Барканории раиси бахши марзбонии гузаргоҳи байни Тоҷикистону Узбекистон пас аз шикояти сокинон

Ҷасади халабони ҳалокшуда ҳоло ҳам дар ҷойи ҳодиса аст

Бо гузашти панҷ рӯз аз садамаи чархбол дар ноҳияи Ванҷ, ҷасади Сергей Тюнин халабони ин чархбол дар баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Бо гузашти панҷ рӯз ҷасади халабон Сергей Тютин, ки бо чархболи тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳоло ҳам дар ҷойи ҳодиса аст. Ӯ дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус рафта буд.

Ба гуфтаи роҳбари Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ҷамшед Камолов, айни замон имдодгарон чархболи хадамоти марзбониро интизоранд, то ки ба ҷойи фоҷеа рафта, ҷасади халабонро оранд.

“Ҳоло ҳама мушкил сари он аст, ки танҳо ба чанде халабонҳо иҷоза дода шудааст, ки дар баландии зиёда аз 5 ҳазор метр парвоз кунанд. Яке аз чунин мутахассисони касбӣ Сергей Тютин буд. Ҷасади ӯ дар баландии 5300 метр аст”, – гуфт Ҷамшед Камолов дар сӯҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс”.

Айни замон халабоне ҷустуҷӯ мешавад, ки таҷрибаи кофӣ ва барои парвоз ба ин сатҳ баландӣ иҷозатнома дошта бошад.

Тоҷикистону Қирғизистон протоколи навбатӣ доир ба марзро имзо карданд

Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо, аз 4 то 9 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади ду давлат баргузор шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки пас аз анҷоми мулоқот протоколи дахлдор  имзо гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар Қирғизистон доир кунанд.

Қайд мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Тағйирот дар гузаргоҳи байни Тоҷикистону Узбекистон баъди шикоятҳо аз “ҳақситонӣ”

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, раиси бахши марзбонии гузаргоҳи “Фотеҳобод” (“Ойбек”) дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ва муовинонаш аз мансаб барканор шудаанд.

Мақомот ба таври расмӣ масъаларо шарҳ надоданд. Аммо тағйироти кадрӣ дар пайи шикоятҳои пайиҳами мусофирон аз “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳ сурат мегирад. Ду ҳафта пеш навори шикваи мусофиронро нашру пахш кард ва даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба он вокунишу ҳамовозӣ намуданд.

Як манбаи боварбахши ин расона рӯзи 9-уми август гуфтааст, ҳоло подполковник Боймурод Абдулҳамидов ба ҷойи Олим Сатторов раиси бахши марзбонии гузаргоҳи “Фотеҳобод” таъин шудааст. Ӯ то ин дам раёсати гузаргоҳи “Гулистон” дар Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистонро ба уҳда дошт.

Рӯзи 28-уми июл дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” (Ойбек) садҳо нафар дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ омада, хоҳони гузаштан аз сарҳад шуданд. Аммо, ба иддаои баъзе аз хоҳишмандони убури сарҳад, аз онҳо барои гузаштан “ҳақ” талаб мекарданд. .

Вазорати рушди иқтисод аз имзои 5 созишномаи ҳамкорӣ бо корхонаҳои Туркманистон хабар дод

Дар доираи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ миёни корхонаҳои Тоҷикистону Туркманистон 4 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Дафтари вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, ки дар доираи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи сайёҳии “Аваза”-и шаҳри Туркманбошии Туркманистон баргузор шуд, корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 созишнома ва як ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Манбаъ хабар додааст, ки тибқии ин санадҳо аз Туркманистон ба Тоҷикистон 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 50 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, маҳсулоти кимиёвӣ ва нуриҳои минералӣ ворид карда мешавад.

Ҳамчунин, аз Тоҷикистон ба Туркманистон содироти 10 ҳазор тонна алюминий дар як сол ва инчунин пешниҳоди тарофаҳои рақобатпазир барои интиқол ва транзити молу маҳсулот тавассути роҳи оҳан дар назар аст.

Коронавирус дар Тоҷикистон: сабти 138 ҳолати нави сироятёбӣ дар рӯзҳои истироҳат

Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 138 нафар зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 651 нафар расид.

Рӯзҳои истироҳат ҳолатҳои фавт аз COVID-19 ба қайд гирифта нашуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия бетағйир – 122 нафар боқӣ мемонад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 15 ҳазору 193  нафар ё худ 97,1%-ро ташкил медиҳад. Давоми ду шабонарӯз 157 нафар шифо ёфтаанд.

Якуним миллион сомонӣ – қарз. Маоши омӯзгорони Муъминобод куҷо шуд?

Омӯзгорони мактабҳои миёна дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон имсол маоши тобистонаро нагирифтаанд. Ҳоло мақомот аз онҳо зиёда аз якуним миллион сомонӣ қарздоранд. Дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, барои ҳалли масъала ба Вазорати молия муроҷиат шуд, вале то ба ҳол посухе нест.

“Худам ду дафъа ба Вазорати молия рафтам. Мактуб бурдам. Ҳоло бояд вазъияти имрӯзаро ҳам ба назар гирем, ки чӣ қадар вазъияти мураккабӣ молиявӣ аст”, — мегӯяд, раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода.

Ноҳияи Муъминобод аз буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят сармоягузорӣ мешавад. Ҳоло натанҳо муаллимон, балки кормандони соҳаи тандурустӣ низ мегӯянд, маоши худро нагирифтаанд.

Раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, дар моҳи июли имсол гуфта буд, ки набояд аз ҳисоби маош дар вилоят қарз вуҷуд дошта бошад. Тоҷиддин Мирзобаротов, сардори Раёсати молияи Муъминобод, мегӯяд, 30 дарсад музди давраи рухсатӣ дар ноҳия пардохт шудааст, боқимонда – не.

“Мо барои гирифтани пул ба Сарраёсати молияи вилоят ва аз онҷо ба Вазорати молия мактуб кардем, мнутазир ҳастем”, — афзуд ӯ.

Skip to toolbar