Чӣ тавр духтараки 10-сола аз Душанбе ба забони англисӣ суруд эҷод мекунад ва месарояд

Лола Скай (Лола Камолова) 10 сол дорад ва аз хурдсолӣ ба мусиқӣ шавқ дорад. Худаш суруд эҷод мекунад. Таҳсил дар мактаби англисӣ ба ӯ имконият медиҳад, ки матнҳоро бо ин забон нависад ва мураббиаш оид ба гиторнавозӣ духтарро дар эҷоди ҳар як оҳанг фаъолона дастгирӣ мекунад.

Лола Скай эҷодиёти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила мекунад, сурудҳои ӯ дар бисёре аз порталҳои мусиқӣ дастрасанд.

Дар бораи он ки духтарро ба навиштани сурудҳои нав чӣ илҳом мебахшад ва оё ӯ ният дорад, ки дар оянда саҳнаи ҷаҳониро тасхир кунад, Лола ва модараш Зарина Файзуллоева ба муаллифи Your.tj нақл карданд.

“Ӯ аз кӯдакӣ оҳангҳо ва матнҳоро ба забони англисӣ таҳия мекунад”

Ба гуфтаи Зарина – модари Лола духтараш аз хурдсолӣ ба мусиқӣ ва забони англисӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт.

“Вай ҳамеша аз ман мепурсид, ки ин ё он калима ба забони англисӣ чӣ мешавад. Аз ин рӯ, ман ӯро ба мактаби байналмилалии QSI додам, ки дар он ҷо пурра ба забони англисӣ таълим дода мешавад”,- гуфт Зарина.

Духтарак хеле барвақт роҳ рафтан ва гап заданро омӯхт. Аз овони кӯдакӣ ӯ ба эҷоди оҳангҳо ва навохтани онҳо дар глюкофони кӯдакона шурӯъ кард (асбоби мусиқии зарбӣ – шарҳи муҳаррир).

“Ман як вақтҳо ба таври фосилавӣ ҳамчун коргардон таҳсил мекардам ва барои лоиҳаи дипломӣ лозим буд, ки ягон чиз ба навор гирам. Як филми хурдеро дар бораи чӣ тавр суруд эҷод кардани Лола, бо интихоби оҳанг ба он таҳия кардам. То ҳол ин наворҳоро дорам”,- гуфт модари духтарак.

Мураббии гиторнавозӣ дар эҷоди сурудҳо кӯмак мекунад

Лола аввалин суруди худро бо номи “Halloween” дар панҷсолагӣ навиштааст.

“Мо бо муаллими таэквондои ман сӯҳбат кардем ва ӯ ба ман дар бораи як суруде, ки духтараш гӯш мекунад, нақл кард. Дар номи ин суруд низ калимаи “Halloween” буд.

Рӯзе, вақте ин суҳбатро ба ёд овардам, тасодуфан фикри эҷоди як суруд ба сарам омад”,- мегӯяд сарояндаи хурдсол дар бораи эҷоди аввалин сурудаш.

Лола бори аввал дар ҳафтсолагӣ ҳангоми нишасти кормандони ширкате, ки модараш дар он кор мекунад, бо иҷрои оҳангҳои гурӯҳҳои Imagine Dragons ва Radiohead ба саҳна баромад.

Пас аз он ки Зарина аз Далер Иброҳимов дарси гиторнавозиро меомӯхт, Лола низ хоҳиши омӯхтани навохтани ин асбоби мусиқиро пайдо кард.

Дере нагузашта, таҳти роҳбарии Далер, Лола шакли сиёҳнависи яке аз сурудҳои худаш эҷодкардаро сабт кард.

“Дӯстони ман мусиқинавозанд, вақте шакли хоми сурудро гӯш карданд, ба мо пешниҳод намуданд, ки дар студия оҳанги пурраи онро сабт кунем, то он барои Лола ҳамчун хотира боқӣ монад. Мо ба ин тасмим розӣ шудем ва сурудро сабт кардем”,- мегӯяд Зарина.

Ҷовид Рӯзиев сурудҳои Лоларо, ки духтарак дар студияи ӯ сабт мекунад, танзим менамояд ва дар машғулиятҳо бошад, Лола аксар вақт бо Далер Иброҳимов оҳангҳои нав эҷод мекунад.

Тақрибан чор моҳ пеш Лола ва модараш Канали YouTube-и худро кушоданд, ки дар он тамоми оҳангҳои худро ҷойгир мекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, дар як моҳ ҳадди аққал як суруд бароранд.

Сурудҳои Лола Скай дар бисёр сомонаҳои рақамӣ, ба монанди Spotify ва “Яндекс. Музыка” дастрасанд.

Наворҳои аниматсионӣ ва муқоваҳо бо расми ҳайвоноти хонагӣ

Муқоваҳо барои сурудҳо ва наворҳои аниматсионӣ барои ҳар як суруд Лоларо Шерзод Сатторӣ – дӯсти ин оила месозад.

Тавре Зарина мегӯяд, баъзан идея барои муқоваро худи дизайнер пешниҳод мекунад, гоҳи дигар шакли тасвири ояндаро худи духтар бо модараш мебофанд.

“Ҳама ҳайвонҳое, ки дар муқоваҳои мо ҳастанд, воқеан вуҷуд доранд –онҳо ҳайвоноти хонагии мо ҳастанд.

Гурбае, ки дар муқоваи “Runaway” ва “Yesterday” тасвир шудааст, Лео ном дорад. Ӯ узви дӯстдоштаи хонаи мост, барои Лола хеле муҳим аст, чун бениҳоят дилбастагӣ дорад. Идеяи тасвири гурбаро дар муқова худи Лола пешниҳод кард”,- нақл мекунад Зарина.

Дар аввал муқовае, ки Шерзод барои суруди “Yesterday” таҳия кард, каме фарқ дигар буд, аммо баъд тарроҳ шакли дуюми онро сохт, ки ба Лола ва модараш бештар писанд омад

“Дар муқоваи аввал ба “Yesterday” Шерзод Лоларо дар сурати як шоҳдухтар тасвир кард. Баъдан ӯ боз як тасвири дигаре сохт. Вай ҳама он чизеро, ки мо мехостем расонем, ба таври комил инъикос кард. Дарвоқеъ, ин як идеяи хеле ҷолиб буд”, гуфт Зарина.

Қисса дар бораи Шерзодро дар инҷо хонед

Истеъдод синну сол надорад

Ба гуфтаи Лола, ба навиштани сурудҳо қариб аз ҳама чиз метавонад илҳом бигирад, хоҳ аз суҳбат бо дӯстон, хоҳ аз расм ё тасвири дидааш ва ё аз хотираҳояш.

Дар оҳангҳои ӯ садои пурқуввати гитор бартарӣ дорад ва матнҳои ӯ маънии чуқур доранд, ки ба фикрронии духтараки 10-сола хос нест.

“Ӯ сурудҳое эҷод мекунад, ки маънии чуқур доранд. Ман ҳатто як бор аз ӯ пурсидам, ки чӣ кор кардам, ки кӯдак чунин сурудҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.

На ҳама метавонанд мусиқӣ ва матни сурудро худашон эҷод кунанд, аммо вай ин истеъдодро дорад”,- бо табассум мегӯяд Зарина.

Тахаллуси “ситоравӣ”

Тахаллуси Скай (Sky аз англисӣ – “Осмон”) бо филми дӯстдоштаи Лола “Звёздные войны” (Ҷанги ситораҳо) алоқаманд аст.

“Мо муддати дароз натавонистем ба ман тахаллусе интихоб кунем. Азбаски ман “Звёздные войны” (Ҷанги ситораҳо)-ро хеле дӯст медорам, дӯстони модарам ба ман пешниҳод карданд, ки ба худ тахаллуси “Лола Skywalker”-ро гирам.

Ба назарам чунин менамуд, ки ин тахаллус чандон ҷозибанок садо намедиҳад, аз ин рӯ мо танҳо қисми аввали калима “Скай”-ро интихоб кардем”,- мегӯяд Лола.

“Ман намехоҳам машҳур шавам, чун баъд озодона ба мағоза рафта наметавонам!”

Ҳамсинфони Лола ба гуфтаи худаш, намедонанд, ки ӯ ба эҷоди мусиқӣ машғул аст ва сурудҳои худро мебарорад. Духтарак шарм медорад дар ин бора нақл кунад.

“Ман ба наздикӣ дар як ҷамъомади волидаон будам ва ба муаллим гуфтам, ки ӯ бо забони англисӣ суруд эҷод мекунад ва месарояд. Ӯ хеле ҳайрон шуд”,- мегӯяд модари духтарак.

Ҳоло духтарак нақшаи сохтани карйераи худро дар мусиқӣ надорад. Ӯ ба мусиқӣ танҳо ҳамчун як машғулият назар мекунад.

Бо вуҷуди ин, вай истисно намекунад, ки дар оянда шояд ақидаашро дар ин бора тағйир диҳад ва овозхони касбӣ шавад.

“Вай боре ба ман гуфт: “Модар, ман намехоҳам машҳур шавам! Ҳама маро мешиносанд ва ба таври муқаррарӣ ба мағоза рафта наметавонам!”,- гуфт бо ханда Зарина.

Вай духтарашро дар ҳама ҳолат дастгирӣ мекунад ва ба ӯ озодии комили интихобро медиҳад.

“Вақте мо саҳифаи Instagram ташкил мекардем, ба ӯ гуфтам, агар намехоҳад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дошта бошад, мо онро намекушоем. Аммо вай розӣ шуд ва ҳоло мо қариб дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳо дорем ва ҳатто сайти худро дорем”,- мегӯяд Зарина.

Саҳифаҳои Лола Скайро дар шабакаҳои иҷтимоӣ модараш идора мекунад. Вай инчунин барои наворҳои нав идеяҳо пайдо мекунад ва онҳоро худаш танзим мекунад, зеро замоне орзу дошт, ки коргардон шавад.

Ғайр аз дарсҳои гиторнавозӣ, Лола дар як ҳафта се маротиба ҳамроҳи модараш бо муаллим ба таври фосилавӣ сароиданро машқ мекунад ва ба гуфтаи ӯ, дарсҳои онлайнӣ аз дарсҳои одӣ фарқ намекунанд.

Моҳи ноябр Лола Скай ният дорад, дар фестивали мусиқии аврупоии Fiesta Lone, ки дар Узбекистон баргузор мешавад, баромад кунад.

Ба гуфтаи духтарак, ӯ нақша дорад, дар оянда ба рӯйхати сурудҳои ба англисӣ сароидааш сурудҳои тоҷикӣ ва русиро низ ҳамроҳ кунад, ки онҳоро низ умедвор аст худаш эҷод мекунад.

Тарчума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо

Skip to toolbar