Барои ёфтани ҷойи кор ва таҳсил дар хориҷа. Стартапи ҷавони тоҷик дар Лондон чӣ имкониятҳо дорад

LearnX3 платформаи омӯзишие мебошад, ки дар он дониши забони англисиро беҳтар кардан мумкин аст. Он ба шахсони осебпазири ҷомеа тавассути таълим ва технологияҳо кӯмак расонад.

Стартап забони англисиро ҳамчун воситаи муҳими тавонмандсозӣ мешуморад, ки ба одамон имкон медиҳад, ҷойҳои гуногуни корӣ пайдо кунанд ва дар донишгоҳҳои хориҷӣ стипендия гиранд.

Яке аз муассисони стартап Некрӯз Авғонӣ ба муаллифи Your.tj гуфт, ки платформа чӣ гуна кор мекунад ва чӣ гуна донишҷӯён метавонанд бо он малакаҳои шифоҳии англисиро такмил диҳанд.

Роҳнамоии волидайн ба таъсиси стартап роҳ кушод

Ғайр аз Некруз, бародари ӯ Шамил ва хоҳараш Фархунда низ дар сохтани LearnX3 саҳм доранд. Барои оғози кори платформаи омӯзиши забони англисӣ онҳо аз роҳнамоии волидон илҳом гирифтанд.

“Аз замони кӯдакиамон волидон аҳамияти таълим ва кӯмак ба дигаронро таъкид мекарданд.

Онҳо мегуфтанд: “Мо тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, то шумо соҳиби маълумоти беҳтарин гардед ва вақте ки шумо онро ба даст меоред, зиндагии худро беҳтар кунед, инчунин ба одамони дигар дар беҳтар кардани зиндагии онҳо кӯмак кунед.”

Ин принсип қувваи пешбарандаи мо дар ҳаёт гардид ва ба сохтани LearnX3 илҳом бахшид”,- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Забони англисӣ ҳамчун забони маъмултарин дар ҷаҳон, ба шахс имкониятҳои зиёде медиҳад. Он дар ёфтани кори сердаромад ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он кӯмак мекунад.

Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои асосии LearnX3 кӯмак ба одамон барои азхудкунии забони англисӣ барои кор ё дохил шудан ба донишгоҳ дар хориҷа мебошад.

“Бисёре аз ҳамватанони мо барои кор ба кишварҳои дигар мераванд ва аксар вақт аз сабаби монеаи забон маҷбур мешаванд, ки дар шароити вазнин бо пули кам кор кунанд.

Ин одамони устувор ва меҳнатдӯст, ки имкони омӯзиши забони англисиро пайдо намоянд, метавонанд дар кишварҳое, ки маоши баланд ва шароити беҳтари кор пешниҳод мекунанд, имкониятҳои бештар пайдо кунанд”,- нақл мекунад стартапер.

“Бо забони англисӣ шумо метавонед кори фосилавӣ пайдо кунед”

Тавре Некрӯз қайд мекунад, дарсҳо дар LearnX3 барои нафароне, ки имкони пардохти онро надоранд, комилан ройгонанд.

Платформа инчунин функсияҳои пулакӣ дорад ва ба гуфтаи Некрӯз, тамоми фоида аз имкониятҳои пулакии LearnX3 ба хайрия меравад.

Некрӯз боварӣ дорад, тоҷикониёне, ки забони англисиро хуб медонанд, метавонанд кор дар хориҷа ва кори фосилавӣ пайдо кунанд.

“Covid-19 қувваи кории ҷаҳонро бо фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои кори фосилавӣ, хусусан дар соҳаи технология, тағйир дод.

Дар Тоҷикистон бисёр таҳиягарони боистеъдод ҳастанд, ки забони англисиро хуб медонанд ва метавонанд аз фосилаи дур дар ширкатҳои пешрафтаи технологӣ дар саросари ҷаҳон ҷойҳои кории хуб ба даст оранд.

Донистани забони англисӣ инчунин дарҳоро барои таҳсил дар хориҷа, гирифтани стипендия ва шуғл дар ширкатҳои байналмилалӣ боз мекунад”,- мегӯяд соҳибкор.

AI – роҳнамо ва қобилияти эҷоди муҳтавои таълимии шахсӣ

Бо таҷрибаи барномарезии нармафзор, Некрӯз платформаро худаш таҳия кард. Яке аз аввалин омӯзгорон дар платформа бародари Некрӯз, Шамил буд. Шамил дарсҳоро дар вақти холии худ мегузаронад. Омӯзиш дар ҳамкорӣ Бо Qalam Sglish School гузаронида мешавад.

Хоҳари Некрӯз, Фархунда, ки дар Бритониё ҳамчун менеҷери лоиҳа кор мекунад, дар ҳамоҳангсозии гузаронидани дарсҳо кӯмак кард.

Дар аввал LearnX3 танҳо якчанд функсияҳои асосӣ ва интихоби хурди муҳтаво бо забони англисиро пешниҳод мекард.

Бо гузашти вақт, тими LearnX3 имкониятҳои ҳуши маснуиро муттаҳид кард, ки ин ба донишҷӯён имкон дод, то муҳтаво ва тестҳоро дар мавзӯъҳои барояшон ҷолиб бисозанд.

Инчунин, қобилияти пайгирии натиҷаҳои омӯзиш, ҷадвали донишҷӯёни беҳтарин ва AI-роҳнамо, ки ба саволҳои донишҷӯён дар вақти дилхоҳ ҷавоб медиҳад, илова карда шуд.

Ба наздикӣ, таҳиягарони намояндагии Fina AI, 3D-аватарро муаррифӣ карданд, ки донишҷӯён метавонанд дар вақти воқеӣ тавассути он таҷриба андӯзанд ва фикру мулоҳизаҳо гиранд.

Тими LearnX3 барои иштирок дархост гузошт ва бомуваффақият ба барномаҳои Microsoft for Startups Founders Hub ва Google for Startups қабул карда шуд, ки ҳардуи онҳо ба кам кардани хароҷоти рушди стартап кӯмак намуданд.

“Ин барномаҳо захираҳои зарурӣ, қарзҳои абрӣ ва абзорҳои рушдро пешниҳод мекунанд, ки махсусан барои оғози марҳилаҳои аввал ба монанди мо арзишманданд”,- гуфт Некрӯз.

Номи стартап чӣ гуна пайдо шуд

Некрӯз мегӯяд, дар бораи ин ном фикр кардан лозим набуд. Барои ӯ муҳим буд, ки он бо дини Ислом алоқаманд бошад.

“Мо мусалмонон мекӯшем, ки ба хотири Худо ба дигарон кӯмак расонем. Номи он аз калимаи арабии “Иқраъ” гирифта шудааст, ки “хондан” ё “омӯхтан” тарҷума мешавад.  аввалин калимае, ки фаришта Ҷабраил ба Паёмбар Муҳаммад (с) гуфт, се маротиба такрор кард.

Ҳамин тариқ, LearnX3 маънои “Омӯхтан, омӯхтан, омӯхтан” – даъват ба ҷустуҷӯи самимӣ ва пайвастаи донишро дорад”,- гуфт Некрӯз дар бораи мазмуни номи стартапаш.

Амалияи гуфтугӯӣ аз ҳама муҳимтар аст

Тавре Некрӯз мегӯяд, рисолати стартап баланд бардоштани сатҳи зиндагии табақаҳои камбизоати аҳолӣ тавассути маориф ва технология мебошад.

Имрӯз LearnX3 дарсҳои онлайнии забони англисӣ, амалияи гуфтугӯ ва платформаи омӯзиширо пешниҳод мекунад, ки зеҳни сунъӣ ба он ворид карда шудааст, то ба одамон дар беҳтар кардани сатҳи забони англисӣ, хоҳ барои пайдо кардани шуғли хуб ё гирифтани маълумоти олӣ дар хориҷа кӯмак расонад.

Дар навбати аввал, платформа барои беҳтар кардани малакаҳои гуфтугӯӣ пешбинӣ шудааст, зеро, Ба гуфтаи Некрӯз, на ҳама донишҷӯён имконият доранд, ки онро мунтазам амалӣ кунанд.

“Дар ҳоле ки грамматика ва гӯшкуниро мустақилона тавассути китобҳо ва видеоҳо такмил додан мумкин аст, суханронӣ ҳамкории доимиро талаб менамояд, ки платформаи мо таъмин мекунад.

Сухан гуфтан барои онҳое, ки мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, муҳим аст, зеро муошират омили асосии ба кор қабул кардан аст” мегӯяд Некруз.

Ҳоло барномаи платформа ба одамони дорои сатҳи миёнаи англисӣ нигаронида шудааст, аммо аз рӯи нақшаҳои оянда, онҳое, ки нав ба омӯзиши забон шурӯъ мекунанд, метавонанд аз он истифода баранд.

“Мо мехоҳем, ки платформаи худро барои ҳама, новобаста ба сатҳи забондониашон дастрас созем ва онҳоро дар роҳи азхудкунии комили забон дастгирӣ кунем.

Ҳадафи дарозмуддати мо диверсификатсияи он чизест, ки бо ворид кардани имконоти бештар ба монанди омӯзиши мошинсозӣ, таҳияи нармафзор ва робототехника пешниҳод мекунем, то одамон тавонанд малакаҳоеро ба даст оранд, ки ба онҳо дари имкониятҳои навро кушоянд”,- гуфт стартапер.

Дар ояндаи наздик, тими LearnX3 барномаи мобилиро ба истифода медиҳад, то платформа ва дарсҳоро боз ҳам дастрастар мекунад.

Инчунин функсияе таҳия карда мешавад, ки ба муҳандисони нармафзор дар мусоҳибаҳои беҳтар бо забони англисӣ барои кор дар хориҷа кӯмак мекунад.

“Мо ба рисолати худ содиқем, мехоҳем ҳаёти одамонро ба сӯи беҳтар тағйир диҳем”

Learnx3 дар Британияи Кабир ба қайд гирифта шуда, дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Qalam Sglish School ва Ташкилоти “Пешрафт” корро оғоз кардааст.

Илова бар ин, стартап бо созмони  Kashmir Education Initiative-и Ҳиндустон ҳамкорӣ мекунад, ки дастрасӣ ба таҳсилотро барои кӯдакони аз ҷиҳати молиявӣ камбизоат дар Кашмир таъмин мекунад.

“Дарҳои мо барои шарикӣ ва ҳамкорӣ бозанд. Агар ягон созмони хайриявӣ мехоҳад барои кӯмак ба одамони бештар ҳамкорӣ кунад, мо аз кор хеле хурсанд хоҳем шуд” мегӯяд Некруз.

Имрӯз ба дастаи LearnX3 ҳашт нафар аз Бритониё, Нигерия, Туркия, Узбекистон, Африқои Ҷанубӣ ва Покистон шомиланд.

Ба гуфтаи Некрӯз, ҳар як аъзои даста дорои малака ва нуқтаи назари беназир аст, ки рисолати стартапро пеш мебарад.

“Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҳавасмандии амиқ доранд ва ба ҳадафи тағйир додани ҳаёти одамони дигар содиқанд”,- гуфт ӯ.

“Якҷо кардани кор ва стартап душвор аст, аммо кӯшиш мекунем, ки платформаро такмил диҳем”

Тими Некрӯз, дар тарғиби стартапи LearnX3 бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ нашудааст, зеро шарикон ва Instagram-инфлюенсер Саъдӣ Тоирзода ба пешбурди платформа дар интернет кӯмак карданд. Аммо аксари мушкилот ҳангоми сохтани худи маҳсулот ба миён омаданд.

“Масалан, мо фикр мекардем, ки донишҷӯён омӯхтани забон аз соҳибзабононро самараноктар меҳисобанд, аммо баъдтар фаҳмидем, ки барои бисёре аз донишҷӯен фаҳмидани шеваи гуфтори онҳо душвор аст”,- гуфт ӯ.

Мушкили бузургтарин имрӯз дар он аст, ки барои аъзоёни тим якҷоя кардани рушди LearnX3 бо фаъолияти асосии онҳо душвор аст.

“Вақте ки мо кор карданро идома медиҳем, бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешавем, аммо ҳар як таҷриба ба мо дарсҳои пурарзиш медиҳад ва ташвиқ мекунад, ки дарсҳо ва платформаи худро такмил диҳем”,- гуфт стартапер.

Таҳсили англисӣ ба Некрӯз имкон дод, ки забони англисиро такмил диҳад

Некрӯз Авғонӣ дар Душанбе таваллуд шуда, ба воя расидааст. Дар аввал ӯ дар мактаби №54 таҳсил мекард, сипас ба Литсейи иқтисодии Тоҷикистону Туркия гузашт.

Соли 2013 Некрӯз бори аввал ба Бритониё рафт ва ба зинаи бакалаври Manchester Business School (University of Manchester) дар самти Менеҷмент дохил шуд.

Пас аз таҳсил, соли 2019 ҷавон ба Тоҷикистон баргашт. Соли 2021, пас аз пандемияи COVID-19, ӯ дубора ба Бритониё рафт.

Дар айни замон, Некрӯз ҳамчун фронтенд-таҳиягар дар ширкати Papaya Technologies кор мекунад.

Ҷавон забони англисиро хуб медонад. Таҳсил дар литсейи тоҷикӣ-туркӣ, ки дар он бисёр фанҳо бо забони англисӣ таълим дода мешуданд, ба ӯ заминаи устувор фарощам овард ва донишгоҳи Бритониё ба ӯ имкон дод, ки забондонии худро такмил диҳад.

“Нагузоред, ки тарси хато кардан шуморо боздорад”

Ба ҳар касе, ки мехоҳад сатҳи дониши забони англисиашро беҳтар кунад, Некрӯз тавсия медиҳад, ки пеш аз ҳама худро ба муҳити забон ворид созанд, аз ҷумла тавассути тамошои филмҳо, гӯш кардани подкастҳо ва хондани китобҳо бо забони англисӣ.

“Барои беҳтар кардани гуфтугӯ, ба LearnX3 ҳамроҳ шавед, ки дар он шумо метавонед бо донишҷӯени дигар ва AI-аватари мо машқ кунед, то ҳама гуна мавзӯъро муҳокима намуда, фавран ҷавоб гиред.

Ҳангоми амалия, на ба грамматика, балки ба рушди нутқи шифоҳӣ диққат диҳед.

Хатоҳо як қисми омӯзиш мебошанд, бинобар ин аз хато кардан натарсед. Нагузоред, ки тарси гуфтани чизи нодуруст шуморо боздорад. Чӣ қадаре ки бештар гап занед, ҳамон қадар зудтар меомӯзед.

Маслиҳати охирин, аммо муҳим, омӯзиши забон мисли як марафон аст, аз ин рӯ ҳадафҳои иҷрошавандаро гузоред, ба монанди омӯхтани панҷ калимаи нав дар як рӯз ё 15 дақиқа машқ кардан.

Мураттабӣ хеле муфид аст, ҳатто агар шумо андак, вале ҳар рӯз машқ кунед”,- таъкид кард ҷавон.

Тоҷикистониёне, ки камюизоат ҳастанд, метавонанд тавассути ташкилоти хайриявии “Пешрафт” ё мустақиман тавассути почтаи электронии таҳиягарон team@learnx3.co.uk ба омӯзиши ройгон дастрасӣ пайдо кунанд.

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо

Skip to toolbar