fbpx

Буҳрони молиявӣ меояд: Соли 2021 моро чӣ интизор аст?

Иқтисодчӣ: «Буҳрон меояд», астроном: «Пояи илмӣ надоранд».


0

Соли 2020 барои аҳолии башар соли пурталафот, буҳронӣ ва ғайриинтизор буд. Вируси ҳамагири COVID – 19 раванди ҷомеаро ба куллӣ тағйир дод ва пешгӯи карда мешавад, ки соли 2021 низ на он қадар соли хуб меояд.

Вобаста ба ин мо бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни тақвимӣ, пешгӯиҳо ва овардани назари коршиносони масоили иқтисодӣ ва астрономӣ тасмим гирифтем, то бифаҳмем, дар соли 2021 моро чӣ интизор аст.

Пешгӯии ҳалокатбор дар соли 2021

Дэвид Бисли, Директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқа дар ҷаласаи вижаи умумии СММ бахшида ба мубориза бо COVID-19 изҳор дошта буд, ки соли 2021 дунё ба вазнинтарин буҳрони гуманитарӣ дар 75 соли охир дучор хоҳад омад. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди одамоне, ки дар остонаи марг аз гуруснагӣ қарор доранд, аз 135 миллион ба 270 миллион нафар мерасад.

Ин нуқтаро коршиноси масоили иқтисодӣ, мудири кафедраи таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) Исломиддин Фасеҳзода чунин шарҳ дод:

«Таъсири буҳрони молиявии COVID-19, ки оҳиста-оҳиста ба буҳрони иқтисодӣ мубаддал гаштааст, ба иқтисодӣ ҷаҳонӣ, аз он ҷумла ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ таъсири худро расонида истодааст. Мувофиқи ояндабинии баъзе коршиносон то охири соли 2020 ва аввали соли 2021 сатҳи рушди ММД-и кишварҳои рӯ ба тараққӣ матавонад тақрибан аз 3,8% то 1,1% коҳиш ёфта, рушди иқтисодиёти давлатҳои тарққикарда ба андозаи 3,3% низ кам гардад. Барои мисол, коршиносони байналмалалӣ паст гардидани ММД-и ИМА-ро ба андозаи 3,4% ва кишварҳои Аврупоиро ба миқдори 4,7% ояндабинӣ намудаанд”.

Ба гуфтаи коршинос, фарқияти асосии буҳрони молиявии COVID-2019 аз буҳрони соли 2008 дар он аст, ки буҳрони қаблии имрӯза, пеш аз ҳама, ба таназзули занҷираи технологӣ ва логистикӣ (нақли молу амвол) дар тамоми дунё оварда расонида, ки ба бастанӣ сарҳадҳои байни давлатҳо ва дар маҷмӯъ пастгардидани истеҳсолот ва дар беъзе ҳолатҳо ҳатто ба пурра қатъ гардидани он оварда расонид. Бинобар ин буҳрони молиявии COVID-2019 ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвари мо таъсири бевосита ва ғайри мустаъқими худро низ расонида истодааст.

Ба назари коршиноси соҳа Тоҷикистон асосан ба се соҳаи асосӣ, ки онҳоро баъзан вақт иқтисоддонҳо “китҳои иқтисодӣ” меноманд, бештар такя менамояд, ки онҳо: интиқоли маблағҳо аз хориҷ ба Тоҷикистон, содироти алюминӣ ва соҳаи кишоварзию саноатӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ буҳрони глобалии пандемия ба Тоҷикистон маҳз аз рӯй чунин унсурҳо ва як қатор омилҳои берунӣ таъсир расонидааст.

«Бақар» соли хубу бадиҳост

Мувофиқи ақидаҳои мардум, ки онро аз солшумории бостонӣ аз рӯйи мучал ҳисоб мекунанд, соли 2021 метавонад ҳам хуб ва ҳам бад бошад. «Бақар» соли дуюм баъди «Муш» ва пеш аз «Паланг» мувофиқи солгардонии бостонӣ аз руйи мулчар мебошад, ки дар бисёр мамлакатҳо – Ҷопон, Чин, Эрон, Афғонистон, давлатҳои араб, Осиёи Миёна паҳн шудаанд. Мучал солшумории дувоздаҳгона, ки дар кӯҳистони мардуми тоҷик бо номи «сол» ва «мӯлҷар» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ – «Муш», «Бақар», «Паланг», «Харгӯш», «Наҳанг», «Мор», «Асп», «Гӯсфанд», «Ҳамдуна», «Хурус», «Саг», ва «Хук», аз нигоҳи исломӣ, аз ин теъдод 6 тояшон ҳалолу 6 тои дигар ҳаром буда, аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯйӣ мекунанд. Ба ақидаи баъзе соли «Муш» ҷонвари зараррасон аст, аз ин рӯ сол камҳосил шуда, ноқисиҳои гуногун дорад, ки айнан инро дар соли 2020 мушоҳида кардем.

Оид ба масъала ва ҳақиқат доштани пешгӯиҳои ҳайвонҳои солшумории мучал астроном, мудири кафедраи астрономияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдуҷалол Сафаров гуфт, ки аз нигоҳи астрономӣ сол пешгӯйи карда намешавад. “Дар давраҳои гуногуни зиндагии одамон мардум аз рӯйи тақвимҳои гуногун солҳоро пешгӯӣ мекарданд. Аз сабаби он ки мардум донишҳои илмӣ надоштанд, ҳудуди 5 ҳазор сол пеш тақвимҳо пайдо шуданд, алалхусус дар аҳолии Осиёи Миёна, ки аз рӯйи гоҳшумории мучал солҳоро вобаста ба хислатҳои ҳайвонот пешгӯйӣ мекарданд. Соли 2020 тибқи солшумории мучал “Соли муши сафед” буд ва ин ҳайвон новобаста аз олиаи ифлосихӯрҳо будан, инчунин чусту чолок низ ҳаст. Агарчанде ки имсол, ки соли “муш”-и зараррасон буд, бинобар ин коронавирус пайдо шуд ва ҳосил кам шуд, аммо набояд ин гуфтаҳоро илман қабул намуд ва ба он бовар кард”.

“Наметавон гуфт, ки соли фаровонӣ ё хушксолӣ меояд”

Астроном илова дошт, ки “Соли “Бақар”-и меомада, ки табиатан ҳайвонони оромтабиат аст, аммо гоҳ-гоҳ хислати якравӣ дорад, бинобар наметавон гуфт, ки соли фаровонӣ ё хушксолӣ меояд. Лекин дар дастхатҳо омадааст, ки агар дар оғози соли “бақар” боришот бештар шавад онгоҳ гуфтан мумкин аст, ки соли фаровонӣ интизор аст. Иловатан оғози соли бақар на аз 1-уми январ аст, балки ба 21-уми март рост меояд, зеро вақте тағйирот дар солшумориҳо ба вуҷуд омад, ҳисоби мучалро ба оғози тақвими григорянӣ рост карданд. Як сабаби рабт доштани солшумории мучал бо астрономия ин аст, ки он ба хуруҷи 11,3 (11 солу 3 моҳу 18 шабонарӯз) солаи Офтоб рост меояд. Ақидаҳои вобаста ба хубу бад омадани 12 соли ҳайвонҳои мучал аз ҷониби муттахассисони соҳаи астрономия гуфта нашудааст, бинобар ин эътимоднокии гуфтаҳо нодуруст аст”.

Ӯ қайд карда, ки гуфтаҳо оид ба чигуна омадани соли “бақар” аз ҷониби мардум пояи илмӣ надоранд ва бовар кардан ба онҳо кори инсонҳои солим нест.

Нуралӣ Карим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend