fbpx

Беҳтар таълим медиҳанд? Чаро волидон дар Душанбе фарзандонашонро ба синфи русӣ медиҳанд

Аксари волидон бар ин назаранд, ки таҳсил ба забони русӣ босифаттар аст ва мехоҳанд фарзандони онҳо забони русиро беҳтар азхуд кунанд.


2
2 points
Мактаб

Дар мактабҳои Тоҷикистоне аз 1-уми август қабули кӯдакон ба синфи 1-ум оғоз шуд. Пӯшида нест, ки волидон кӯшиш мекунанд фарзандонашонро ба синфҳои таҳсилашон забони русӣ диҳанд, ҳатто агар кӯдак ин забонро намефаҳмад ё ба он хуб ҳарф зада наметавонад.

Онҳо бовар доранд, ки таҳсил бо забони русӣ ба фоидаи фарзандонашон аст. Дар натиҷа, аксарияти синфҳои русӣ аз меъёр зиёд пур мешаванд ва барои омӯзгорон кор кардан бо чунин шумораи кӯдакон хеле душвор мегардад.

Муаллифи Your.tj якбора ба се мактаби таҳсилаш ба забони русӣ, тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русии Душанбе рафт, то муайян кунад, ки ба кадом синфҳо кӯдаконро бештар сабтином мекунанд.

“Аз кӯдакон бештар дар ҳаяҷонем”

Мактаби русии №21 замоне дар Душанбе аз пурқувваттаринҳо маҳсуб меёфт. Ҳоло гуфтан душвор аст, ки дар он ҷо чӣ гуна таълим медиҳанд, зеро дар бораи ин мактаб андешаҳои гуногун вуҷуд доранд.

Мо дар навбати аввал маҳз ба ҳамон ҷо рафтем. Соати ҳафти саҳар дар ҳавлии мактаб тақрибан ҳеҷ кас набуд, ғайр аз муҳофиз ва ду зан.

Кӯшиши дар курсӣ нишастан ва интизори омадани аввалин гурӯҳи волидон бо фарзандонашон бенатиҷа анҷом ёфт.

“Қабул аз соати ҳашт сар мешавад. Каме баъдтар биёед”,- гуфта, муҳофиз хоҳиш кард ҳудуди мактабро тарк кунем.

Пас аз як соат ба мактаб бозгаштем. Манзараи саҳни мактаб дигар шуда буд, писару духтарчаҳо ва волидони онҳо дар навбат барои қабул истода буданд, аммо рости гап мо интизор будем мардуми бештареро бубинем.

Ногуфта намонад, дар мактабҳои дигаре ҳам, ки мо рафтем навбатпойии калон набуд.

Дар байни волидон асосан занҳо буданд, инчунин, як-ду мард бо кӯдакҳояшон. Модарон ва падарон дар даст папкаи ҳуҷҷатҳо дар навбат истода, бо ҳам суҳбати гуворо доштанд.

Аҷиб ин ки аксари волидоне, ки (агар ҳамаашон набошанд) мехостанд фарзандашонро ба синфи русӣ дохил кунанд, ба тоҷикӣ гап мезаданд. Ба забони русӣ танҳо як мард бо кӯдакаш суҳбат мекард.

“Аз кӯдакон бештар дар ҳаяҷонем!”,- гуфт яке аз занҳо.

Мактаби №21, шаҳри Душанбе

“Ҳар қадар забон бисёр донад, ҳамон қадар хуб”

Ҳамин ки як модар бо фарзандаш ба саҳни мактаб омад, дарҳол 5-6 модари дигар ӯро иҳота намуда, саволборон карданд.

“Чӣ савол доданд? Ӯ (писараш) ба ҳама саволҳо ҷавоб дода тавонист? Хулоса ӯро қабул карданд ё не?”,- савол доданд волидон яке паси дигар.

Зан бо мо ҳам суҳбат кард. Ӯ нақл кард, ки писараш ба ҳаяҷон омад ва худро гум кард, дар натиҷа тоҷикиву русиву англисиро омехта карда ҷавоб дод ва ба ҳама саволҳое, ки омӯзгорон ба ӯ доданд ҷавоб дода натавонист.

Зани дигаре, ки дар назди мо буд, низ қарор кард писарашро ба синфи русӣ диҳад. Ӯ боварӣ дорад, ки кӯдак ҳар қадар забони бисёр донад, ҳамон қадар барояш беҳтар аст.

Дар ҳамин ҳол, ин модар иқрор мешавад, ки фарзандаш гарчанде забони русиро пурра мефаҳмад, аммо наметавонад ба он озодона суҳбат кунад.

“Фарзандам дар ҳафтсолагӣ аллакай 3 забонро медонад – тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ. Ин хуб аст ку! Масалан, ман дар ҳафтсолагӣ танҳо як забонро медонистам. Писарам бошад, аллакай ба се забон ҳарф мезанад.

Мо одат кардаем онҳоеро, ки масалан, англисиро медонанд, таъриф кунем. Аммо тоҷикӣ ҳам забо аст ку. Мо онро қадр намекунем, афсӯс”,- афзуд зан.

“Тайёрӣ” пеш аз суҳбат

Дар ин миён, ба мактаб боз волидони дигар бо фарзандонашон меомаданд. Тӯли чанд дақиқае, ки бо ин зан суҳбат доштем, дар саҳни мактаб чеҳраҳои нав пайдо шуданд.

Ба дарунтари ҳавлии мактаб даромада, духтари ҷавонеро бо кӯдаки 6-7 сола дидем, ки дар курсиҳо нишаста буданд. Духтарак бо кӯдак каме “тайёрӣ”-и пеш аз суҳбат мегузаронд. Ӯ ба забони русӣ саволҳои одии ба мисли “Сколько тебе лет?”, “Кем работают твои родители?”, “Какое сегодня число?” медод, номи моҳҳо, фаслҳои сол ва ғайраро мепурсид.

Писарак зуд ҷавоб намедод, аввал пеш аз ҳар як ҷавоб фикр мекард ва бандакҳоро ба забони русӣ бодиққат интихоб мекард. На ҳамаи ҷавобҳояш дуруст буданд – гоҳо дар калимаҳо хато мекард, баъзан комилан дуруст ҷавоб медод. Аммо маълум буд, ки кӯдак бисёр кӯшиш мекард.

Духтарак дар ҷавобҳо ба ӯ кӯмак мекард, баъзан ба тоҷикӣ мегузашт, то бифаҳмонад, ки ҳангоми суҳбат ба кадом савол кадом ҷавобро додан лозим аст.

Ӯ ба мо нақл кард, ки додараш дар боғчаи бачагона ба гурӯҳи русӣ мерафт ва онҳо тасмим гирифтанд, ки дар мактаб ҳам ба забони русӣ таҳсил кунад.

“Фикр мекунам, он қадар дар ҳаяҷон нест, вале ба ҳар ҳол қарор додем каме тайёрӣ бинем”,- гуфт духтарак.

Долони тангу дамгир ва навбатпойии волидон

Мактаби №100 ба забони тоҷикӣ бо он машҳур аст, ки довталабон маъмулан барои ширкат дар имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ дар онҷо сабти ном мешаванд.

Мо ба он ҷо низ рафтем, то шумораи волидони ба қабул омадаро бо мактаби қаблӣ муқоиса кунем.

Мактаби №100, шаҳри Душанбе

Дар ин ҷо ба фарқ аз мактаби 21, волидон навбати худро на дар берун, балки дар дарун – дар як долони борику танг интизор буданд.

Ба ин ҷо нисбат ба мактаби русӣ андаке камтар одам меомад.

Ҳавои долон бисёр дам ва гарм буд. Кӯдакон аз як тараф ба дигар тараф даводав доштанд ва доду фарёд мекарданд.

Яке аз волидон ба ҳамсуҳбаташ нақл мекард, ки чи тавр духтари калонияшро барои дохил шудан ба донишгоҳ пас аз хатми синфи 11 иҷозат надоданд ва ӯ намехоҳад, ки бо дигар фарзандонаш низ ин ҳол такрор шавад.

“Синфҳои русӣ аз меъёр зиёд пуранд, омӯзгорон наметавонанд расидагӣ кунанд”

Дар назди тирезаи саҳни даромадгоҳи бинои мактаб занеро мушоҳида кардем, ки се кӯдаки вай бо ҳам шӯхию бозӣ мекарданд.

Ӯ барои додани духтараш ба синфи якум омада буд ва маҳз ҳамин мактабро интихоб кард, зеро дар ин ҷо дар муқоиса ба мактабҳои қаблӣ дар як синф шумораи на он қадар зиёди хонандагонро таълим медиҳанд.

Ба гуфтаи зан, як ҷиянаш дар мактаби 21 таҳсил мекунад ва ҳоло ба синфи чорум гузаштааст, аммо он ҷо сифати таълим паст аст, чун синфхонаҳо аз меъёр зиёд пур шудаанд.

“Ӯ ба забони русӣ хуб ҳарф мезанад, аммо дар фанҳои дигар суст аст. Дар он мактаб дар як синф одатан 50, ҳатто зиёдтар аз он кӯдакон таҳсил мекунанд.

Омӯзгорон бапурсидани ҳамаи хонандагон расидагӣ намекунанд, фикр мекунам, ин тамоман ғайриимкон аст. Даҳ хонандаро мепурсӣ – бо ҳамин дарс тамом”,- нақл кард ин зан.

Ӯ иқрор шуд, агар имкон медошт, шояд духтарашро ба мактаби русӣ медод, чун он ба хонааш наздиктар аст.

“Аммо ман қарор кардам ӯро ба ин мактаб диҳам, то дониш бигирад. Дар ин ҷо ба ҳисоби миёна дар як синф 26 нафар таҳсил мекунанд, ки ин дар муқоиса ба дигар мактабҳо на он қадар зиёд аст”,- гуфт зан.

Долони васеъ ва навбати зиёд

Мактаби №8 дар назари волидон тақрибан яке аз мактабҳои бонуфузи Душанбе аст. Инро шумораи зиёди одамоне, ки барои қабули кӯдакашон ба синфи якум дар навбат истода буданд ва ҳам гуфтаҳои худи волидон тасдиқ мекунад.

Мактаб то ҳадде калон аст, ки ба осонӣ гурӯҳи волидонро пайдо карда натавонистем.

Волидон дар назди дари утоқи директори мактаби №8, шаҳри Душанбе

Ба мисли мактаби №100 волидон дар долони назди утоқи директор меистоданд, аммо ин ҷо тангу дамгир набуд, чун долон калон буд. Кӯдакон низ даводав намекарданд.

Маълум шуд, ки барои роҳ додани кӯдак ба суҳбат муҳри директор лозим будааст. Муҳрро гирифта, волидон бо фарзандашон ба як утоқи дигар ба ошёнаи дуюм мебароянд, ки дар он ҷо қабул мекарданд.

“Мо мехоҳем фарзандонамон муваффақ шаванд, аммо онҳоро азоб додан шарт нест”

Аз як зан фаҳмидем, ки навбати қабул ба ин мактаб, махсусан ба синфҳои русӣ хеле калон аст.

Зан ба мо гуфт, гарчанде русӣ забони модариаш нест, аммо тасмим гирифт ҳама фарзандонашро ба синфҳои таҳсилашон ба забони русӣ диҳад.

Яке аз духтаронаш, ки дар ҳамин мактаб мехонад, ба синфи дуюм гузаштааст ва ба гуфтаи зан, дар аввал умуман ба русӣ ҳарф зада наметавонист.

“Роҳбари синфи мо – як зани рус, педагоги хеле хуб аст. Ӯ ба се духтари ман дарс дод. Имсол яке аз духтаронам синфи якро хатм кард, забони русиро дар муҳлати кӯтоҳтарин азхуд кард”,- нақл кард зан.

Дар синфе, ки духтари ӯ таҳсил мекунад, 54 нафар хонанда аст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, чунин шумораи калон ба омӯзгорон заррае душворӣ наовардааст.

“Онҳо ҳатто ба пурсидани шеърҳо аз ҳар як хонанда вақт меёбанд. Толибилмон бисёранд, аммо омӯзгорон аз уҳдааш мебароянд”,- мегӯяд ӯ.

Зан мегӯяд, дар ин мактаб омӯзгорони бақувват кор мекунанд, аммо шикоят кард, ки ба духтари калониаш аз фанни информатика хуб дарс надоданд. Зеро чанд вақт аз ин фан омӯзгор надоштанд.

Ӯ афзуд, синфҳои русӣ аз меъёр зиёдтар пур шудаанд, чун аксари волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон забони русӣ биомӯзанд. Илова бар ин, аксарият боварӣ доранд, ки таҳсил ба забони русӣ босифаттар аст.

“Духтари ман ва бисёре аз кӯдакони синф ба забони русӣ гап зада наметавонанд. Ҳатто волидони аксари онҳо русиро намедонанд.

Омӯзгорон аз онҳо хостанд фарзандонашонро ба синфҳои тоҷикӣ гузаронанд, зеро ҳамин тавр ба онҳо осонтар мешавад.

Аммо бисёриҳо мехоҳанд фарзандонашон таҳсилро ба забони русӣ идома диҳанд. Мегӯянд: “Мо мехоҳем, фарзандонамон русиро донанд”.

Ҳамаи мо мехоҳем, фарзандонамон дар зиндагӣ муваффақ шаванд, аммо шарт нест онҳоро барои ин чунин азоб дод!”,- қайд намуд зан.

Сомон Комилов, Your.tj

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend