fbpx

Бедонабозӣ. Чӣ тавр мӯйсафеди 88 сола бозии меросиро зинда нигоҳ медорад

Бедонабозӣ яке аз бозиҳои машҳури мардуми шимоли Тоҷикистон аст. Отаҷон Ҳотамов 70 сол боз ба парвариш ва нигоҳубини бедона машғул аст.


0

Бедонабозӣ шуғлест, ки бобои Отаҷон аз хурдсолӣ ба он завқ дошт. Ҳоло бобо ба синни мубораки 88 қадам ниҳодааст ва дар ҳуҷраи хобаш 15 адад тӯркаду, ки дохилашон бедонаҳо нигоҳ дошта мешаванд, овехта шудааст. Ҳар субҳи содиқ соати 3 қаҳрамони моро хониши бедонаҳо аз хоб бедор мекунад. Бобои Отаҷон ба мо аз қоидаҳои бедонабозӣ ва чӣ тавр ба ин паранда моил шудаанаш, нақл кард.

Бедонабозӣ дар шимоли Тоҷикистон ва Ӯзбекистон маъмул аст. Бедонабозон аслан дар чойхонаҳои махсус ҷамъ шуда бозӣ мекунанд. Дар замони шуравӣ ҳар рӯзҳои панҷшанбе дар чойхонаи “Ниёз дегча” – и бозори “Панҷшанбе”, ки “Чойхонаи бедонабозон” – ҳам мегуфтанд, бедонаҷанг мешуд. Он замон бедонабозони машҳур аз шаҳрҳои Қӯқанд, Фарғона, Андиҷон, Самарқанд бедона меовардаанду сабқатҳои калон баргузор мекардаанд.

Ҷанги бедонаҳо

“Агар бедона зӯр бошад, ду-се бардор ҷанг карда метавонад. Ҷангашон мисли хурӯс соат тӯл накмекашад. Мо бедонабозон бедонаро вобаста ба солу баданаш ба “туллак”, “саврӣ” ва “чӯҷа” ҷудо мекунем. Моҳи апрел бедонаҳо маст мешаванд, ба хониш медароянд. Ҷангандозии онҳо низ ҳамин шабу рӯз хеле қулай аст.

Дар ҷанги бедона довар мешинад соҳибони бедонаҳои ҷангӣ пул мемонанд, бедонаҳоро ба майдон бароварда наздашон дон мепошанд, агар аз одами зиёд натарсад, яъне ба ҷанг омода аст. Агар бедона гурезад, соҳиби он бохт мекунад.

Пули ба ҷанг гузошташуда аз рӯи вазн ва қобилияти бедона муйаян карда мешавад. Замони шӯравӣ ҳар рӯзи панҷшанбе аз кишвари ҳамсоя бедона меоварданд. Ҳозир фақат аз гирду атрофи шаҳр, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ӯротеппа ва Ашту дигар тарафҳо меоранду халос”, – мегӯяд Ҳоҷӣ-Отаҷонбобо.

Пахтакори 12 сола

Ба нигоҳубин ва парвариши бедона қаҳрамони мо аз синни 12 солагӣ машғул аст. Замони кӯдакии бобои Отаҷон солҳои ҶБВ буд. Падараш дар ҷанг қурбон шудаву бобо дар тарбияи бибиву модараш калон шудааст. Алакай аз синни 10 солагӣ ӯ дар колхоз кор мекард. Аввалан аробакаши колхоз ва пасон пахтакори мустақил шуд.

“Боре як саркори калонсол ба ман муроҷиат карда гуфт, “Отаҷон, акнун калон шудӣ, пахта кошта метавонӣ, имсол худат ҳам пахта мекорӣ!”. Чанд саркорҳои дигар зид шуда гуфтанд, ки Отаҷон ҳоло хурд аст, аз уҳдааш намебарояд. Саркори асосӣ “Шумо кор нагиред, Отаҷон метавонад, мана, мебинед” гуфт. Он замон 12 сол доштам ва аз уҳдаи кишти пахта баромада, саркорро хурсанд кардам. Ман акнун нонбиёри хона будам”, – ба хотир меорад, қаҳрамони мо.

Бо кори колхоз банд шуда, бобои Отаҷон дигар ба мактаб намераванд. Тамоми умрашон нонашонро аз кори колхоз ёфтаанд.

Аввалин бедонаи Ҳоҷӣ-Отаҷонбобо

Қаҳрамони мо ба дом афтонидани бедонарову нигоҳубинашро дар сари замин аз гурӯҳи деҳқонҳои бедонабоз омӯхтааст. Вақте деҳқонон болои як парандаи аҷиб гирд шуда, ҷанг меандохтанд, ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карда мемондааст. Аз чақ-чақи онҳо фаҳмида буд, ки номи парандаи майдаяк бедона аст.

“Рӯзи тобистон буд. Мӯйсафедон дар лаби канал зери сояи тутҳо харбузаро нӯши ҷон мекарданд. Дар байни онҳо Усто-Қосим ном бедонабоз буд. Вай дар замин доми (думи аспро тофта-тофта, гиреҳ карда месозанд) бедона мегузошт. Ӯ маро бо аспаробаам дида гуфт, ки “ҳой, набераи бобо, аз тӯр рафта, бедоная гирифта, биёр!”. Ба замини харбуза рафта дидам, ки дар пали қӯноқ (як навъ ғалладонаи арзанмонанд, ки хӯроки парандагон ҳисоб мешавад) кошта шуда, дом гузоштаанд. Ду бедона даруни он дар мондааст. Бедонаҳо даруни дом патар-патар мекарданд.

Аввал барои қапидани онҳо тарсидам. “Агар ҳозир инҳоро нақапам, ба ҳолам механданд” – гуфта ҳарду бедонаро гирифтаму ба даруни куртаам партофта пеши Уто-Қосимбобо рафтам. Он кас бедонаҳоро аз даруни куртаам гирифта, ба ҳама ҷояш нигоҳ карда гуфтанд: “Инаш чӯҷа будаааст. Ҳаминро ба ту медиҳам. Ба ҳеҷ кас надеҳ, худат нигоҳ кун!”.

Сонӣ, аз тӯпиаашон сӯзан гирифтанд. Порае аз остинашонро даронданд. Аз пораи остинашон халтачае дӯхта, бедонаро ба он андохта доданд. Ин аввалин бедона буд, ки ман нигоҳ кардам”, – нақл мекунад Ҳоҷӣ-Отаҷонбобо.

Бобо-Отаҷон ин чӯҷаро оварда нигоҳ мекунад. Баъди ду рӯз он ба хондан медарояд. Ҳамсояҳо хариданӣ мешаванд. Аммо бибию модари Ҳоҷӣ-Отаҷонбобо хоҳиши харидоронро рад карда мегӯянд, ки ба бачаи мо касе савғо додааст худаш нигоҳ кунад.

Сири доми бедона

Баъдан қаҳрамони мо дар заминҳои пахта худаш низ дом мегузоштагӣ мешавад. Рӯзе дар замини пахта тӯреро ( онро аз думи асп месозанд) гузошта, аз он дуртар рафта мешинад. Аммо ба тӯрхалтааш ягон чиз намедарояд.

“Қариб як-ду соат нишастам. Корам барор нагирифт. Юсуфҷон-амаки бедонабоз маро дар замин дида монд. Вай фаҳмид, ки ман доми бедона гузоштаам. Оҳиста пешам омада гуфт: “Хам шав, ба замин саратро мон!”. Баъд ҳуштак кашида, овози хониши бедонаро тақлид кард. Якбора чанд бедона ба тӯри гузоштаам наздик шуд. Юсуфҷон-амаки бедонабоз гуфт: “Ана, дидӣ, тез рафта қап”, – ба хотир меорад, бобо.

Яке аз қоидаҳои бедонаро ба дом афтондан ҳамин ки, дуртар меистию, бо ҳуштак ҷеғ мезанӣ.Баъди он ки қаҳрамони мо дар домгузориву бедонанигоҳкунӣ усто мешавад, ҳар рӯз вақт ёфта ба доштани бедона машғул мешавад. Тарве ӯ нақл мекунад, дар як рӯз то 60 – 70 адад бедонаро ба дом меафтондааст.

70 сол бедонапврварӣ

Ватқе Ҳоҷӣ-Отаҷонбобо бедонаҳоро дошта ба хонааш меорад, албатта, ба нигоҳубини онҳо низ вақт пайдо мекунад, новобаста аз он ки синни бобо ба ҷое расидааст. Ӯ бедонаҳояшро бо меҳр навозиш мекунад ва хӯрокашонро сари вақт медиҳад.

“Агар чойхона рафта монам, намбераам – Шӯҳрат ба обу дони онҳо нигоҳ мекунад. Ман аз он сабаб, ки ҳаво гарм аст, синнам ба ҷое расида, дигар ба саҳро барои доштани бедона намебароям. Як –як набераҳоям барои доштани бедона ба саҳро мераванд. Ман танҳо нигоҳубин мекунам. Солимиву қуввати худро аз машғулшудан бо бедонаҳо медонам”, – бо қнотамандӣ мегӯяд Ҳоҷӣ-Отаҷонбобо.

Ба гуфти қаҳрамони мо имрӯзҳо шумораи бедона ба таъсири иқлим ва одам хеле кам шудааст. Ӯ умед дорад, ки ин навъи паранда нест намешавад.

“Насли нав ин паррандаи аҷибро ҳамчун маводи ғизоӣ медонанд. Ман кӯшиш мекунам, ки ба набераҳоям ин бозиро омӯзонам, то ки ин бозии меросӣ аз байн наравад. Ҳафтае як маротиба онҳоро дар рӯи ҳавлӣ ҷамъ оварда бедонабозӣ мекунем”, – мегӯяд, бобо.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend