fbpx

Дӯстдори варзиши экстремалӣ. Махмудҷон чӣ тавр собунсоз шуд ва ба параплан шавқ пайдо кард

Ӯ собунпазиро ҳамчун як шуғл оғоз кард, вале дертар он манбаи асосии даромадаш гардид.


1
1 point

Номи Маҳмудҷон Муқимов шояд ба дӯстдорони ҳунарҳои миллӣ ошно бошад: ӯ ба собунсозӣ машғул аст ва дар ярмаркаву намоишгоҳҳо фаъолона ширкат карда, маҳсулоти нотакрори худро ба намоиш мегузорад. Дар вақтҳои охир ҳунарманд ба парапланронӣ ҳам шавқу ҳаваси калон пайдо кардааст.

Ӯ ба муаллифи Your.tj Комёр Раҳмон дар бораи он ки чӣ гуна тасмим гирифт бо собунпазӣ пул кор кунад, вале чаро имрӯз фоидаовар нест ва инсонро дар баландӣ чӣ эҳсос фаро мегирад, нақл кард.

Кӯдакии пурғам

Маҳмудҷон Муқимов дар Кӯлоб ба воя расидааст. Падари ӯ Салим Муқимов замоне ҳунарманди маъруфи тоҷик буд, ки дар театри ба номи Саидалӣ Вализода кор мекард ва дар ҳоле ки писараш ҳамагӣ панҷсола буд, ба таври фоҷеабор даргузашт. Модараш Моҳитобон Шарифова дар рӯзномаи вилоятӣ ва баъдан дар мақомоти ҳизбӣ рӯзноманигор шуда кор кардааст. Вай дар 38 – солагӣ ҳангоми таваллуд фавтид. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, Салим Муқимов дӯст ва мухлиси ашаддии ситораи театри тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов буд, аз ин рӯ ба писараш номи ӯро гузоштааст. Маҳмудҷон барвақт аз волидайн маҳрум шуд ва холааш ӯро ба зери тарбияи хеш гирифт. Қаҳрамони мо муддате дар хонаводаи холааш зист. Баъдан вақте ба донишгоҳ дохил шудан хост, тағояш тарбияи минбаъдаи ӯро ба зимма гирифт ва дар хонаи худ ҷой дод.

Маҳмудҷон мегӯяд, орзуи духтур шуданро дошт ва аз ин рӯ дар мактаб бештар фанҳои табиатшиносиро меомӯхт. Аммо зиндагӣ дигар хел ҳукм кард: бо исрори тағояш, соли 1994, вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифт, Маҳмудҷон ба факултаи иқтисодиёти Донишкадаи кишоварзӣ (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ – ред.) дохил шуд.

Ҳаёти давраи ҷанг дар пойтахт

Зиндагӣ сарфи назар аз ноустуворӣ идома дошт.

“Ман дар як вақт ҳам таҳсил ва ҳам кор мекардам, зеро намехостам, ки тағоям барои ман пул сарф кунад. Ӯ он замон ба тиҷорат машғул буд ва аз Эрон вафливу собун меовард. Пас аз дарсҳо дар институт ба ароба собун бор карда, дар маҳаллаҳои истиқоматӣ мегаштам. Замона ноором ва хатарнок буд. Буданд ҳолатҳое, ки бачаҳои полки Сӯҳроб – командир борҳоямро бо зӯрӣ гирифта, бар замми ин бо қундоқи милтиқ мезаданд. Дар ҳолати муқовимати бештар онҳо метавонистанд ба осонӣ тир холӣ кунанд, — чунин замоне буд”, — нақл кард Маҳмудҷон, доғҳои пешониашро, ки аз он латту кӯбҳо ҳамчун хотираи талх мондаанд, нишон дода.

Пас аз он ки тағояш ба тиҷорати орд гузашт, Маҳмудҷон дар дӯкони ӯ фурӯшанда шуд, зеро фикр мекард, ки ин осонтар аст нисбат ба он ки бо собун дар кӯчаҳои хатарнок бигардад. Аммо ин тавр нашуд: акнун ғайр аз «бачаҳои Суҳроб”, ҷангиёни Ёқуб – командир низ барои орд омада, дар рӯзи равшан бешармона ба ғоратгарӣ машғул мешуданд.

“Албатта, кормандони милитсия ҳамаи инро медонистанд, аммо онҳо чашм мепӯшиданд. Ба ин гуна душвориҳо нигоҳ накарда, савдо пеш мерафт ва тағоям аз он шод буд, ки ман аз ӯҳдаи кори мағоза мебароям. Аз ҳисоби фоида ӯ ба ман хона харид, маро оиладор кард… Тамоми умр аз тағоям барои ғамхории падаронааш миннатдор хоҳам буд”, – илова кард қаҳрамони мо.

Баъдан Маҳмудҷон дар маркази савдои «Садбарг» мустақилона як нуқтаи хурдеро иҷора гирифта, кор кард.

Дар солҳои 2000 – ум вақте ки аввалин мавҷгирҳои (антенна) параболӣ пайдо шуданд ва устоҳои онҳоро пайвасткунанда ангуштшумор буданд, Маҳмудҷон тасмим гирифт, ки тарзи насби онҳоро низ омӯзад. Дуруст аст, ки устоҳо аз омӯзонидани ӯ даст кашиданд, зеро онҳо намехостанд нони худро тақсим кунанд.

«Ҳамон вақт ман ҳам ба хонаам як мавҷгири параболӣ харида, барои насб усторо  даъват намуда, ба ӯ 50 доллар додам. Аммо ҳеҷ намехост, ки ман чӣ тавр васл кардани ӯро бинам. Усто корашро анҷом дод ва зуд рафт. Баъди рафтанаш мустақилона мавҷгирро канда, ба омӯхтани он шурӯъ кардам, ки чӣ тавр насб шудааст. Мавҷгирро аз нав васл кардам. Ман тавонистам! Дар рӯзнома эълон гузоштам. Савдо дар мағоза ҷараён дошт, ҳамзамон ман ба насби мавҷгирҳои параболӣ машғул мешудам, умуман пули хуб мегирифтам”, — ба хотир меорад Маҳмудҷон.

Ӯ чӣ тавр собунсоз шуд

Баъдан Маҳмудҷон ба собунпазӣ таваҷҷуҳ пайдо кард, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин шуғл мисли пештара фоидаовар нест.

«Рости гап, собунпазӣ барои ман машғулият буд. Ман тайёр кардани собуни табииро дӯст медорам. Аввал барои эхтиёҷоти худам, баъд барои хешу таборам мепухтам. Баъдтар дӯстонам аз Иттифоқи ҳунармандон аз машғулияти ман хабар ёфта, ба намоишгоҳҳо даъват карданд, то маҳсулотамро намоиш диҳам. Ман зиёда аз панҷ сол инҷониб бо ин тиҷорат машғулам”, – иқрор мешавад қаҳрамони мо.

Ӯ шарҳ дод, ки чаро тиҷорати собун барояш кор наомад. “Собуни табиӣ ҳамеша гарон буд. Маҳсулоти таркибаш ҳоло хеле қимат аст. Як пораи собуни табиӣ аз 25 то 30 сомонӣ арзиш дорад. Ҳоло ман танҳо барои намоишгоҳҳо 200 – 300 донагӣ собун мепазам. Дар он ҷо ҳадди аксар 100 – 150 донаашро мефурӯшам, боқимондаро то чорабиниҳои оянда нигоҳ медорам, зеро мардуми маҳаллӣ онро қимат меҳисобанд ба ғайр аз як – ду ҳолатҳои истисноӣ, тамоман намехаранд. Агар фурӯши собунро хуб ба роҳ монед, дар як вақт 2 – 3 ҳазор сомонӣ ба даст овардан мумкин”, – мегӯяд ӯ.

Маҳмудҷон собунсозиро аз интернет омӯхтааст. Ба гуфтаи ӯ ҳар як собунпаз техника ва асрори тайр кардани худро дорад.

«То даме, ки технологияро нағз азхуд накардам, ба ман лозим омад, ки маҳсулотро чандин маротиб вайрон кунам. Пештар 30 намуд собун истеҳсол мекардам, дар намоишгоҳҳои пештара мизи ман аз бисёрии маснуоти гуногун мешикаст. Баъдан муайян кардам, ки кадом навъи собунро бештар мехаранд ва ҳоло маҳз ҳамонҳоро истеҳсол мекунам. Боз фаҳмидам, ки мардуми мо собунҳои табииро умуман намефаҳманд, онҳо бештар ба хушбӯйӣ таваҷҷӯҳ доранд, на таркиби маҳсулот. Вакте ки арзиши як собуни табииро мефаҳманд, мегӯянд, ки бо чунин пул аз мағоза 6 баста собун харидан беҳтар аст! Ба хориҷиён аҳсан, онҳо кори дастиро қадр мекунанд, маҳсулоти табииро интихоб мекунанд, аз маҳсулоти атриётӣ ва сунъӣ даст мекашанд”, – мегӯяд Маҳмудҷон.

Ба гуфтаи ӯ, талабот ба собунҳое, ки бо равғани лимӯ ё мехчагул омода мешаванд, зиёд аст, бинобар ин, ӯ ба истеҳсоли 14 намуди асосии маҳсулот тасмим гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, қаҳрамони мо тасдиқ мекунад, ки ҳоло тайёр кардани собун гарон аст, зеро дар Тоҷикистон ба ҷуз аз кунҷид ва равғани офтобпараст дигар маводи лозимаи он мавҷуд нест ва бояд онҳоро аз Русия фармоиш диҳанд, ки дар ниҳоят ба нарх таъсир мерасонад. Масалан, 10 грамм равғани эфир аз 40 сомонӣ бештар аст. Инчунин ишқорро, ки дар қадим аз хокистари ҳезум тайёр мешуд, бояд харид, шарҳ медиҳад собунпаз.

Пештар Маҳмудҷон нуқтае дар маркази савдои «Садбарг» дошт, аммо ба далели кам будани талабот ба маҳсулот лозим омад, ки онро бубандад. Акнун собунсоз танҳо барои муштариёни муайян собун омода карда, аз хона мефурӯшад.

Маҳмудҷон инчунин эътироф мекунад, ки тайёрии собунро бо нӯги забон чашида фаҳмидан мумкин аст. Агар он забонро сӯзонад, пас ҳанӯз омода нест. Агар собун хом бошад, ҳангоми ба даст молидан метавонад пӯстро сӯзонад.

Ба гуфтаи ӯ, дар лаҳзаи охирин коркард бояд ба омехта равғани чормағз, равғани органикӣ ё дигар равғанҳои эфирӣ илова карда шавад. Он гоҳ собун қобилияти зиддиуфунаткунии (деинфексия) бадани инсон, таровату шифобахшӣ пайдо мекунад.

«Як замоне аз шири буз собун мепухтам. Тайёр кардани чунин собун кори хеле нозук аст. Агар он, масалан, дар Русия ё Аврупо истеҳсол шавад, пас нархи як донаи хурдаш метавонад на камтар аз 10 доллар арзиш дошта бошад. Ин ҷо дигар аст: мардуми маҳаллӣ намегиранд, қимат мегӯянд ва вақте хориҷиён нархи 25 сомониро мебинанд, бо нобоварӣ мепурсанд: агар табиист, чаро арзон аст? Шумо ба онҳо фаҳмонда наметавонед, ки одамон намехаранд, дар натиҷа аксар вақт бо нархи муқарраркардаи худ ба маҳсулот метавонед зарар бинед”, – бо садои ғамгин шарҳ медиҳад Маҳмудҷон.

Акнун ӯ ба фарзандонаш собунсозиро меомӯзонад, зеро бовар дорад, ки рӯзе дар Тоҷикистон ба қадри маҳсулоти табиӣ мерасанд ва ин ҳунар барои онҳо муфид хоҳад буд.

Шугаринг манбаи даромад

Ҳоло Маҳмудҷон доираи тиҷораташро дигар карда, барои шугаринг маҳсулоти косметикӣ омода мекунад.

«Барои истеҳсоли маҳсулоте, ки дар фурӯшгоҳҳои махсуси «Садбарг» ва бозори «Корвон» фурӯхта мешаванд, ҳуҷҷатҳои дахлдор дорам. Албатта, ин маблағи хеле ночиз аст, аммо имрӯз ягона манбаи даромади мост”, – иқрор мешавад Маҳмудҷон.

Ба гуфтаи ӯ, омехтаи шугаринг аз маҳсулоти табиӣ – шакар ва кислотаи лимӯ омода шудааст ва барои истеҳсоли он усторо лозим омадааст, ки аз бонк қарз гирифта, таҷҳизоти махсус ва зарфҳо бихарад. То ҳол тамоми фоида барои пӯшондани карзхо меравад.

“Барои омӯхтани ​​тайёр кардани маҳсулоти шугаринг ба ман лозим омад, ки 6 – 7 халтаи панҷоҳ килограммии шакарро вайрон кунам. Хуллас, ҳар як намуди тиҷорат аз ман «қурбониҳо» – и муайянеро талаб мекунад”, – нимшӯхӣ иқрор мешавад Маҳмудҷон.

Шавқи парвоз дар параплан

Ду сол пеш Маҳмудҷон ба парвоз дар параплан шавқ пайдо кард, ки бисёре аз дӯстон ва пайравони шабакаҳои иҷтимоиашро ба ҳайрат овард. Маҳз дар он ҷо ӯ ба нашри кардани наворҳои дар вақти парвоз гирифтааш шурӯъ намуд ва дар бораи эҳсосоти худ мустақиман сӯҳбат кард. Намуди экстремалии истироҳати фаъолона устои собунсозро чунон мафтун кард, ки ҳоло ӯ ва ҳамфикронаш аз манотиқи мухталифи кишвар тасмим гирифтаанд, маҳфил ва Федератсияи параплани Тоҷикистонро боз кунанд.

“Дар ҳама кишварҳо чунин маҳфилҳо ҳастанд, аммо мо надорем, гарчанде ки Тоҷикистон кишвари кӯҳистонист ва дӯстдорони варзиши экстремалӣ барои парвоз аз баландӣ ба ин ҷо меоянд. Ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба мақомоти дахлдор супоридем, аммо то ҳол ҷавобе нест”, – мегӯяд Маҳмудҷон. Ба гуфтаи ӯ, асосан дар Хуҷанд парапланро дастрас кардан мумкин аст, дар он ҷо бачаҳо ба таври касбӣ бо ин навъи варзиш машғуланд.

«Ман аз бекорӣ, вақте ки тиҷорат пеш намерафт, бо парапланҳо машғул шудам. Агар муддати дароз парвоз накунам, ором хоб карда наметавонам ва азоб мекашам. Ин ҳиссиётро бо сухан ифода кардан намешавад. Парвози аввалро фаромӯш кардан ғайриимкон аст, бахусус он лаҳзае, ки пойҳоят аз замин канда шуда, мисли парранда дар осмон парвоз мекунӣ… Ҳар як парвоз беҳамто аст, ҳисси озодӣ ва қаноатмандӣ меорад», – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Маҳмудҷон, ифтитоҳи маҳфил ва федератсияи ҳамном бо он барои давлат судманд аст. Масалан, сайёҳони парапланрони рус барои парвоз аз Русия ба Непал, Чин, Туркия ва дигар ҷойҳо мераванд.

«Агар мо дар Тоҷикистон чемпионати парапланро ташкил кунем, ҷараёни сайёҳон ба кишвар зиёд мешавад, зеро мардум ба варзишҳои экстремалӣ ниёз доранд. Оё медонед, ки чаро ман сабтҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорам? То ки дигарон онҳоро бубинанд ва ба Тоҷикистон биёянд. Масалан, ду ҳафта пеш аз ин аз Фаронса, баъдтар аз Ирландия ва Полша меҳмон омад. Ҳамин аст дипломатияи халқӣ, одамон мехоҳанд кишвари моро бубинанд ва ҳамзамон парвоз кунанд ”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Дар ҳамин ҳол, ӯ тавзеҳ медиҳад, ки дар миёни шиносонаш афроде ҳастанд, ки гумон мекунанд, ӯ ба воситаи сайёҳон пул кор мекунад.

“Ин умуман чунин нест. Масалан, як нафар аз хориҷиҳо маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида, ба кишвари мо омада, даъват кард, ки тавассути шабакаи иҷтимоӣ якҷоя парвоз кунем. Барои чӣ не? Тайёр мешавам, меравам, бо ҳам шинос мешавем, баъд ба кӯҳҳои Варзоб мебароем ва бо парапланҳо парвоз мекунем. Ба ин гуна одамон фақат хамсафар аз сокинони маҳаллӣ лозим аст, то дар ҳолатҳои фавқулодда ёрӣ расонад. Дар ҷои ношинос ба танҳоӣ парвоз кардан бехатар нест. Масалан, Франсуа, қаҳрамони чандинкаратаи парапланронӣ аз Варзоб парвоз карда ба Хуҷанд фуруд омад, баъд ба Тавилдара рафт, ки ман ҳамроҳаш будам. Дар анҷоми сафар аз Тоҷикистон ба Покистон парвоз кард. Тавассути радиои сарафанӣ ба дигарон мегуфт, ки мо дар ин ҷо ду-се нафарем ва аллакай мебинед, ки дигарон барои парвоз ба Точикистон меоянд. Мо дар WhatsApp як гурӯҳ дорем, ки дилхоҳ парапланрон метавонад ба мо ҳамроҳ шавад”, – мегӯяд ӯ.

Маҳмудҷон нақл мекунад, ки чӣ тавр ба парапланронӣ шавқ пайдо кардааст.

“Ман танҳо мехостам қобилиятҳои худро санҷам, ки оё метавонам? Бинобар ин аввал ба Фахробод рафта, аз парашют ҷахидам. Парвоз хуб гузашт, баландӣ ба ман маъкул шуд. Ман худам бо параплан парвоз карданро сар кардам, яъне худам омӯхтам, аммо ба касе тавсия намедиҳам, ки инро такрор кунад. Шумо бояд ҳамроҳи инструктор парвоз карданро ёд гиред. Тамринҳоро аз талу теппаҳои Шарора шурӯъ карда, аввал аз баландии ҳамагӣ бист метр ва баъд панчоҳ метр парвоз кардам. Ба кӯҳҳои Варзоб, ба баландии 1925 метр аз сатҳи баҳр баромадам. Дар хотир доред, ки ҳар як парвоз инфиродӣ аст ва он такрор намешавад. Баландтарин парвози ман аз баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр буд, ки тақрибан 40 дақиқа парвоз кард, аммо баробари баланд шуданам сахт хунук хӯрда, ба поён фаромадам”, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Маҳмудҷон, агар ҳаво, масалан тобистони имсол гарм бошад, пас парвоз кардан хатарнок аст, зеро ҳаво хеле сӯзон аст. Инчунин ҳангоми дар ин ҳолат парвоз кардан, тамоми бадан ба ларза медарояд ва мувозинатро гум кардан мумкин аст.

«Рафиқони тақрибаноктарам дар баландии 4—5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр парвоз мекунанд, вале ман то ҳол чунин таҷриба надорам, гарчанде ки мекӯшам, ки ҳангоми парвозҳо барои таҷриба ҳосил кардан 3—4 маротиба пай дар пай парвоз кунам. Зеро дар осмон ба шумо лозим аст, ки маҳорат дошта бошед ва онро бо зарурати аввалин истифода кунед, масалан, агар параплан корношоям шавад”, – мегӯяд қаҳрамони мо дар омади гап. Танҳо аз фикри он, ки шумо дар баландии муайян ҳастед ва дар замин нишаста наметавонед, дилатон аз даҳшате, ки шуморо фаро гирифтааст, тезтар тапиш мекунад.

Бо он ки Маҳмудҷон Муқимов шахси хатардӯст аст, ҳаёташ хеле пурҷӯшу хурӯш ва шавқовар мегузарад. Зимнан, ӯ ҳамсар ва панҷ фарзанд дорад. Ӯ ба ҳамсараш заргарӣ омӯзонидааст: ӯ аз санг дастпона месозад ва дар намоишгоҳҳои ҳунармандон пешкаш мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend