Дар 3 моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон $329 млн фиристоданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Муҳоҷирон дар Русия

Акс аз сомонаи restate.ru

Қарз аз маошро дар Тоҷикистон то 5,5 млн доллар кам кардаанд

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи май бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 62,6 млн сомонӣ (5,5 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Нисбат ба аввали соли ҷорӣ, ки қарз аз пардохти маош дар ҷумҳурӣ қариб ба 80,6 млн сомонӣ (7,1 млн доллар) мерасид, ин нишондиҳанда 18 млн сомонӣ (1,6 млн доллар) камтар аст. Дар соли 2020-и хурӯҷи пандемия қарз аз музди меҳнат дар кишвар ба андозаи 47,7 млн сомонӣ (4,2 млн доллар) зиёд шуд.

Сабаби камшавии қарз аз маош ба пардохти он дар соҳаҳои саноати коркард ва иттилооту алоқа маънидод мешавад. Бо вуҷуди ин, қарзи аз ҳама зиёд дар бахши саноати коркард – зиёда аз 20,8 млн сомонӣ (1,8 млн доллар) боқӣ мемонад. Музди моҳонаи миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи феврал 1445 сомонӣ (128 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) – 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод. Ҳамчунин қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок (15,7 млн сомонӣ), сохтмон (7,1 млн сомонӣ) ва нақлиёт (10,4 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Файзов гуфт, ба қабули паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон бояд омода шуд

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазъи Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.Дар хабарномаи нашршуда дар рӯзи 18-уми июн дар саҳифаи фейсбукии ҳукумати ин вилоят, раиси ВМКБ вазъ дар ноҳияи Баҳорак, Зебок ва Моҳи Майи Афғонистонро, ки дар наздикии сарҳади Тоҷикистон қарор доранд, “мураккаб” номидааст.

Ба гуфтаи Файзов, гуруҳҳои тундрав аксари минтақаҳои сарҳадиро таҳти тасарруф қарор дода, ба инфрасохтори кишвари ҳамсоя хисороти моливу ҷонӣ ворид намуданд.“Вазъияти ноамн дар кишвари ҳаммарз – Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар ҳолатҳои эҳтимолии халалдор сохтани марзи давлатӣ баҳри муҳофизати хоки муқаддаси кишвар истодагарӣ намуда, аксуламали ҷавобиро аз худ нишон диҳем.”,–гуфтааст раиси ВМКБ.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон марзи тӯлонӣ бо вилояти Бадахшони Афғонистон дорад. Дар чанд ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ давом дорад.

Идомаи муҳокимаи гумонбари қатли Ҳувайдо

Интизор меравад, ҳафтаи оянда баррасии парвандаи Александр Сёмин, фарди муттаҳам дар таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, шаҳрванди панҷсолаи Тоҷикистон аз сар гирифта шавад. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо 18 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз онҳо даъват кардаанд, ки рӯзи 22 юми июн ба додгоҳи вилояти Маскав барои ширкат дар муҳокима ҳозир шаванд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 9-уми апрел қарор карда буд, ки Александр Сёмин бемори рӯҳӣ нест ва ин навбат на ба беморхонаи рӯҳӣ, балки ба боздоштгоҳи муввақатӣ интиқол дода шавад. Аз соли 2018, замони содир шудани куштор Сёмин дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ нигаҳдорӣ мешуд. Масъулони сафорати Тоҷикистон мегӯянд, мурофиаро зери назорат доранд, то одилона баррасӣ шавад.

Куштори бераҳмонаи духтари муҳоҷирони тоҷик ва давоми се сол бенатиҷа будани талошҳо барои ҷазо додани гумонбари асосӣ мояи нороҳатии бисёр афроди огоҳ аз ин қазияи мудҳиш шудааст.

Дар 3 моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон $329 млн фиристоданд

Бонки Марказии Русия омори сармояеро нашр кард, ки шахсони воқеӣ дар семоҳаи аввали имсол ба берун аз кишвар фиристодаанд. Тибқи он, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия байни кишварҳои ИДМ дар ҷойи сеюм мебошад. Тавре аз рақамҳо бармеояд, муҳоҷирони тоҷик дар ин давра ба ватан 329 миллион доллар фиристодаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 9 дарсад камтар будааст.

Имсол аз ҳама бештар зодагони Узбекистон аз Русия ба кишвари худ пул фиристоданд. Ҷойи дуввумро дар ин амал Қирғизистон гирифтааст. Ин омори Бонки марказии Русия дар ҳоле нашр мешавад, ки равуои мунтазами ҳавоӣ байни Душанбеву Маскав аз 1-уми апрел оғоз шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон баъди тақрибан як соли баста будани марзҳо имкон ёфтанд, ба Русия сафар кунанд. Соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода буданд.

Туҳфаи Мирзиеёв ба ҷавондухтаре, ки дар васфи ӯву Эмомалӣ Раҳмон шеър хонд

Ба Наврӯза Мамирова, ҷавондухтаре, ки зимни сафари расмии раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳузури Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон шеърхониву суханронӣ кард, нишони сарисинагии  “Ӯзбекистон белгиси” (“Нишони Ӯзбекистон”) ва ҳамчунин ҳадяи сарвари Ӯзбекистонро додаанд.

Шеърхонии Наврӯза Мамирова рӯзи 11-уми июн дар “Қасри Арбоб” аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев истиқболи гарм шуда буд.

Тӯҳфаи Шавкат Мирзиёев ва нишони сарисинагии Оҷонсии ҷавонони Ӯзбекистон “Ӯзбекистон белгиси” дақиқан, баъди як ҳафтаи шеърхонӣ рӯзи 17-уми июн аз сӯйи сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба Наврӯза Мамирова супурда шудааст.

Мамирова дар “Қасри Арбоб” шеъри ширу шакарреро бо тоҷикию ӯзбекӣ хонд, ки бозгӯйи риштаҳои хешутаборӣ, урфу одати ягона ва ҳамсоядории қадимаи ду миллат ва васфи раисҷумҳурҳои ду кишвар буд.

Дар се соли оянда БОР ба Тоҷикистон 462 млн доллар медиҳад

Зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар ҷумҳурӣ хонум Шэнни Кэмпбелл Нақшаи тиҷоратии амалиётии БОР дар кишвар барои солҳои 2022-2024 баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар доираи Нақшаи болозикр татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва ғайра пешбинӣ мегардад.

Гуфта мешавад, дар давраи татбиқи “Нақшаи тиҷоратии амалиётӣ дар кишвар” ҷалби маблағҳои грантии БОР дар ҳаҷми 462 млн доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст.

Бонки осиёии рушд яке аз бузургтарин мададрасонони молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки шурӯъ аз соли 1998 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 2,2 млрд доллар, аз ҷумла 1,6 млрд доллар ба сифати грант ҷудо кардааст.