fbpx

“Шоҳмот – тамрини ақл”. Сино чӣ тавр дар Дубай Академияи шоҳмот таъсис дод

Сино донандаи чор забон ва таъсисдиҳандаи маркази забономӯзии "Infinity" ва Акдемияи шоҳмоти "Сино" (Sino Chess Academy) мебошад.


3
3 points
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Сино Ҳотамӣ – шоҳмотбози 22-солаи тоҷик охирҳои соли гузашта бо бошгоҳи шоҳмоти Аморати Муттаҳидаи Араб шартнома ба имзо расонида, дар Дубай филиали дуюми Академияи шоҳмотро боз намуд.

Ӯ қаҳрамони Тоҷикистон оид ба шоҳмот, довари  Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) ва ҳамчунин таъсисдиҳандаи Академияи шоҳмоти Сино (Sino Chess Academy) ва  маркази забономӯзии “Infinity” (Infinity Language Learning Center) аст. Your.tj лозим донист, ки дар Рӯзи байналмиллалии шоҳмот – 20 июл аз даствардҳои ҷавони тоҷик дар ин самт бори дигар ёдовар шавад.

Аз боби хотироти хурдсолӣ

Сино Ҳотамӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ба бозии шоҳмот шавқи зиёд дошт. Волидон ва хоҳарбузурги ӯ низ шоҳмотбоз ҳастанд. Ин барои шатранҷбоз шудани ӯ сабаб гардид.

Сино аз сесолагӣ ба бозии шоҳмот машғул аст ва аввалин маротиба дар синни чорсолагиаш дар мусобиқаи шоҳмот ширкат варзид. Дар ин мусобиқа ӯ хурдтарин иштирокчӣ буд. Соли 2008 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии  шоҳмот иштирок намуд ва ғолибиятро ба даст овард, ки ин нахустин ғолибияташ маҳсуб меёбад. Ӯ  аз хотироти кӯдакии худ қисса намуд.

“Вақте дусола будам, волидонам ба шаҳри Душанбе кӯчида омаданд. То ҷое ёд дорам, зуд‑-зуд ба зодгоҳ мерафтем. Хусусан дар фасли баҳор ҳамроҳи амакам Сӯҳроб ба қуллаҳои кӯҳи Хоҷамуъмин мебаромадем ва тамоми рӯз хушҳол будем. Сайругашт дар деҳа ва ба кӯҳ баромаданро дӯст медорам. Вақте ба қуллаи кӯҳ мебароӣ манзараро аз боло мушоҳида кардан хеле гуворост. Обу ҳавои тозаи деҳа ба инсон лаззати хосаро ҳадя менамояд”,- ба ёд овард Сино.

Бозии шоҳмот – шуғли дӯстдоштаи хонавода

Сино ягона писар дар хонаводаашон аст. Аъзоёни оила низ ба бозии шоҳмот таваҷҷуҳ доранд. Модари ӯ Саодат Одинаева директори Мактаби шоҳмотбозӣ дар шаҳри Душанбе мебошад ва хоҳараш Мутриба Ҳотамӣ 7 карат қаҳрамони Тоҷикистон ва Осиё оид ба бозии шоҳмот мебошад. Ҳоло ҳамроҳи хоҳараш дар Академияи шоҳмоти Сино ба шогирдон ин намуди варзишро меомӯзонанд.

“Бобоям шоҳмотбоз буданд ва аз ҳамон давра то имрӯз дар хонаводаи мо бозии шоҳмот ба ҷузъи ҷудонашаванда ҳаёти ҳар яки мо табдил ёфтааст. Ин шуғли касбии мост, мо мехоҳем истеъдоди худро сайқал диҳем ва ба дигарон ҳам омӯзонем. Чунки шоҳмот ин варзиши ақл аст ва ҳар кас бояд онро балад бошад.

Шоҳмот ба мисли мубориза бо худ ва бо хатоҳои худ аст, яъне монанди бозиҳои ҳаёт. Маҳз ба ин хотир ин намуди варзишро интихоб кардам ва ягона орзуям ин аст,ки шоҳмотбозӣ дар ватанамон рушд кунад ва ба насли оянда ба мерос бимонад”,‑ мегӯяд ӯ.

Иштирок дар мусобиқаҳо ва оғози муваффақиятҳо

Қаҳрамони мо пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи шаҳри Москва ба номи А.С Грибоедова ба факултаи забоншиносӣ супорид, аммо бо сабаби даргузашти падар онро ба итмом расонида натавонист. Ӯ аз хурдсолӣ орзу дошт, ки мактаби шоҳмотбозии худро боз намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Сино Академияи шоҳмоти худро дар Дубай боз намуд ва ба дунболи орзуҳояш рафт.

Сино чанд маротиба дар Чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон ва Олимпиадаи шоҳмот ба ҳайси сардори дастаи мунтахаби шоҳмотбозони кишвар ширкат намуда, ғолибиятро ба даст овардааст. Ӯ қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳамчунин дорандаи унвони устоди варзиш мебошад. Солҳои охир дар мусобиқаҳо камтар ширкат мекунад ва бештари вақти худро дар машғулиятҳои Академияи шоҳмот ва  омодасозии шогирдон сарф менамояд.

Қаҳрамони мо ҳоло дар Дубай қарор дорад ва дар Академияи шоҳмоти Сино ҳамчун мураббӣ ба одамон бозии шоҳмотро меомӯзонад. Дарсҳои онҳо тариқи онлайн ва офлайн гузаронида мешавад.

“Шогирдони мо аз давлатҳои Аврупо, Россия, Чин, Эрон ва Тоҷикистон мебошанд. Дарсҳои мо асосан бо забонҳои русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Як сол мешавад, ки Академияи шоҳмотро боз кардем ва дар ин фурсати кӯтоҳ тавонистем дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ иштирок кунем.

Дар ин мусобиқа панҷоҳ нафар шогирдони мо ширкат намуданд, ки аз байни онҳо се нафар ғолибиятро ба даст оварданд. Дар айни ҳол боиси хушҳолист,ки шоҳмотбозӣ рушд карда истодааст ва таваҷҷуҳи ҳамватанонамон низ бештар гаштааст”,- мегӯяд варзишгари ҷавон.

“Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”

Сино Ҳотамӣ чор забонро медонад: тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва испанӣ. Ӯ калиди муваффақиятҳои худро дар донистани забонҳои хориҷӣ медонад. Ҳоло мехоҳад забони арабиро низ биомӯзад, чун мехоҳад бо фарҳангу таърихи кишваре, ки ҳоло зиндагӣ мекунад, ошно гардад. Ӯ ба кишварҳои зиёде сафар кардаву бо таъриху фарҳанги он ошно гардидааст.

“Аввалин сафари ман дар синни 12 солагиам буд, ки ба Туркия рафта будам. Пас аз он ман фаҳмидам, ки донистани забонҳои хориҷӣ бароям дари миллионҳо имкониятро боз мекунад. Донистани забонҳои хориҷӣ ин дониши ҷаҳонист. Забон ва дониши муоширати байнифарҳангӣ ба ман имкон дод, ки чанд қадам ба пеш устуворона қадам гузорам, дар назди ҳар як ҳамсуҳбатам дилпур бошам. Ба давлатҳои  Эрон, Узбекистон, Федератсияи Россия, Кирғизистон ва Британияи Кабир сафар кардаам. Кишвари дӯстдоштаи ман Британияи Кабир, шаҳрҳои Лондон ва Оксфорд аст”,- нақл намуд Сино.

Махсусиятҳои бозии шоҳмот

Ба қавли Сино бозии шоҳмот ба инсон имконият медиҳад,ки зеҳнияти худро қавӣ гардонад.

“Шоҳмот – тамрини беохир барои беҳтар намудани фикрронӣ (ё ақл) аст, ки қобилиятҳои ақлонии  дар тӯли ҳаёт истифодашавандаро инкишоф медиҳад, аз қабили: тамаркуз кардани фикр, тафаккури танқидӣ, тафаккури абстрактӣ. Шоҳмотбоз қобилияти дар лаҳзаҳои зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати зеҳниро аз худ мекунад ва эҳсосоти худро идора менамояд. Шоҳмот ҳолати устуворӣ ва экстрималиро тарбия мекунад”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Ба андешаи Сино мураббӣ ва омӯзгорон ба муҷассамасозон монанданд. Онҳо гӯё гили одиро шакл дода, шоҳасарҳои ҳақиқӣ меофаранд.

Ӯ ҳамчун мураббӣ барои тарбияву омӯзонидани шогирдон тактикаи хоси худро дорад. Роҳи асосии муваффақияти як омӯзгорро дар дӯст доштани касбаш медонад.

“Ҳар як фард истеъдоди худро дорад. Мутахассиси ҳақиқие, ки касбашро дӯст медорад, бояд инро бубинад ва ба тарафи муқобил кӯмак кунад, то вай кушода шавад ва дар вазъиятҳои гуногуни зиндагӣ истеъдодашро татбиқ кунад. Омӯзгорӣ он нест, ки шумо танҳо ба касе чизе таълим медиҳед ва гӯё як чизи худро ба ӯ мебахшед.

Ман фахр мекунам, ки дар Академияи шоҳмоти Сино ва маркази забономӯзии  “Infinity” донишҷӯёни зиёде аз кишварҳои гуногун мо ва барномаи моро интихоб мекунанд. Мо барои ин муваффақият шабу рӯз заҳмат кашидем”,- бо хурсандӣ иброз дошт ӯ.

Аз ҳар боб

Қаҳрамони мо дар вақтҳои холии худ ба омӯзиш машғул мешавад ва сатҳи дониши худро баланд мегардонад. Ҳамчунин забонҳои хориҷиро меомӯзад, то дар шинохти фарҳангу таърихи кишварҳо ва муошират ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашавад.

“Гиторнавозиро дӯст медорам, бозии футболро меписандам ва мухлиси дастаи Реал Мадрид ҳастам. Китоб мехонам. Ҳоло китоби «Шоҳмот – как модель жизни»-ро хонда истодаам. Донистан ва омӯхтани ҷаҳони одамони дигар хеле ҳаяҷоновар аст.  Асри 21 асри техника аст. Ҳамин ки ман ба ҷойҳои зебо меравам ё лаҳзаҳои ҷолибро мебинам, фавран наворбардорӣ менамоям”,- мегӯяд Сино.

Ҳар шахс орзуву ният дорад.  Ягона ҳадафи қаҳрамони мо низ дар самти варзиши шоҳмот хизмат намудан аст.

“Мисли ҳар як шахс, орзуҳо ва тасаввуроти беохир дорам. Аммо чизи асосие, ки ман барои он саъй мекунам, ин аст, ки ҳама дар Ватани бузурги ман шоҳмот ва забонҳоро омӯзанд. Дар оянда барои ба даст овардани комёбиҳои бузург, барои амалӣ кардани орзуҳои хурдсолон ва дигар лаҳзаҳои душвор ба онҳо роҳнамо шудан кӯшиш мекунам”,- мегӯяд Сино.

Шаҳноз Ализода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend