fbpx

#Бояддонист. Ба ваъдаҳои дурӯғ бовар накун

Ба ваъдаҳои дурӯғ бовар накун. Интихоби ту — тақдири туст.


0

«Танҳо маблағро бурда расон – 10%-ашро мегирӣ. Зуд, осон, бехатар». Ин суханҳо ба шумо шинос аст? Ҳар рӯз ҳазорҳо ҷавонон бо чунин пешниҳодҳо рӯбарӯ мешаванд ва бисёре аз онҳо қабул мекунанд, бехабар аз як ҳақиқат: ту на курйер, балки шарики ҷиноят мешавӣ.

Алӣ 18-сола аст. Ӯро дар кӯча таҳқир карда, ба пеши пояш танга партофтанд. Дар хона модар тангаҳои охиринро мешуморад, дар телефон бошад, пешниҳоди ҷолибе пайдо мешавад. Танҳо бо як клик ҳаёт метавонад абадан вайрон шавад. Аммо ӯро паёми дӯсте наҷот медиҳад: «Бародар, ба худ биё! Гуноҳаш танҳо ба гардани ту мешавад».

Қаллобон онҳоеро шикор мекунанд, ки аз камбизоатӣ хаста шудаанд. Онҳо барои кори сабук “кӯҳи тило” ваъда медиҳанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ту пулро аз одамоне мегирӣ, ки худ қурбонии фиреб шудаанд ва ниҳоят, дар назди қонун ҷавобгар мешавӣ.

Ин наворро тамошо кун. Онро ба нафаре, ки аз ҷустуҷӯи кор хаста шудааст, бифирист. Ба дӯсте бифирист, ки ба даромади осон бовар дорад. Як бознашр метавонад нафареро аз қадами хато наҷот диҳад. Як огоҳӣ метавонад тақдири касеро тағйир диҳад.

Ба ваъдаҳои дурӯғ бовар накун. Интихоби ту — тақдири туст.

Ин матлаб бо гранти Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ шудааст. Андешаҳо, натиҷаҳо ва хулосаҳои дар он ироашуда танҳо ба муаллиф(он) тааллуқ доранд ва на ҳамеша мавқеи расмии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаро инъикос мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend