fbpx

“Низомати асалпарвар”. Чӣ тавр ҷавондухтари мастчоҳӣ замбӯрпарвар шуд

Низомат Шарифова роҳбари гурӯҳи занҳои асалпарварӣ ноҳияи Мастчоҳ аст.


0
Акс аз сомонаи Суғд нюс

Низомат Шарифова, сокини 35 солаи ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ тӯли 5 сол танҳо аз рӯйи ҳавас ба  замбӯрпарварӣ  машғул буду дар ниҳодҳои давлати фаъолият мекард. Ҳоло бошад, замбӯрпарварӣ кори асосӣ ва манбаи даромади ӯ мебошад. Низомат 50 оилаи замбӯрро  нигоҳубин мекунад ва бо муме, ки аз асал боқӣ мемонад, шамъҳои ороишӣ месозад.

8 сол пеш дар қатори хизматчиёни давлатӣ ба Низомат Шарифова, ки баъди хатми донишгоҳ дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст, аз ҳукумати ноҳия 2 оилаи замбӯри асал медиҳанд. Аз ҳамон вақт сар карда, дар дили ӯ меҳри замбӯрпарварӣ ҷо мешавад.

Аз кори давлатӣ ба асалпарварӣ

Қаҳрамони мо пас аз гирифтани гранти раиси вилоят ва омӯзиши қоидаҳои занбӯрпарварӣ дар доираи якчанд лоиҳаҳо муносибаташ ба ин соҳа ҷиддитар мешавад.

“Аслан,  ман аз рӯи шавқ замбӯрпарварӣ  мекардам.  Соли 2019 дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилоятро барои рушди замбӯрпарварӣ гирифтам ва корро дар корхонаҳои давлатӣ бас кардам, пурра ба замбӯрпарварӣ машғул шудам”, – нақл мекунад, Низомат.

Низомат Шарифова. Акс аз саҳифаи Фейсбуки Сафорати Русия дар Тоҷикистон

Ба қавли Низомати замбӯрпарвар, замбӯр як муҷиза аст ва покиву зебоиро дӯст медорад. Обу ҳавои тоза ва гулу гиёҳҳои зиёди ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ барои замбӯрпарварӣ мувофиқ аст.  Агар боду ҳаво номувофиқ ояд,  барои замбӯрпарварон ҳам мушкилиҳо пеш меояд.

Дар тӯли фаъолияти забӯрпарварӣ, Назокат ва додарзодаҳояшро чандин маротиба занбӯр неш задааст.  Неши занбӯрҳо барои Низомат аллакай як чизи муқаррарӣ шудааст.

“Вақте асали хуб мегиред, бароятон  аз ин лаҳзаи хурсандиовар нест. Дар ин ҳолат, замбӯр газад ҳам, дарди заҳрашро ҳис нокарда мемонед. Лекин, вақте оруҳо чашмони додарзодаҳоямро мегазанд, доду фиғони онҳо ба фалак мепечад.

Оғози тирамоҳи соли 2019 буд. Маро ҳангоми гирифтани асали тирамоҳӣ, якбора 5 замбӯр газид ва ин танҳо аз сад яки чунин ҳолатҳост. Дар фасли тирамоҳ, ки ҳаво сард мешавад, замбӯр ҳам беқароу заҳри нешаш ҳам баландтар мешавад”, – нақл мекунад, Низомат.

Бародарзодаи Низоматро занбӯрҳо газидаанд

Тавре Низомат мегӯяд, замбӯрпарварӣ соҳаи камхарҷу сердаромад аст. Ин пеша меҳнати ҷисмонии зиёдеро талаб намекунад  ва барои занҳо хеле  мувофиқ аст.

Рафти ҷамъоварии асал

Низомат мегӯяд, ки кор бе мушкилӣ нест.  Дар аввалҳои кор, ҳангоми бор кардан ва ғунҷондани қутиҳо дар мошин ё ба замин бе осеб гузоштани онҳо барояш мушкил буд. Аммо, бо гузашти вақт дар ҳама кор моҳир шудааст, бар замми ин, тамоми аҳли оилааш ба ӯ дар кораш кӯмак мекунанд.

“Дар раванди нигоҳубини замбӯр, хурду калони хонавода ба ман кӯмак мекунанд.  Масалан, корро метавон чунин тақсим кард. Аввал, як ё ду нафар вақти асалтобӣ  ё асалкашӣ шонҳои асал (хонаи занбӯр) – ро  аз қуттиҳо мегиранд. Сипас,  ду нафар замбӯрҳоро ба  оилаҳо ҷудо карда, шонҳои асалро ба ҷои асалтобӣ мебаранд. Як нафари дигар, қаймоқи асалро мегирад. Сипас, шонҳоро ба асалтобак монда, онро тоб медиҳанду асалро ҷудо карда мегиранд. Воқеан, замбӯрпарварӣ бо як нафар намешавад.”, – шарҳ медиҳад, замбӯрпарвар.

Низомат ягон маротиба фикри даст кашидан аз кори замбӯрпарвариро накардааст. Ҳадафи ӯ, боз ҳам рушд додани замбӯрпарварӣ дар ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ аст. Ӯ роҳбари гурӯҳи занҳои замбӯрпавар аст ва ба ҳамаи онҳо кӯмак мекунад.

Акс аз сомонаи Суғд нюс

Шамъҳои хушбӯй – оромиши асаб

Низомат дар семинарҳои омӯзишӣ шамъсозиро аз худ кардааст. Ҳоло ӯ аз муми боқимондаи асал шамъ месозад, ки дар фасли зимистон барои мардуми кӯҳистон чизи зарурист. Низомат мегӯяд, ки замбӯрпарварӣ корест, ки партов (отходы) надорад.

“Ман бо муме (воск), ки аз асал боқӣ мемонад, шамъ месозам.  Мум ҳангоми вайрон шудани шонҳо аз асал ҷудо мешавад. Пештар мо мумро мепартофтем ҳоло бошад аз он шамъ месозем. Фарқи шамъҳои мо аз дигар шамъҳо дар он аст, ки ҳангоми фурӯзон кардани он бӯйи хуши асал ба машом мерасад”, – мегӯяд, Низомат.

Тарзи тайёркунии шамъ: “Мум – ро гирифта дар оташ гарм мекунем. Баъд  дар  қолабҳои резинии гуногун риштаро рост гузошта, мумҳои обкардашударо атрофи он мерезем. Баъд аз 5-10 дақиқа мум дар дохили қолаб шах мешавад. Баъд аз қолабро гирифтан, шамъ омода мешавад. Бӯйи он дар оромиши асаб низ таъсир мерасонад. Ҳозир мо чор навъи шамъҳои ороишӣ омода мекунем, ки аз рӯйи ҳаҷм ва дарозӣ фарқ мекунад”, – мефаҳмонад, Низомат.

Шамъҳо аз муми асал

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки то ҳол маҳсулоти истеҳсолкардаашонро бандубаст накардаанд. Мизоҷон ва шиносҳо омада асалро яклухт ва чакана мехаранд. Ният доранд,  ки асалро дар зарфҳои замонавӣ бандубаст карда, ба талаботи бозор мувофиқ кунанд.

Мардакзанак” 

Низомат Шарифова соли  1986 дар деҳаи Мадрушкати  ноҳияи  Кӯҳистони  Мастчоҳ таваллуд шудааст. Ӯ аз хурдӣ меҳнатдӯст буд. Вай аз тай кардани роҳи дур ва бо гову гӯсолаҳо ба  баландиҳо баромадан намеҳаросид. Ҳезумро аз талу теппаҳо ҷамъ карда,  як банди калонро ба пушт бардошта, то хона меовард. Ба кори беадади хоҷагидорӣ нигоҳ накарда, Низомат дар мактаб низ хонандаи фаъол буд.

“Ман дар давраи мактабхонӣ хислати бачагона доштам. Ҳамсабақон ва баъзе муаллимон  маро “мардакзанак” – гуфта  масхара мекарданд. Ман аз ин хафа намешудем. Лекин вақте маро “чашмкабуд” мегуфтанд, дар ғазаб мешудам”, – бо лабханд ба ёд меорад, Низомат.

“Паёми Кӯҳистон”  –  мактаби ҳаёт

Низомат соли 2009 тибқи квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба шуъбаи рӯзноманигорӣ дохил шудааст. Рӯзноманигор шудан орзуи кӯдакии ӯ  буд, ки  ҷомаи амал пӯшид. Пас аз фаъолияти рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ, ӯ замбӯрпарвариро интихоб кард.

“Рӯзноманигорӣ касби дӯстдоштаам буд. Шукрона, ки баъди хатми ихтисоси рӯзноманигор – омӯзгор, аввалан,  дар мактаби хатмкардаам ҳамчун муаллима корро сар  кардам. Пасон, дар рӯзномаи ноҳиявии “Паёми Кӯҳистон”  кор  кардам. Кори рӯзнома барои ман мактаберо мемонад, ки то ҳадде дар он пухта шудам.

Баъди фаъолият дар рӯзнома, барои кор ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – и ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ рафтам. То соли 2018, мудири шуъба шуда, кор кардам. Айни ҳол, дар ягон ниҳоди давлатӣ кор намекунам. Тасмим дорам, ки пешаи  замбӯрпарвариро дар ноҳия равнақ давом диҳам, – мегӯяд, Низомат Шарифова.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend