Исмоилҷон Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода

Ба собиқ афсари ВКД 20 соли зиндон талаб кардаанд. Ӯ ба одамрабоӣ ва куштор айбдор мешавад

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд талаб кард, ба собиқ подполковники Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Акмал Юсуфзода 20 соли зиндон дода шавад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Юсуфзода дар рабудани Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратӣ ва даст доштан дар куштори ӯ муттаҳам мешавад.

Вакили дифои айбдоршаванда бо талаби прокурор аз суд розӣ нест.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 23 феврал дар суд гуфтааст, сабаби ин ҳодиса рашки Акмал Юсуфзода аз мукотибаи ҳамсараш бо омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратӣ Исмоил Раҳмонов дар мессенҷери Фейсбук будааст.

Ба гуфтаи проркурор, судшаванда чанд бор навиштаҳои ҳамсарашро бо омӯзгор дар Фейсбук дида, ахириро огоҳ кардааст, ки дигар ба ҳамсари ӯ паёмҳои ошиқона нанависад. Ҳамсари ин афсари собиқ омӯзгори забони англисии Донишгоҳи тиҷоратӣ аст ва ҳамкори Исмоил Раҳмонов буд.

Аммо наздикони Раҳмонов ин даъворо рад карда мегӯянд, миёни ҳамсари Юсуфзода ва хешованди онҳо ба ҷуз муносибатҳои корӣ дигар чизе набуд.

Дар маводи парвандаи ҷиноятӣ гуфта мешавад, ки Акмал Юсуфзода шаби 12 июни соли 2023 тасмим гирифтааст, ки омӯзгорро “ҷазо диҳад”. Ӯ Исмоил Раҳмоновро аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и шаҳри Душанбе рабуда, зӯран ба мошинаш савор карда, ба самти ноҳияи Айнӣ бурда, омӯзгорро бо дастони баста ба яке аз ҷойҳои серталотуми дарёи Фон партофтааст.

Прокурор гуфтааст, Акмал Юсуфзода ҳамчун зодаи вилояти Суғд медонист, ки дар километри 118-и роҳи Душанбе-Чаноқ дарёи Фон пурталотум аст ва “одам наҷот намеёбад”. Бар замми ин, ӯ дастони Раҳмоновро баста ва ин корро дар шаб анҷом додааст.

Ҳамин тариқ, Юсуфзода на танҳо ба одамрабоӣ, балки ба куштор низ айбдор карда шуд. Аз рӯи ду иттиҳом прокурор ба ӯ 20 соли зиндонро талаб карда шудааст.

Ин ҳафта худи Юсуфзода сухани охиринашро дар додгоҳ баён мекунад ва баъди он, ҳукм бароварда мешавад.

Иштироки бевосита дар ҷиноят ё хабар надодан дар бораи ҷиноят. Шукуровро бо чӣ айбдор мекунанд?

Ба ҷуз Акмал Юсуфзода, хеши ӯ Исмоилҷон Шукуров низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ба таъкиди прокурор, шаби ҳодиса Шукуров дар рабудани омӯзгор бевосита даст доштааст. Дар суд ду вакили дифоъ аз ҳаққи ӯ ҳимоят мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, зерҳимояи онҳо аз нияти Акмал Юсуфзода хабар надошт ва гумон кардааст, ки афсар дар рабудани кадом ҷинояткор ба кумак ниёз дорад.

Прокурор ин нишондодро рад карда аз додгоҳ хостааст, ба Шукуров 12 соли зиндон дода шавад. Аз суханони прокурор ва вакилони мудофеъ маълум шуд, ки Исмоилҷон Шукуров ҳангоми рабудани Раҳмонов бо Акмал Юсуфзода буда ва ӯро то нақби “Истиқлол” ҳамроҳӣ кардааст.

Вакилони дифоъ батакрор гуфтаанд, ки Исмолиҷон Шукуров аз нияти афсар хабар надошт ва барои ҳамин гунаҳкор кардани ӯ ба одамрабоӣ нодуруст аст. Онҳо гуфтаанд, ин нафар бояд танҳо барои хабар надодан дар бораи ҷиноят гунаҳкор дониста шавад.

Пас аз шаш моҳи тафтишот парвандаи рабуда шудани омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратӣ дар охири моҳи январ ба Суди олӣ фиристода шуд.

Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷоратӣ кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд.

Skip to toolbar