Дар шаҳри Хуҷанд ду устоди мақомдори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо гумони гирифтани пора боздошт шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо нашри як гузориши видеоӣ рӯзи 21-уми май хабар додааст.
Гуфта мешавад, Иброҳим Ҷабборзода – декан ва Нуралӣ Шукуров – муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров боздошт шудаанд.
Онҳо барои мондани баҳо аз як донишҷӯйи соли сеюми ихтисоси таърих, ки шаҳрванди хориҷӣ будааст, пора талаб кардаанд.
“Дар пайи шикояти донишҷӯ рӯзи 2-юми май прокуратура ва раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд муовини декани факултаро ҳангоми гирифтани 1500 сомонӣ боздошт кардаанд”,- омадааст дар гузориш.
Назар ва мавқеи омӯзгорони боздоштшуда маълум нест.
Нисбати ҳарду бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани “ришва” парванда боз шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доштаанд.