Билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон назар ба Бишкеку Тошканд қиматтар аст

Гуруҳи ҳунармандони ӯзбек ба Душанбе омаданд

Бо хатсайри чартерии ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон 7 июн зиёда аз 100 нафар овозхонону раққосон ва навозандагони ӯзбек ба Душанбе омаданд.

Онҳо дар консерти “Шоми дӯстӣ”, ки рӯзи 10 июн дар маҷмааи “Кохи Борбад” бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев доир мегардад, иштирок мекунанд.

Рӯзи 9 июн Ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров ва Озодбек Назарбеков низ ба Душанбе меоянд.

Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин консерт ҳудуди 150 нафар сарояндагону раққосон ва навозандагон ширкат меварзанд.

Билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон нисбат ба Бишкеку Тошканд қиматтар аст

Шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз ба якчанд кишварҳо имкони парвозро доранд. Нархи билетҳо аз Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя баландтар аст.

Шаҳрвандон аз камбуди билетҳои ҳавопаймоӣ шикоят мекунанд ва аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тавсия медиҳанд, ки аз роҳҳои алтернативии сафар истифода шавад, ба гунаи мисол, тариқи Ӯзбекистон.

Арзиши парвоз аз Душанбе ба Маскав 500 доллар ва баргашт 490 доллар, арзиши хатсайри Тошканд Маскав бошад 463 доллар ва бозгашт 109 доллар аст. Аз Бишкек ба Маскав метавон бо нархи 360 доллар парвоз кард ва бо арзиши 109 доллар баргашт.

Боҷи гумрукӣ барои воридоти гӯшти мурғ, макарон ва тамоку зиёд мешавад

Ҳукумати кишвар дастур дод, ки меъёрҳои боҷҳои воридотии гумрукӣ ба гӯшт ва маҳсулоти ғизоӣ аз мурғи хонагӣ, инчунин маснуоти макарон ду баробар аз 10 то 20 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки меъёрҳои боҷии воридотии гумрукӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку зиёд карда шаванд.

Аз ҷумла боло бурдани меъёри «ашёи хоми тамоку ва партовҳои тамоку” аз 5% то 10%, «сигар, сигарҳо бо охирҳои буридашуда, сигарилла ва сигаретҳо аз табак ё ивазкунандаҳои саноатии он» – аз 23% то 46%, «дигар тамокуи бо роҳи саноатӣ тайёршуда ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку, «гомогенишуда» ё тамокуи “барқароршуда”, шираҳо ва ҷавҳари тамоку – аз 18% то 36% дар назар аст.

Ӯзбекистон будубоши тоҷиконро дар кишвараш содатар мекунад

Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф доранд, будубоши шаҳрвандони якдигарро дар қаламравҳои худ, содатар кунанд. Баъд аз ин шаҳрвандони ду кишвар ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди кишварҳои якддигар дар 10 рӯзи корӣ ниёз ба сабти номи муваққатӣ надоранд.

Тағйирот ба созишнома дар доираи сафари навбатии Президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки интизор меравад, рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 сурат гирад, ворид мегардад.  Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи сафари Мирзиёев ба Душанбе имзои як қатор созишномаҳо, аз ҷумла содасозии ҳамлу нақл ва сафари шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар дар назар аст.

“Бешаи палангон”- ро ба ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии  ЮНЕСКО ворид карданианд

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таҳияи санадҳо барои шомил кардани мамнӯъгоҳи табиии “Бешаи палангон” ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шурӯъ кард. Масоҳати Бешаи палангон тақрибан 50 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва он соли 1938 мақоми мамнӯъгоҳро гирифтааст. Он дар ҳудуди се ноҳия – Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Кубодиён ҷойгир аст.

Соҳиби мақоми мероси ҷаҳонии табиӣ шудан, метавонад Бешаи Палангонро дар қатори маъруфтарин минтақаҳои муҳофизатшавандаи ҷаҳон қарор диҳад ва ба рушди таҳқиқоти экологӣ такони нав бахшад.

Ҳавои гарм то 10-уми июн боқӣ мемонад

Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои гарму хушк аз самти минтақаҳои ғарб то 10 июни соли ҷорӣ дар кишвар баландшавии ҳарорати ҳаво боқӣ монда, дар ноҳияҳои водибуда ҳарорат то 42 дараҷа, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 35 дараҷа гарм мешавад.

То 11 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи кишвар шамол бо шиддатнокии то 15-20м/с вазида, ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад маркази обуҳавошиносии кишвар

Skip to toolbar