Дар шаҳри Анталияи Туркия, дар соҳили баҳри Миёназамин чойхонаи миллии тоҷикӣ бо номи “Чайхана “Плов и Лагман”” ба меҳмонону сокинони ин кишвар хизмат мерасонад. Ин чойхона моҳи январи соли 2022 ба кор оғоз кардааст. Чойхонаро Фаридун Имомалиев, як марди тоҷик пас аз сафари муваққатӣ ба Туркия кушодааст. Ӯ ба Your.tj нақл кард, ки чаро ва чӣ гуна дар Анталия чойхонаи миллии тоҷикӣ кушод.
Аз роҳбарии бонк ба тиҷорат
Фаридун Имомалиев, зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ маълумоти олии ҳуқуқшиносиро дар Донишкадаи андозбандӣ ва ҳуқуқи Тоҷикистон гирифтааст. Баъди таҳсилот ва ду соли хизмати ҳарбӣ дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар бонки “Ҳумо” фаъолияташро оғоз намуда, чор соли охири дар Тоҷикистон буданаш роҳбарии филиали бонки “Ҳумо” – ро дар шаҳри Бохтар бар ӯҳда доштааст.
Баъдан барои беҳтар кардани вазъи зиндагбӣ бо оилааш ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия сафар мекунад.
“Дар он ҷо бо ёрии дӯстону наздикон нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ташкил кардем. Тадриҷан фаъолияти худро васеъ карда, дар ду нуқтаи дигари шаҳр қаҳвахона кушодем. Ин тиҷорати мо то ҳол дар Россия давом ёфта истодааст”, – нақл кард Фаридун.
Истиқомати Фариддун дар Россия даҳ сол давом мекунад, вале баъди пандемия саломатии фарзандаш андаке бад мешавад ва табибон маслиҳат медиҳанд, ки тағйири боду ҳаво кунанд ва беҳтараш ба минтақаи гармтар раванд.
“Ҳамин тавр мо Туркияро интихоб кардем. Дар аввал чанд муддат дар Истамбул истиқомат кардем, сипас ба шаҳри Анталия омадем. Иқлими ин ҷо ба мо – мардуми тоҷик ниҳоят мувофиқ аст”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.
Барои муаррифии миллат
Обу ҳавои ин кишвар ба аҳли оилаи Фаридун писанд меоянд, вале ҳеҷ наметавонанд ба хӯрокҳои туркӣ одат кунанд ва ин яке аз сабабҳои таъсиси чойхонаи тоҷикӣ мегардад.
“Дар Россия мо метавонистем таомҳои миллии тоҷикиро дастрас намоем. Ошхонаву тарабхонаҳои ҳамватанонамон он ҷо ниҳоят бисёранд. Вале дар Туркия аз ин чиз муддате танқисӣ кашидем, чун ба таомҳои туркӣ одат карда натавонистем.
Ба ҳамин хотир фикр кардем, ки дар ҳамин шаҳр ҳам барои худамон ва ҳам барои сокинону меҳмонон як чойхонаи миллии тоҷикӣ кушоем. Мақсади асосии мо муаррифии фарҳангу маданият ва таомҳои миллии тоҷикон дар кишвари Туркия аст. Дар ин ҷо таомҳои тоҷикиро бениҳоят дӯст медоранд”, – мегӯяд, Фаридун.
Макони сертамошобин ва таомномаи рангин
Ёфтани ҷой барои кушодани чойхона ба Фаридун ба осонӣ даст дод. Дар соҳили баҳри Миёназамин ҷойеро меёбанд, ки макони дӯстдоштаи сайёҳон аст ва ба ин минтақа, ки “Beach Park” (Пляж в Парке) ном дорад ҳар сол зиёда аз 2 миллион сайёҳ барои саёҳат меоянд.
Таомномаи чойхонаи “Плов и лагман” қариб ҳама намудҳои хӯрокҳои миллиро дорад: хӯрокҳои якум – шӯрбои говию гӯсфандӣ, хомшӯрбо, лағмон, угро, тушбера ва дигар навъи хӯрокҳои сабуки тоҷикӣ ва дар қатори хӯрокҳои дуюм бошад, оши палов, манту, самбӯса, шакаробу қурутоб, якчанд намуди сихкабоб ва ғайра.
Таассуроти мизоҷон ва орзуи сафар ба Тоҷикистон
Дар пойгоҳи интернетии Google мизоҷоне, ки аз таомҳои ин чойхона тановул кардаанд, таассуроти хуб навиштаанд.
“Дар аввали кор зиёда аз 90 фоизи мизоҷони мо меҳмонон аз давлатҳои собиқ шӯравӣ, ба мисли Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Туркманистон ва кишварҳои Қафқоз буданд. Тадриҷан аҳолии Туркия низ ба чойхонаи мо таваҷҷуҳ пайдо карданд ва ҳоло гуфта метавонем, ки қариб 30 фоизро ташкил медиҳанд.
Мизоҷони ҳамешагӣ низ дорем, ки ҳам хӯроки нисфирӯзиву ҳам шомро дар чойхонаи мо мехӯранд. Инҳо асосан аз Россияву Қазоқистон ва чанд оилае аз ҳамватанонамон ҳастанд”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.
Яке аз мизоҷони чойхона, ки аз кишвари Марокаш буда, дар Туркия кору зиндагӣ дорад шефтаи таомҳои миллии тоҷикӣ гаштааст ва ҳатто ба суруду мусиқӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон таваҷҷуҳ пайдо кардааст.
“Гоҳе бо мо ҳамсуҳбат мешавад ва аз маконҳои сайёҳиву таърихии Тоҷикистон пурсон мешавад. Мо ба ӯ дар бораи зебоиҳои кишвар нақл мекунем ва ҳоло нақша дорад, ки бо чашмони худ онҳоро бинад”, – нақл кард Фаридун аз таассуроти мизоҷонаш.
Ба гуфтаи Фаридун сайёҳон аз Эрон низ ҳоло зуд – зуд ба чойхонаи миллӣ ташриф меовардаанд. Аз дарёфти маконе, ки таомҳояш бо таомҳои миллии онҳо монанд аст, хеле хурсанд шудаанд.
Аз рӯи нақли қаҳрамони мо чойхона, инчунин макони тарғибу муаррифии фарҳангу маданияти тоҷикӣ гаштааст. Чойхонаи “Плов и Лагман” на танҳо хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дорад, балки ороиши тоҷикона дорад, ки нафари ба он ҷо даромада худро лаҳзае дар Тоҷикистон эҳсос мекунад.
“Дар чаҳор гӯшаи чойхона аз садодиҳакҳо ва мониторҳо суруду мусиқиҳои тоҷикӣ садо медиҳанд. Коргарон бошанд, ҳамагӣ дар сар тоқии тоҷикӣ доранд ва дар пештоқи дарвозаи чойхона парчами Тоҷикистон парафшон аст”, – мегӯяд ӯ.
Аз шабнишиниҳои Наврӯзӣ то маросими ақди никоҳ дар чойхона
Чойхонаи миллии тоҷикӣ дар Туркия аллакай макони таҷлили рӯзҳои хурсандӣ ҳам гаштааст. Ошёнаи дуюми чойхона барои 50 нафар ҷойи нишаст дошта, дар он ҷо аксар вақт рӯзҳои истироҳат маросимҳо ва ҷамъомадҳои гуногун гузаронида мешаванд.
“Дар иди Наврӯз мо шабнишинӣ ташкил кардем ва дар моҳи шарифи Рамазон барои ифтор низ дастархон мекушодем. Ҳатто якчанд маросими ақди никоҳ дар чойхонаи мо баргузор гардидааст”, – гуфт бо ифтихор ҳамсуҳбати мо.
“Дар ҳудуди ҷойгиршавии чойхонаи мо 54 тарабхонаву ошхонаҳои халқиятҳои гуногун ҳастанд, вале таомҳои халқҳои Осиёи Марказиро танҳо дар мо омода мекунанд”, – мегӯяд Фаридун.
Таоми дӯстдоштаи мизоҷон ва камёфтии маҳсулоти он
Оши палов – шоҳи таомҳои тоҷикиро мизоҷон бештар фармоиш медодаанд. “Тақрибан зиёда аз 60 фоизи фармоишҳои мо шояд оши палов бошад”, илова кард ӯ. Дар ҷойи дуюму сеюм бошад, самбӯсаву лағмон ва ҳамин тавр сихкабобу мантуву дигар таомҳо.
Дар умум дар чойхонаи “Плов и лагман” 35 намуди хӯрокҳо ва 10 намуди хӯришҳоро (салат) омода мекунанд.
“Дар кишвари Туркия ёфтани баъзе маҳсулоти таомҳои тоҷикӣ мушкил аст”, мегӯяд Фаридун. Масалан, барои оши палови тоҷикӣ онҳо биринҷи махсус истифода мебаранд, ки дар ин Туркия нест. Ё ин ки равғани зағир. “Вале шукр, ки дӯсту шиносҳое дорам, ки барои дастрас кардани ин маҳсулот мепардозанд ва норасоӣ нест”, – илова кард ӯ.
Макони дӯстӣ ва сарҷамъии миллатҳои гуногун
Дар чойхона ҳамагӣ 14 нафар коргар фаъолият доранд, ки аз халқу миллатҳои гуногунанд. Пешхизматҳо асосан шаҳрвандони Туркия буда дар байнашон як нафарӣ курд, туркман, украин ва тоҷик ҳам ҳастанд, ки ҳама аҳлонаву дӯстона кор мекунанд.
“Дар Туркия қонуне ҳаст, ки ҳуқуқ ба меҳнати шаҳрвандонашро ҳимоя мекунад. Агар соҳибкор як шаҳрванди хориҷиро дар корхонааш расман бо кор таъмин кардан хоҳад, бояд панҷ коргари дигараш аз шаҳрвандони Туркия бошанд.
Пинҳониву ғайрирасмӣ кор кардан ҷавобгарӣ дорад. Бисёр мехостам ҳамватанонамро бештар ба кор ҷалб намоям, вале ҳамин гуна мушкилиҳо вуҷуд доранд. Ба ҳар ҳол ду нафар коргари мо аз Тоҷикистон аст, ки аз корашон розиям”, – мегӯяд Фаридун.
Сарошпази чойхона Муҳаммадҷон ном дошта, зодаи шаҳри Ваҳдат аст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо ӯ таомҳоро бисёр болаззат омода мекунад.
“Чанд сол пеш дар Федератсияи Россия дар як ошхона ошпазӣ мекард, дар намоишгоҳу идҳои тоҷикон таомҳои гуногун мепухт, вале бо мушкилоти ҳуҷҷатҳо натавонист корашро идома диҳад ва ба Ватан баргашт. Бо тавсияи чанд нафар мо ӯро дар ин ҷо ба кор даъват кардем. Ошпази дигарамон аз Қазоқистон аст, ки лағмон мепазад”, – нақл кард ӯ.
Номи русӣ
Қаҳрамони мо бо забони русӣ номгузорӣ кардани чойхонаро як усули пешбурди тиҷорат ном бурд, зеро русзабонон ва шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ дар Туркия бисёранд.
“Хостем ба ҳамаашон фаҳмо бошад. Аз ҳамин сабаб номи “Чайхана “Плов и лагман”” – ро интихоб кардем. Рақами 42, ки дар давоми номи чойхона омадааст, бо хатои маркетолог шуд. Онро танҳо баъди овардани овезаҳо дидем, вале гуфтем, ки бигзор ҳамин хел монад шояд дар оянда шумораи чойхонаву тарабхонаҳоямон ба 42 – то расад”, – бо табассум шарҳ дод Фаридун.
Ширкати тоҷикӣ дар Туркия ва нақшаҳои Фаридун
Ғайр аз чойхона Фаридун дар Туркия ширкате бо номи “TajGroup” таъсис додааст, ки фаъолияти тиҷоратиашро тавассути он пеш мебарад. Ширкатро моҳи декабри соли 2021 таъсис додааст ва аллакай бо корхонаҳои Украина тариқи шартнома ба Туркия равғани офтобпараст ворид мекунад.
Фаридун мехоҳад, ки аз ҳисоби пеш бурдани тиҷорати ширкат ва чойхона дар дигар шаҳрҳои Туркия тарабхона ва ошхонаҳои миллии тоҷикӣ кушояд.
“Мо ният дорем, ки ба ҳар яки он номҳои машҳури тоҷикиро гузорем. Дар нақша ҳаст, ки дар шаҳри Аланя ва баъдтар дар шаҳри Истамбул кушоем”, – бо хушҳолӣ хабар дод ӯ.
Вақте нақшаҳояш батадриҷ амалӣ мешаванд, Фаридун мехоҳад ҳамватанонро бештар ба кор ҷалб намояд. Зеро даҳ соли дар Россия буданаш шоҳиди азобу машаққати зиёди онҳо гаштааст.
“Мехоҳам ҳарчи бештар ба ҳамватанон дар ёфтани ҷойи кори беҳтар мадад намоям”, гуфт ӯ дар охир.
Шодмон Кенҷаев