Фарҳод Байг – муҳоҷири афғонистонӣ қариб чор сол мешавад, ки дар Тоҷикистон паноҳанда аст. Ӯ дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи хурди дӯзандагӣ кушода, худ ба дӯхтани либосҳо машғул аст ва бо ин роҳ зиндагии оилаашро пеш мебарад.
Фарҳод ба муаллифи Your.tj дар бораи фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ ва нақшаҳои ояндааш нақл кард.
Дӯзандагӣ ва таъсиси коргоҳи хурд
Фарҳод Байг, паноҳандаи 33-солаи афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.
Ӯ дар соли 2021 бинобар мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон ҳамроҳи оилааш ба Тоҷикистон муҳоҷир шуд.
Қаҳрамони мо, ки дар айёми наврасӣ дӯзандагӣ омӯхта буд, баъди ба Тоҷикистон омаданаш ин касб барои пайдо кардани ҷойи кор ба ӯ кӯмак кард.
“Вақте аз як кишвар ба кишвари дигар нақли макон мекунед, бахусус муҳоҷир мешавед, ногузир ҳастед, харҷҳоеро, ки дар ҷои зист мекунед, ба даст биёред. Солҳои аввали ба Тоҷикистон омадан мушкилоти зиёд доштем”,- нақл кард ӯ.
Сараввал Фарҳод дар корхонаҳои дӯзандагӣ чанд муддат кор кард. Ӯ мегӯяд, мушкилоту чолишҳои зиндагӣ водор сохт, то як коргоҳи кӯчакеро эҳё кунад ва бо он тавонад хонавода ва мушкилоти худро бароварда созад.
“Дар охири соли 2023 дар яке аз барномаҳое, ки аз тарафи Фонди Оғохон баргузор шуд, иштирок кардам, ва бо кӯмаки USAID ман тавонистам муддати якуним моҳ як барномаро сипарӣ кунам ва баъд аз он семинарҳоеро пешниҳод кардем, ки тавонистам муваффақ шавам. Аз ин тарақ ман баъзе воситаҳои техникӣ ба даст овардам ва аз онҳо сипосгузор ҳастам”,- нақл мекунад ӯ.
Фарҳод касби дӯзандагиро дар Кобул дар оила омӯхтааст. Вале баъди хатми мактаб асосан ӯ аз дигар кор зиндагияшро пеш мебурд.
“Мушкилоту чолишҳои зиндагӣ одамро водор мекунад, ки рӯ биёрад ба баъзе касбҳо ба монанди ҳайётӣ (дӯзандагӣ). Дар баробари дарсу таълим хонаводаҳо бисёр ҳавасманд буданд, то фарзандонашон касберо биомӯзанд, ки дар оянда аз ин роҳ тавонанд мушкилоти хешро бибаранд”,- қисса намуд ӯ.
“Мардҳо ҳам метавонанд дӯзанда бошанд ва аз ин роҳ тиҷорати хубе ҳам пайдо кунанд”
Фарҳод мегӯяд, мардҳо ҳам метавонанд дӯзанда бошанд ва аз ин ҳисоб даромад ва тиҷорати хубе ҳам дошта бошанд.
“Дар Афғонистон ва кишварҳое мисли Покистон ва Ҳиндустон бештар аз 70-80% мардҳо машғули дӯзандагӣ ҳастанд. Дар Афғонистон бештар аз 90% аст. Фақат дар корхонаҳои калон занон машғули дузандагӣ ҳастанд”, афзуд Фарҳод.
Ӯ гуфт. ҳангоми омода кардани ҳуҷҷатҳо гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон асосан занҳо ба ин кор машғул мешаванд.
“Ман гуфтам, дуруст аст, ки занон ба ин кор машғуланд, аммо метавонанд мардҳо ҳам биёянд. Ин касби хубу поке ҳаст, ки шумо метавонед аз ин роҳ як бизнесу кори хуберо дошта бошед ва ман пешниҳод мекунам ба бародарони ҳамзабонамон, ки касби дӯзандагиро биёмӯзанд. Ҳатто метавонанд ояндаи хубе, як тиҷорате дар мамлакати худ дошта бошанд”, – мегӯяд дӯзанда.
Омезиши тарроҳиҳо
Маҳсулоти хомро Фарҳод аз бозори “Корвон” мегирад. Аксари харидорони маҳсулоти ӯ афғонистониҳо ҳастанд. Вобаста ба навъ ва дӯхт аз 50 то 250 сомонӣ нарх доранд.
“Нархе гузоштем, то мардум тавонанд ниёзҳои худро бароварда кунанд. Маҳсулоти моро 50-60% мардуми Афғонистон ва 30 то 40% мардуми тоҷик харидорӣ мекунанд”,- шарҳ дод Фарҳод.
Баъзе муштариён аз ӯ дархост мекунанд, ки бо омезиши либосҳои тоҷикӣ ва афғонистонӣ дизайни наве омода кунад. Ин корро аллакаш таҷриба намудааст, ки ба гуфтааш писанди муштариёнаш шудааст.
“Мо дар маросимҳои хос муштариёни хосеро дорем, ки либоси мардуми Афғонистону Тоҷикистонро якҷо мекунанд. Ман ин ҷо худам дӯхтам барои муштариёни худ ва як дизайни бисёр хубе омода шуд”,- гуфт ин паноҳҷӯи афғонстонӣ.
Тавре Фарҳод қисса намуд, баъзе афғонистониҳое, ки аз Тоҷикистон ба ягон кишвари дигар, мисли Амрико, Канада мераванд, бисёр мехоҳанд либосҳо бо тарроҳии омехтаи халқии ду кишварро дошта бошанд.
“Чун медонем, ки либосҳои маҳаллӣ дар маросимҳои хос пӯшида мешаванд ва инро афғонистониҳо дӯст медоранд ва мегӯянд аз либосҳои мардуми Тоҷикистон ва Афғонистон тарҳе дошта бошем”, – мегӯяд ӯ.
Афзоиши тиҷорат ва омода намудани шогирдон
Либосҳоро Фарҳод ё дар коргоҳаш мефурӯшад, ё ба ягон мағозаҳо дар Ваҳдат барои фурӯхтан месупорад.
Ӯ нақша дорад, ки дигаронро низ ба кор ҷалб намуда. маҳсулоти бештар истеҳсол кунад ва дар мағозаҳои Душанбе ба фурӯш гузорад.
“Дар оянда нақша дорам шогирд тарбия кунам. Ҳамкорони худамро дошта бошам, чун вақте ки шумо меояд ва баҳс сари тавлиди либос мекунед, бо як нафар намешавад. Ҳамчунон барои ба фурӯш гузоштани онҳо дӯстони тоҷикистонӣ дошта бошам, то онҳо дар шаҳри Душанбе ба фурӯш гузоранд”, гуфт Фарҳод.
Ӯ афзуд, музде, ки ҳоло аз ин кор ба даст меорад, кам аст, аммо қисмати бузурге аз мушкилот ва чолишҳои рӯзмарраи худро метавонад ҳал кунад.
Фарҳод оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад ва ҳамсараш ба ӯ кӯмак мерасонад.
Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон сипосгузор аст, ки муҳоҷирони афғонро дастгирӣ мекунанд, то онҳо тавонанд дар осудагӣ зиндагӣ кунанд.
“Афғонистониҳое, ки ба Амрико ва Канада мераванд, мегӯянд зиндагӣ дар онҷо низ осон нест. Надонистани забон, фарҳанги бегона ва дигар мушкилотҳо мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон мо худро бегона ҳис намекунем, чун забони мо як аст, фарҳанги мо як аст ва мо дар ин хусӯс мушкилӣ намекашем”, – мегӯяд Фарҳод.
Идибеки Саид