“Бароям бисёр нигаронкунанда аст”. Вокуниши Оғохони IV ба ҳодисаҳои охири Бадахшон

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони IV, аввалин маротиба нисбати бесарусомониҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Бадахшон изҳори назар кард ва гуфт, ки рӯйдодҳои охир дар Бадахшони Тоҷикистон барояш “бисёр нигаронкунанда аст”.

Ӯ аз исмоилиёни Бадахшон даъват кардааст, ки оромиро нигоҳ доранд ва бо шеваи маслиҳатомез амал намоянд.

Паёми Оқохон рӯзи 17-уми январи дар сомонаи The Ismaili Tajikistan ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ нашр кардаанд.

“Рӯйдодҳои охир дар Бадахшони Кӯҳӣ бароям бисёр нигаронкунандаанд ва дар ҳоле рух медиҳанд, ки ноустуворӣ дар ин минтақа афзоиш ёфтааст. Мехоҳам, ки Шумо чунон, ки дар гузашта ишора карда будам, ба Ҷамоатам бирасонед, ки бениҳоят муҳим аст, то дарк карда шавад, ки халали низомӣ алайҳи Ҷамоат ва инчунин бар зиддӣ кулли аҳолии Тоҷикистони Шарқӣ равона нашудааст. Бинобар ин, ниҳоятан муҳим аст, то Ҷамоати ман оромиро нигоҳ дорад ва аз шеваи мусолиатомез амал намояд, дар ҳоле, ки ҳукумат тариқи ниҳодҳои марбута ба вазъият расидагӣ мекунад”, гуфта мешавад дар паёми Оғохон.

Ҳамчунин Шоҳзода Карим Оғохон аз Ҷамоати хеш даъват кардааст, то ки қонунҳои сарзаминеро, ки дар он зиндагӣ мекунанд, риоя намоянд ва ҳар фаъолияте, ки боиси халадор шудани барқарории сулҳ ва тартибу низом мегардад, рад намоянд.

“Ниҳоят муҳим аст, ки Ҷамоат бояд муттаҳид бимонад, махсусан бо онҳое, ки Шумо миёнашон зиндагӣ мекунед. Ҳамеша ҳамдигарро барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати зиндагӣ, дастгирӣ кунед. Созмонҳои АКДН дар Тоҷикистон чанд даҳсола боз фаъолият доранд ва ман дастур додам, ки фаъолияти онҳо дар ин давраи ноустувор низ идома ёбад.

Ман мисли ҳамеша таҳавуллоти ҳозираро таҳти назар қарор дода, дар ҳолати зарурӣ ҳидоят ва роҳнамоии минбаъдаро ирсол хоҳам кард.

Ман ба тамоми фарзандони руҳониии маҳбуби Тоҷикистониам тамоми дуоҳои хайри меҳромезамро барои мушкилосон ва амнияту бехатарӣ мефиристам”, – мегӯяд, Оғохон дар паёми худ.

Эътирози сокинон дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр пас аз кушта шудани сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков шурӯъ шуд ва чор рӯз баъд, танҳо пас аз тавофуқи мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба поён расид.

Skip to toolbar