиёд дарс намедодам ва коре, ки ҳоло мекунам, бо назардошти ҳама заҳматҳоям он қадар гарон нест. Вақте дарк менамоям, ки барои беҳбудии дигарон кӯмак мекунам, ҳаёти ман мазмуни бештар пайдо мекунад”, – гуфт бо табассум Сарвиноз.

Ӯ ҳоло нақша дорад, омӯзиши забони англисиро аз сифр ба таври гурӯҳӣ ба роҳ монад. Ин дарсҳо ҳам онлайнӣ сурат мегиранд, вале мехоҳад дар оянда дар Душанбе дафтари шахсии худро боз кунад.  Ба гуфтаи ӯ, бисёриҳо аз рӯи вазъи молияшон имкони омӯзиши инфиродиро надоранд, аммо талабот ба омӯзиш ҳаст.

Сарвиноз мегӯяд дар оғоз аз Тоҷикистон он қадар талабот зиёд набуд. Шогирдонам асосан русиягиҳо ё русҳои муқими ИМА буданд. Ӯ ба таблиғ дар Фейсбук, сипас дар Инстаграм оғоз кард, аммо баъдан дар Русия он баста шуд.

“Азбаски дастрас шудан ба сегменти амрикоӣ мушкилтар аст, ҳоло теъдоди муштариёни ман дар Тоҷикистон меафзояд. Шояд ин аз он бошад, ки блоги худро фаъолона таблиғ мекунам, пеш мебарам ва одамон дар бораи ман бештар маълумот мегиранд. Ҳоло тақрибан 6-7 шогирд дорам”, – тахмин зад қаҳрамони мо.

Ӯ гуфт, саҳифаи Инстаграмаш аз моҳи январи имсол фаъолтар шуд ва дар он лаҳзаҳоро аз ҷараёни дарсҳояш мегузорад, инчунин наворҳои ҷолиб барои луғатомӯзӣ омода мекунад. Сарвиноз роҳҳои беҳтари омӯзишро тавсия медиҳад ва аудиторияи худро ба забономӯзӣ ҳавасманд мегардонад.

Бояд гуфт, ки ӯ малакаи таҳияи видеоро низ аз мутахассисони SMM омӯхтааст ва онҳоро худаш омода месозад ва ҳоло як нафар барояш кӯмак мерасонад.

“Тарҷума ва нутқи шифоҳӣ муҳим”. Усулҳои самарабахши Сарвиноз

Воқеан, усулу методҳои Сарвиноз ҷолиб аст ва аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунад.

“Ман барои ҳар як шогирдам барномаи таълимии инфиродӣ таҳия мекунам ва ба амалияи суханронӣ ба забони англисӣ бештар таваҷҷуҳ менамоям.

Фарз кардем, шахс донандаи сатҳи миёнаи англисӣ аст: ӯ [забони англисӣ]-ро мефаҳмад, аммо гап зада наметавонад, зеро наметавонад ҷумла созад. Нахуст, аз санҷиш мегузарад: муайян мекунем, ки грамматикаро дар кадом сатҳ медонад, захираи луғавияш чӣ қадар аст, талаффуз, суръати нутқаш чӣ гуна аст, сипас, аз рӯи натиҷаҳо аз болои нуқтаҳои заиф корро шурӯъ менамоем ва ба ин васила ба пешравиҳо тезтар ноил мешавад, вале дар охир шаҳодатнома намедиҳам”, – шарҳ дод вай.

Қаҳрамони мо бештар ба усули тарҷумаи граммматикӣ дар марҳилаҳои аввал ё ҳангоми шарҳ додани грамматика такя мекунад, ки ба гуфтаи ӯ аксар муаллимон онро нолозим медонистаанд, зеро он ҷараёни омӯзишро хеле суст мекунад.

“Аммо ман шогирдоне дорам, ки синнашон аз 40 ё 50 болост ва онҳо барои суҳбат кардан бояд аввал фаҳманд, яъне онҳо дигар огоҳона забонро омӯхта наметавонанд. Барои фаҳмидани онҳо, ки сохтори ҷумла чӣ гуна аст ва кадом замон бояд дар куҷо истифода шавад, ман усули тарҷумаи грамматикиро истифода мебарам, гарчанде ки ба бисёр омӯзгорон маъқул нест. Агар донандаи сатҳи миёна англисӣ бошад ва каму беш муошират карда тавонад, аз усули коммуникатсионӣ низ истифода мекунам. Ин усулро инчунин дар шогирдони сатҳи ибтидоӣ истифода бурда, онро бо тарҷумаи грамматикӣ омехта мекунам”, – гуфт Сарвиноз.

Ӯ дар дарсҳои гурӯҳӣ низ мехоҳад, асосан ба нутқи шифоҳӣ таваҷҷуҳ кунад. Ба нафароне, ки дар гурӯҳ ақиб мемонанд, дарсро иловатан шарҳ медиҳад.

“Ҳатто агар барнома тайёр кунам ҳам, барои баъзеҳо осонтар ва барои дигарон мушкилтар шуданаш мумкин. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки агар барои касе душвор бошад, метавонам аз гурӯҳ берун ба ӯ занг зада, иловатан фаҳмонам, то аз дигарон ақиб намонад”, – афзуд омӯзгори ҷавон.

Вақт, реҷаи дарсу тамрин ва муваффақияти шогирдон

Мувофиқаи вақт бо шогирдон ба Сарвиноз ба осонӣ муяссар намешавад, зеро имкон надорад дар як рӯз аз се дарс зиёд машғулият гузаронад.

“Вақтро бо ҳар як шогирдам мувофиқа мекунам, ки гузаронидани машғулият дар кадом рӯз барои ману ӯ қулай аст. Агар дар як рӯз чор дарс гирам, қувватам намерасад, хаста мешавам. Вақтамро тавре тақсим кардаам, ки дар як рӯз бояд ду дарс дошта бошам. Баъзан дар як рӯз се дарс дорам, аммо аз ин бештар нест”, – шарҳ дод ӯ.

Илова бар ин қаҳрамони мо ба варзиш машғул аст ва ду сол инҷониб ҳафтае чор маротиба ба машғулиятҳо ба толори варзишӣ меравад.

Сарвиноз мегӯяд, шогирдонаш фаъолу бомасъулиятанд, аммо мешавад ҳолатҳое, ки супоришро иҷро накунанд.

“Дирӯз яке аз шогирдонам вазифаи хонагиашро иҷро накард, зеро духтараш бемор буд. Ӯ хеле афсӯс хӯрд, аммо ман ӯро сарзаниш накардам. Вай ба ман дар бораи ҳаёти худ ба забони англисӣ нақл кард ва бисёр калимаҳои навро аз худ кард, ба монанди “мутаассифона”, “ҳарчанд”, “ҳатто”. Ин калимаҳои одӣ ба мо кӯмак мекунанд, ки беҳтар гап занем”, – илова кард омӯзгори ҷавон.

Ба нақли ҳамсуҳбати мо шогирди дигараш аллакай дар дарси 20-ум ҳангоми дар хориҷа буданаш тавонистааст бо хориҷиён ҳамсуҳбат шуда, фикрашро озодона баён созад.

“Ӯ аз ман 50 дарс мегирад. Дар дарсҳои аввал ба англисӣ ҳатто гуфта наметавонист, ки чандсола аст, рақамҳоро намедонист. Ба наздикӣ ба хориҷа сафар карда буд ва ба забони англисӣ баён кардани фикр барояш хеле осон шудааст. Ин ҳанӯз дар дарси 20-ум буд. То дарси 50, ман фикр мекунам, ки ӯ ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил мешавад. Ӯ аз болои худ сахт кор мекард, вазифаи хонагиаш ва ҳама дастурҳои маро иҷро мекард”, – шарҳ дод қаҳрамони мо.

“Агар маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон қаноатбахш мебуд…” Сарвиноз сабаби дар мактаб дарс надоданашро гуфт

Сарвиноз ягона мушкили дарсҳои онлайниро дар Тоҷикистон ин суръати сусти интернет дар баъзе минтақаҳо медонад.

“Шахсан ман чунин мушкил надорам. Барои дарсҳо аз як провайдери хуби интернет истифода мебарам. Аммо баъзе аз шогирдони ман бо алоқаи интернетӣ мушкил доранд, хусусан агар онҳо дар хонаи шахсӣ [ҳавлӣ] зиндагӣ кунанд”, – афзуд ӯ.

Сарвиноз мегӯяд, агар маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон қаноатбахш мебуд, шояд дар ягон мактаб дарс медод. Вале, мутаассифона сатҳи ҳозираи музди кори муаллим хароҷоташро намепӯшонад.

“Зеро дар Душанбе хароҷот хеле зиёд аст ва барои зиндагии хуб маоши муаллим намерасад. Вагарна, агар даромади молиявии омӯзгорон хуб мебуд, эҳтимол дар мактаб кор мекардам”, – илова кард ӯ.

“Дар дарсҳо аз ҳаёти худ нақл мекарданд”. Сарвиноз гуфт, чаро имрӯз муаллимони касбӣ кам шудаанд

Омӯзгори ҷавон ба мавзӯи сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда, гуфт, ҳоло муаллимони касбӣ, ки бо завқ дарс гузаранд, кам мондаанд.

“Масалан, дар мактабе, ки ман таҳсил кардам, аксар муаллимон фақат аз ҳаёти худ нақл мекарданд ва кам буданд онҳое, ки ба дарсҳо бо тайёрии ҷиддӣ оянд. Шояд аз сабаби кам будани маош онҳо ҳавасмандӣ надоштанд. Ман онҳоро дарк мекунам, зеро дар мактабҳои миёна кор кардан хеле душвор аст. Аммо дар мактаб ягон чизи муҳимро наомӯхтам, дониши заруриро ба шарофати мураббиям гирифтам”, – афсӯс хӯрд ӯ.

Шаш сол дар машғулиятҳо ва як сол дар Амрико. Сарвиноз чӣ тавр англисӣ омӯхт?

Аммо аз муаллими забони англисияш ёдовар шуд, ки шаш сол бо ӯ машғулият гузаронидааст. Сарвиноз зодаи шаҳри Конибодом аст ва дар мактаби рақами 1-и он ҷо таҳсил кардааст. Ба ҳама фаннҳо таваҷҷуҳ доштааст ва аз ҳама фанҳо баҳои хуб мегирифтааст, ба ҷуз фанни таърих.

“Аз хурдӣ орзуи омӯзгор шуданро доштам. Худам “журнали синф” доштам ва дар он ба шогирдони хаёлии худ баҳо мегузоштам, вале ба чӣ сабабе онҳоро дар кӯдакӣ ҳамеша “сарзаниш мекардам”.

То 11-солагиам дар дарсҳои арабӣ иштирок карда, Қуръонро омӯхтам. Дар синни 11-солагӣ холаам ба модарам гуфт, ки ман истеъдод дорам ва маро ба назди мураббӣ бурдан лозим аст. Бо муаллима Маҳкамова ҳамин тавр шинос шудем ва он кас ба ман шаш сол забони англисиро омӯзониданд”, – нақл кард аз замони кӯдакияш ӯ.

Мавлуда Махкамова

Мо дар бораи ҳаёти Мавлуда Маҳкамова, ки дар шаҳри Конибодом дар аробачаи маъюбӣ нишаста, даҳҳо нафарро забондон кардааст, як навор нашр карда будем.

Сарвиноз гуфт, дар дарсҳои гурӯҳии ин омӯзгори таҷрибадор иштирок кардааст ва дар ин муддат забони англисиро то як сатҳи муайян омӯхтааст.

“Вақте бори аввал ба Амрико рафтам, ду-се моҳи аввал баён кардани фикр бароям душвор буд ва баъзе калимаҳоеро, ба мисли awesome (тоҷ: олиҷаноб) намедонистам. Пас аз ду-се моҳ ман ба забони англисӣ озодона ҳарф мезадагӣ шудам”, – шарҳ дод ӯ.

Аз наздикони Сарвиноз бибии тарафи модарӣ ва холаи калонияш муаллими забон ва адабиёти узбек. хоҳараш омӯзгори фанни таърих ва модараш бошад, дар боғча мураббӣ будааст.

Ҳоло аҳли пайвандони Сарвиноз дар Русия зиндагӣ мекунанд ва дер-дер ба зодгоҳ меоянд. Сарвиноз низ хеле кам ба Конибодом меравад, дар ду-се сол як маротиба. Ӯ Душанберо хонаи худ мешуморад.

“Дар Тоҷикистон – сарулибос, дар Русия – назария, дар ИМА – амалия ва тафаккури интиқодӣ”. Фарқ дар низоми таҳсили се кишвар аз нигоҳи Сарвиноз

Қаҳрамони мо аз замони таҳсилаш дар Амрико ёдовар шуд. Ӯ дар доираи барномаи мубодилавии Flex як сол дар ИМА таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Сарвиноз ин  давраро имкони хуб барои беҳтар кардани забони англисӣ номид, зеро ба гуфтаи ӯ, дар муҳити соҳибзабонон будан дигар аст.

Давоми солҳои 2014-2017 дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе таҳсил карда, таҷрибаомӯзиро дар Москва гузаронидаааст. Ӯ дар низоми таҳсили се кишвар фарқи зиёдеро мушоҳида кардааст.

“Дар мо бештар ба ҷузъҳои ночиз диққат медиҳанд: сарулибос, ду дақиқа дер мондан – фикр мекунам, ба сабаби дер мондан ба дарс роҳ надодан сахтгирии аз ҳад зиёд аст.

Дар Русия дар ин бобат ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад, аммо ба амалия ва тафаккури интиқодӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, дар ҳоле ки дар Амрико мустақилона фикр карданро меомӯзонанд: ба шумо маводи тайёр намедиҳанд, балки ёд медиҳанд, ки чӣ тавр масъаларо аз паҳлӯҳои гуногун баррасӣ кунед ва худатон хулоса бароред. Фарз кардем, ба шумо ду ё се назария пешниҳод мешавад, шумо метавонед интихоб, татбиқ ва сипас таҳлил кунед, ки ин ба таҷрибаи шахсии шумо ва ба худи шумо чӣ гуна таъсир расонидааст”, – шарҳ дод Сарвиноз.

“Барои таълими фарзандон маблағро дареғ надоред”

Ӯ, донандаи хуби забони русӣ аст ва дарсҳояшро маҳз бо ин забон мегузарад.

“Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки, – мегӯяд Сарвиноз, – забони русиро ҳеҷ гоҳ бо муаллим наомӯхтаам. Дар оилаи мо танҳо тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд, модарам бо хешовандонаш узбекӣ ҳарф мезад. Худам намедонам, чӣ гуна ин забонро омӯхтам, зеро аз атрофиёнам касе русиро намедонист”.

Хондани китобҳои зиёд ба забони русӣ ва тамошои филмҳои тасвирӣ, ба гуфтаи ӯ барои омӯзиши мустақилона кӯмак кардаанд.

“Аз ин рӯ, ҳоло мегӯям, ки ба фарзандони худ ҳарчи бештар забонҳои зиёди хориҷиро омӯзониданатон мумкин аст ва онҳо табиатан зуд аз худ мекунанд. Дар оянда барои иҷро накардани супоришҳо сарзаниш намекунед: барои онҳо муҳити табиии забономӯзиро муҳайё кардан кифоя аст”, – маслиҳат дод омӯзгори ҷавон.

Ӯ ба ҳамаи падару модарон тавсия дод, ки барои таълими фарзандонашон маблағро дареғ надоранд. Агар ҳоло ба фарзандон таълими хуб диҳанд, дар оянда самараи хуб хоҳанд гирифт ва ин зиндагиро хеле осон мекунад.

“Албатта, мо мехоҳем, ки фарзандонамон муваффақ шаванд, аммо афсӯс, ки на ҳама духону сехонҳо тоҷир мешаванд. Ҳамчунин мехостам ба волидон маслиҳат диҳам, ки фарзандони худро ба омӯхтан маҷбур накунанд: бояд дар истеъдоди кӯдак ва ба чӣ шавқ доштанашро ёфта, онро дар ӯ инкишоф диҳем. Агар ба моҳӣ ба дарахт баромаданро ёд диҳем, вай ҳеҷ гоҳ аз уҳдаи ин кор баромада наметавонад. Аз ин рӯ, ба сари кӯдак он чизеро, писандаш нест бор накунед”, – гуфт Сарвиноз дар охир.

Шодмон Кенҷаев, Your.tj

Skip to toolbar