Муҳоҷирати занони тоҷик

Чанд тавсияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки ба Русия мераванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар чанд тавсия ҳангоми воридшавӣ ба Русияро нашр кард. Ин тавсияҳо мутобиқи қонуну қоидаҳои нави будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федратсияи Русия, ки аз соли нав татбиқ мешаванд, тартиб дода шудаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия бояд корти муҳоҷиратро (ба таври худкор ё дастӣ) бо забони русӣ ё бо ҳуруфи лотинӣ мувофиқи маълумоти дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият буда, пур намоянд.

Аз 1 январи соли 2025 муҳлати муваққатии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар маҷмӯъ дар давоми як соли тақвимӣ аз 90 рӯз зиёд буда наметавонад. Муҳлати зикршуда метавонад дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Русия тамдид карда шавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯзи убури сарҳади давлатии Русия дар муҳлати 15 рӯз аз уҳдадории бақайдгузорӣ дар макони будубош озод мебошанд. Барои бақайдгузории муҳоҷиратӣ дар макони будубош, ба мақомоти салоҳиятдори маҳали будубоши худ бояд корти муҳоҷиратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод кунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё тавассути маркази бисёрфунксионалӣ ва ё идораи зертобеи Корхонаи воҳиди федералии давлатии “ПВС”-и ВКД Русия, ё ташкилоти ваколатдор, ё дар шакли электронӣ бо истифода аз Портали ягона дар бораи ворид шудан ва ё омадан ба мақомоти сабти муҳоҷират дар маҳали будубош дар ҳолатҳои зерин мустақилона хабар диҳанд.

  • мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабабҳои узрнок, ки ба тарафи қабулкунанда барои фиристодани огоҳинома оид ба омадан монеъ мешаванд;
  • мавҷуд будани моликият барои бинои истиқоматӣ, ки воқеан ӯ дар онҷо зиндагӣ мекунад;
  • ҳангоми бастани шартномаи иҷораи манзил бо тарафи қабулкунанда.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мешаванд, вазифадоранд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шуданашон аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд ва ё ҳангоми ба расмият даровардани патент бо ариза муроҷиат намоянд.

Шахсоне, ки ба муҳлати дароз (зиёда аз 90 рӯз) бо мақсадҳои дигар меоянд, дар давоми 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан бояд ин корро анҷом диҳанд.

Иҷро накардани уҳдадориҳои дар боло зикршуда боиси кам кардани муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия ва зарурати берун кардани он аз ҳудуди ин кишвар мегардад.

Шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки барои гузаштан аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ, инчунин барои дастрас намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии ҳатмии давлатии изи ангушт ва аксбардорӣ ба мақомоти ҳудудии ВКД Русия ё идораҳои зертобеи корхонаи он (ФСУЕ “ПВС”-и ВКД Русия) ё ташкилотҳои ваколатдор дар ҳудуди шаҳри Москва муроҷиат намоянд.

Шаҳрванди хориҷӣ, ки мақсади сафараш ба фаъолияти меҳнатӣ алоқаманд набуда, бо тартибе, ки раводид талаб карда намешавад, вориди Русия гардидааст, ҳуқуқ дорад бидуни баромадан аз ҳудуди Русия ҳангоми гирифтани патент бо нишон додани ивази мақсади худ дар ариза доир ба анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар Русия метавонад тағйир диҳад.

Шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан ба Русия ворид гардидааст, уҳдадор аст, то ба охир расидани муҳлати будубоши муваққатии худ, ба истиснои ҳолатҳое, ки муҳлати будубоши муваққатии ӯ тамдид шудааст, аз Русия хориҷ шавад.

Муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия ҳангоми таҳсил дар асоси аризаи дар шакли муқаррашуда ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсил дар қаламрави Русия тамдид карда мешавад.

Дар сурати ворид шудан ба Русия аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади истиқомати муваққатӣ ё доимӣ дар Русия, ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани маълумоти бештар ба шуъбаҳои муҳоҷирати ВКД Русия ё корхонаҳои зертобеи он (ФСУ “ПВС”-и ВКД Русия) ё ташкилоти ваколатдор ҳудуди шаҳри Москва муроҷиат намояд.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Шумо метавонед ба Сафорату консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия, инчунин Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин муроҷиат намоед.

Skip to toolbar