Шурӯъ аз 4-уми октябр сабтиномкунӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card оғоз меёбад, ки то 7 ноябри соли 2023 давом мекунад. Шумораи зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳамасола кӯшиши бурд кардани ин лотереяро мекунанд. Мо мухтасаран чанд тавсия барои дуруст пур кардани лотереяи Green Card-ро гирд овардем.
Имсол ҳукумати ИМА муҳлати пур кардани дархостҳо ба барномаи “Diversity Visa 2025” лотереяи Green Card-ро чун анъана аз аввали моҳи октябр то аввали ноябр эълон кард. Дар давраи гузашта 3580 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғолиби лотереяи мазкур шуданд. Як сол пеш аз он бошад ҳамагӣ 2485 нафар тоҷикистонӣ грин-карта бурд карда буданд.
Дар соли 2022 ҳамагӣ 2332 шаҳрванди Тоҷикистон имкони бурди грин – кортро доштанд. Агар ба нишондодҳои афзоиши шумораи квотаҳо назар андозем, аз соли 2013 ҳамасола миқдори квотаҳо барои Тоҷикистон якчанд маротиба зиёд шудааст. Дар соли 2013 ҳамагӣ 330 ҷой, соли 2014 – 531, соли 2017 – 414 ва дар соли 2018 – 1209 ҷой мавҷуд буд.
Афзоиши ҷойҳои квотаро барои кишварҳо ба чанд нишондод марбут медонанд, ки асосиаш сатҳи зиндагӣ аст, масалан агар он дар Тоҷикистон боло равад, пас миқдори квотаҳо барои ин кишвар низ афзоиш меёбад.
Агар ба таври одӣ шарҳ диҳем, ҳукумати ИМА намехоҳад, ки одамони аз чиҳати молиявӣ нотавон ба мамлакат муҳочират кунанд ва ба буҷети ин кишвар “бори зиёдатӣ” шаванд. Пас аз бурди лотерея, шумо бояд миқдори дақиқи даромади худро пешниҳод кунед.
Сабаби дигари зиёд ё кам кардани квота ин афзоиш ё кам шудани шумораи шаҳрвандони кишвари мушаххасест, ки ба Иёлоти Муттаҳида муҳоҷират мекунанд. Масалан, агар тибқи омори солҳои охир теъдоди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Амрико кам шуда бошад, пас квотаҳоро зиёд мекунанд ва агар бубинанд, ки муҳоҷирон афзудаанд, миқдори квотаҳо кам карда мешаванд.
Ба ҳамин восита муҳоҷирати беруна тавассути грин – корт танзим карда мешавад. Маълумот дар бораи афзоиши квота барои Тоҷикистон дар вебсайти департаменти давлатии ИМА дастрас аст.
Хароҷотро ба назар гиред
Ариза барои иштирок дар лотерея ройгон аст. Аммо бе захираҳои кофии молиявӣ оғоз кардани раванди муҳоҷират бефоида аст. Ғолибон ҳаққи раводид ва таҳияи ҳуҷҷатҳоро пардохт мекунанд. Барои як нафар тақрибан 2450 доллар лозим аст.
Ба ин хароҷотҳо дохил мешаванд муоинаи тиббӣ – 400$, раводид (виза) – 330$, грин – корт – 220$ ва чиптаи ҳавопаймо – аз 1300$ то 1500$.
Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Имсол пур кардани аризаҳо барои квотаи грин – корт аз соати 21:00 – и 4 – уми октябр оғоз ёфта, то соати 21:00 – и 7– уми ноябр давом мекунад.
Барои ин аз шахсони муҷаррад, шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд ва сурат бо андозаи 5х5 талаб карда мешавад.
Фарқияти ба қайд гирифтани шахсони муҷаррад аз оиладор танҳо дар вазъи оилавии шахс мебошад. Яъне шахси оиладор ҳатман бояд оилавӣ ба қайд гирад.
Барои шахсони оиладор, аз зану шавҳар шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд ва расми андозаи 5х5, аз фарзандон шаҳодатномаи таваллуд ва расми андозаи 5х5 талаб карда мешавад.
Агар шахс пеш аз пур кардани дархост муҷаррад бошад ва баъдан оиладор мешавад, танҳо дар ҳолати бурди грин – корт метавонад дар формаи DS-260 маълумоти оилаашро ҳам ворид кунад. Баъдан ӯ ҳамрохи оила ба сафоратхона даъват шуда раводиди мухочиратиро мегиранд.
Бо кадом шиноснома пур кардани дархост беҳтар аст?
Соли 2019 президенти Доналд Трамп қонунеро имзо карда буд, ки мувофиқи он барои шаҳрвандони хориҷӣ доштани шиносномаи хориҷӣ ҳангоми додани дархост ба грин – корт ҳатмӣ буд. Ин сабаб шуд, ки шумораи дархостҳо ба лотерея кам гардад. Аз ин сабаб имсол ин қонун бекор карда шуд ва акнун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд барои иштирок дар лотереяи грин – корт бо шиносномаи дохилӣ муроҷиат намоянд.
Вале шахсоне, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, беҳтараш бо шиносномаи хориҷӣ ба қайд гиранд. Зеро давоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳолати бурди грин – корт бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад.
Дархостро худатон пур кунед беҳтар аст
Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон аксар вақт таблиғеро дидан мумкин аст, ки хизматрасонии пур кардани дархости ариза грин – кортро ба номи шумо пешниҳод мекунанд. Нархи тахминии хизматрасонӣ дар идораҳои Душанбе 50 сомониро ташкил медиҳад. Сарфи назар аз он, ки маблағ дастрас аст, тавсия дода намешавад, ки ба хидмати миёнаравҳо муроҷиат кунед.
Шахсоне, ки пур карда метавонанд, беҳтараш худашон ва шиносҳояшонро бе ягон харҷи зиёдатӣ ба қайд гиранд.
Натиҷаҳоро аз сомонаҳои расмӣ бубинед
Ҳамасола аз тамоми ҷаҳон тақрибан 5 миллион нафар дар лотереяи грин – корт ширкат мекунанд ва танҳо 55 ҳазор нафар бурд мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки имконияти ғолиб тақрибан 1,1% аст.
Барои муроҷиат ва тафтиш кардани натиҷаҳо танҳо аз вебсайти расмии dvlottery.state.gov истифода баред. Ба почтаи электронӣ ё мактубҳои коғазӣ ҷавоб надиҳед, маълумоти худро, аз ҷумла маълумоти саҳифаи тасдиқиро (confirmation page) ифшо накунед.
Дар хотир доред, ки иштирок дар лотерея ройгон аст ва ҳаққи хидматро дарбар намегирад.
Барои маълумот аз вебсайтҳои ҳукумати ИМА – ро бо домени .gov: travel.state.gov, ru.usembassy.gov ва dvlottery.state.gov истифода баред.
Ба кадом хатоҳо бояд роҳ надод?
Ҳатто хурдтарин хато ҳангоми пур кардани ариза боиси он мешавад, ки иштирокчӣ аз ҳаққи ширкат маҳрум гардад. Маъмултарин хатоҳо ҳангоми пур кардани дархости грин – корт дар навиштани ному насаб ва ҷойи таваллуд, инчунин ҷавобгӯ набудани сурати иштирокчӣ ба талаботи грин корт аст.
Масалан, аз сабаби формати нодурусти акс дар сомона: пасманзари ранга (не однотонный фон), сифати паст, мавқеи нодурусти сар ва мавҷудияти сояҳо. Метавонед дар ин сомона тафтиш кунед, ки оё акси шумо ба талабот мувофиқат мекунад.
Намунаи аксҳои дуруст ва нодуруст дар ариза:
Баъд аз бурд намудани грин – корт
Баъд аз бурд намудани грин – корт, шасх формаи DS-260 – ро пур карда, интизори навбати худ мешавад. Ҳар як нафар аз руи навбат даъват карда мешавад.
3 – 4 рӯз пеш аз даъват шахс бояд аз муолиҷаи тиббӣ гузарад. Аз имсол мусоҳиба бо консул дар сафоратхонаи Амрико дар шаҳри Душанбе мегузарад.
Баъд аз мусоҳиба шахс раводиди муҳоҷиратиро ба муҳлати 6 моҳ мегирад. Дар ин муддат ӯ метавонад ба Амрико сафар намуда, дар давоми 1 – 2 моҳ грин – кортро ба даст орад ва кору зиндагиашро дар Амрико оғоз намояд.