fbpx

Барқро хомӯш карданд? Ба телефони боварӣ занг занед

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Телефони боварии Барқи тоҷик

Имомхатиби масҷид – сардори дастаи футбол

Имомхатиби масҷиди марказии ҷомеи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Саийдакрам Сироҷев бо лақаби “Домулло Хол” сардори дастаи футболи “Ҳулбук” интихоб шуд.

Дастаи футболи Ҳулбук
Акс аз сомонаи fft.tj

Дастае, ки номи қалъаи қадимиро дар Восеъ дорад, дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ имоми футболбозро бо гуфтаҳои “Мулло Хол ба пеш!” хушнудона истиқбол карданд.

Як гурӯҳ мухлисон пуштибонии худро аз рӯҳониён дар майдони варзиш бо он асоснок карданд, ки ба назари онҳо, «дин аз дунё ҷудо нест. Кӣ гуфт, ки рӯҳонӣ набояд ба варзиш машғул шавад? Ин марди наҷиб ин корро ба манфиати ҷамъият кард. Худо ба ӯ ва дастаааш баракат диҳад! ”.

Дар даста умедворанд, ки обрӯву нуфузи имомхатиб ба кумаки тоҷирони маҳаллӣ ҷиҳати дар соли оянда ба Лигаи олии мамлакат роҳхат гирифтани дастаи “Ҳулбук” мусоидат мекунад. “Ҳулбук” қаблан дар Лигаи олӣ бозӣ карда, лекин бо сабаби камбуди молиявӣ дар он муддати тӯлонӣ фаъолият карда натавонист.

Дар мавсими пешини мусобиқаи Лигаи якум “Ҳулбук” зинаи 7-умро ишғол кард. Имсол даста талош мекунад, ки ба Лигаи олӣ роҳ ёбад.

Барқро хомӯш карданд? Ба телефони боварӣ занг занед

Дафтари матбуоти ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар медиҳад, ки дар робита ба қатъи барқ ​​телефони бовариро ба кор андохтааст.

Телефони боварии Барқи тоҷик

Шумо метавонед ба ду рақам: 778-88-60-21 ва телефони шаҳрӣ 2-50-33-01 занг занед.

Гуфта мешавад, ки ин рақамҳои телефонӣ ба хотири кӯмак ба аҳолӣ дар масъалаҳои таъмини бефосила бо нерӯи барқ, муносибати байни кормандони соҳаи тақсими барқ ​​бо истеъмолкунандагон ва шаффофияти кор таъсис дода шудаанд.

Хатти боварӣ дар фасли зимистон, замоне ба кор даромад, ки сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир аз қатъи нерӯи барқ ​​нигарон буданд ва шикоят доранд, ки ба далели мушкили системаи гармидиҳӣ дар ин сармоҳо нерӯи барқ ​​ягона манбаи гармӣ ва рӯшноӣ дар хонаҳои онҳост, аммо ҳоло бо барқ ҳам мушкилот вуҷуд дорад.

Аз ҷумла сокинони маҳаллаҳои шаҳраки Гипрозем, Зарафшон, Маяковский ва Профсоюз ду рӯз аст, ки дар як шабонарӯз аз 1 то 3 соат қатъ шудани нерӯи барқ ​​шикоят доранд ва мегӯянд, ки зангҳои доимии онҳо ба шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо натиҷа намедиҳанд.

Шабакаи тақсими барқи Душанбе қатъи нерӯи барқ ​​дар навоҳии Душанберо таъйид карда, изҳор доштааст, ки “ба далели сардии ҳаво талаботи мардум ба нерӯи барқ ​​афзоиш ёфта, боиси аз кор мондани зеристгоҳҳо ва қатъ шудани онҳо мешавад”.

Боздошти ронандае, ки ба задани корманди БДА дар Истаравшан гумонбар мешавад

Маъмур Шарифови 36 – сола барои қасдан задани як корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар Истаравшан гумонбар дониста мешавад. Ҳодиса субҳи 28-уми декабри соли 2022 дар хиёбони И.Сомонӣ, дар назди бозори марказии шаҳр рух додааст, шарҳ додаанд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”.

Марде, ки корманди БДА-ро задааст
Намогирифт аз “Азия плюс”: гумонбаршаванда Маъмур Шарифов

Гуфта мешавад, як афсари БДА барои дар ҷойи нодуруст гузоштани мошин аз ронанда ҷиҳати тартиб додани протокол ҳуҷҷат талаб кардааст ва ронанда мошинро ба болои ӯ рондааст.

“Корманди шӯъбаи корҳои дохилии ШВКД – и дар шаҳри Истаравшан, лейтенанти милиса Эхсон Муҳиддинов ин қоидавайронкуниро пай бурда, талаб кардааст, ки ҳуҷҷатҳо барои тартиб додани протокол пешниҳод карда шаванд.

Пас аз ин, Шарифов на танҳо аз нишон додани шаҳодатномаи ронандагӣ худдорӣ кард, балки Муҳиддиновро зада ғалтонд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард”, – гуфта мешавад дар навор.

Ронанда пас аз пахши корманди БДА, ки садди роҳаш истода буд, фирор мекунад. Лаҳзаи рух додани ҳодиса дар дастгоҳи сабти навор қайд гардидааст. Чаро Шарифов ин корро кардааст, хабар дода нашудааст.

Шоҳидони айнӣ ба Муҳиддинов кӯмак карда, ӯро ба бемористон бурдаанд ва маълум шудааст, ки дар пайи ҳодисаи мазкур пойи корманди БДА шикаста, ҷароҳатҳои дигари ҷисмонӣ низ бардоштааст.

Айни ҳол, Маъмур Шарифов боздошт шуда, дар боздоштгоҳ қарор дорад. Додситонии шаҳр дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 328 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тибқи он, Шариповро ҷазо дар намуди маҳдуд кардан ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад.

Худкушии корманди давлатӣ дар Панҷакент

Асад Мардонов, иқтисоддони Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Панҷакент худкушӣ кардааст. Ӯ 44 сол дошт. Марҳумро 11 – уми январ дафн карданд.

Худкушии корманди давлатӣ

Радиои Озодӣ аз нақли як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Панҷакент менависад, ки Мардонов пас аз санҷиш ва бозпурсии маъмурони Идораи мубориза бо фасод “даст ба худкушӣ задааст”.

“Ба касе чизе нагуфтааст. Сабаби худкушияш дақиқ нест. Мақомот тафтиш доранд”, – меафзояд манбаъ.

Дар Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд то ин дам ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, тафтиш дар Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа “дар пайи шикояти шахси номаълум” шуруъ шудааст.

Мақомот ба таври расмӣ қазияро шарҳ надоданд.

Асад Мардонов пештар дар идораи “Агропром” – и шаҳри Панҷакент кор мекардааст.

Дар гузашта чанд мавриди худкушии кормандони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Аз ҷумла, раиси корхонаи “Замини Ғончӣ” – и ноҳияи Деваштич, Эгамбердӣ Худойбердиев, соли 2013 ва пас аз ошкор шудани мавридҳои фурӯши замин дар ин ноҳия даст ба худкушӣ зада буд.

Шикояти сокинон аз бебарқиву корношоямии низоми гармидиҳӣ дар Душанбе

Тибқи иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, то рӯзи 21-уми январ дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво шабона то 8-9 дараҷа хунук шуда, рӯзона танҳо то 1-2 дараҷа гарм мешавад.

Норасоии барқ дар Тоҷикистон
Акс: Нозим Қаландаров

Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво аз Душанбе ҳам сардтар хоҳад буд. То охири ин ҳафта, ҳаво дар вилояти Суғд шабона то 11 дараҷа ва рӯзона то 2-5 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳам тақрибан айни ҳамин вазъи боду ҳаво пешгӯӣ мешавад.

Дамои ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона то 22 ва рӯзона то 5 дараҷа сард хоҳад шуд. Мутахассисон мегӯянд, чунин сардии ҳаво дар 15 соли ахир бесобиқа аст.

Сардиҳои камсобиқа аз 10-уми январ оғоз шуд ва ин ҳолат барои сокинон мушкилиҳои зиёдро эҷод кардааст. Дар рӯзҳои сард даҳҳо нафар сокинони пойтахт аз низоми барқу гармидиҳӣ шикоят доранд.

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, дар ин рӯзҳои сард низоми гармидиҳии Душанбе чандон фаъол нест ва наметавонад манзилҳоро гарм кунад.

Инчунин ба гуфтаи сокинон, нерӯи барқ ҳам соатҳо хомӯш мешавад ва онҳо намедонанд, ки манзилҳои худро бо чӣ гарм кунанд. Бар иловаи дуруст кор накардани низоми гармидиҳӣ ва қатъ шудани интиқоли барқ, камбуди об яке аз мушкилии дигари сокинон дар ин рӯзҳо аст.

Мақомот гуфтанд, бо сабаби сардии шадид қубурҳо ях бастаанд ва онҳо талош доранд тариқи мошинҳои обкаш сокинонро бо об таъмин кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend