"Ба Ҳаҷ мефиристем гуфта фиреб доданд".

“Ба Ҳаҷ мефиристем гуфта фиреб доданд”. Мақомот ду ҷавонро бо ҷурми қаллобӣ ҷустуҷӯ доранд

Нисбати ду сокини шаҳри Душанбе барои фиреби шаҳрвандон бо ваъдаи фиристодани онҳо ба адои ҳаҷҷи фарзӣ аз ҷониби ВКД Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Фирдавс Фирдавсови 19-сола ва Навруз Ҳасанови 25-сола бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, ҷиҳати фиристонидани онҳо ба зиёрати Ҳаҷи фарзӣ дар соли 2023 аз ҷабрдидагон маблағҳои гуногунро тасарруф намудаанд”,- омадааст дар хабари ВКД.

Ин ниҳод аз шаҳрвандоне, ҷабрдидаи кирдорҳои ҷиноятии ин нафарон гардидаанд ё дар бораи ҷойи буду боши онҳо ягон маълумот доранд, хоҳиш менамояд, ки тариқи телефонҳои 901-50 00 51, 939 92 76 16 ва 221 01 49 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.

Ин аллакай ҳодисаи сеюми фиреби шаҳрвандон аз ҷониби қаллобон бо баҳонаи фиристодан ба Ҳаҷ дар як моҳи охир мебошад.

Чанд рӯз пеш сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони қаллобӣ дастгир шуда буд. Ӯ аз ду сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ваъдаи фиристодан ба зиёрати Ҳаҷ маблағи калони пулӣ ба андозаи 180 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Аввали моҳи июл ВКД аз боздошти ду сокини Шаҳринав хабар дода буд, ки ба фиреби 60 нафар бо ваъдаи фиристодан барои зиёрати Ҳаҷ гумонбар мешуданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, онҳо аз ҳар кадоме панҷуним ҳазор долларӣ гирифта, вале ба ваъдаашон вафо накардаанд.

Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Маблағи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз гаронтаринҳост.

Skip to toolbar