Чанде пеш бар асари муносибати дағалонаи падар ба писар фоҷиае рух дод. Падар фарзандашро барои кашидани нос ва дуздии маблағ айбдор дониста, бо шеваи номуносиб танбеҳ доданӣ шуд. Дар пайи ҷазои падар кӯдаки 15 сола ба ҳалокат расид.
Бори аввал нест, ки зӯроварии волидон нисбат ба кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, баҳсҳо сурат мегирад.
Муаллифи Your.tj бо равоншинос дар бораи тарзи дурусти ҷазодиҳии кӯдак, истифодаи усули интихоб ба ҷойи фармон ва дар кори тарбия даст кашидан аз қолабҳои нонавиштае, ки волидони ҷавон аз волидони худ ба мерос гирифтаанд, суҳбат орост.
Вақте волидон фарзандро дуруст мефаҳманд
Фаридун Маҳмудов, равоншиноси кӯдакон буда, ҳамзамон роҳбарии Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони диёр”-ро бар уҳда дорад. Ин ташкилот бо оилаҳои ҷавон дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ хидмат мекунад. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Instagram блог фаъол карда, перомуни тарзи дурусти муносибат бо кӯдак муҳтаво меофарад.

Вай мегӯяд, ки ҷазо бояд таълимдиҳанда бошад, на қасосгиранда. Ҳадаф аз он фаҳмонидан аст, на тарсонидан.
“Агар кӯдаки 4-сола дар кӯча дод занад, ӯро ҳамон вақт ҷазо додан нодуруст аст. Дар ин синнусол дар ҳиссиёташ номувозинатӣ пайдо мешавад. Ӯ дар ҳолате шод ва ё ғамгин аст, зеро раванди ривоҷёбии маҷмӯи эҳсосро пушти сар мекунад. Беҳтар мешавад, ки дар ин ҳолат ӯро ба оғӯш гирем ва ором кунем.
Пас аз ором шудан пурсем, ки ӯ барои чӣ чунин рафтор кард. Кадом ҳиссиётро дошт. Агар онро гуфта натавонад, бифаҳмонем, ки чӣ кореро кард”.- шарҳ дод равоншинос.
Муҳимияти боварӣ ба фарзанд
Чанде пеш падаре ба Фаридун бо муаммои дер омадани писараш аз кӯча муроҷиат кард. Ӯ борҳо бо ғазаб ба писараш таъкид кардааст, ки барвақт ба хона ояд. Наврас ҳар дафъа зуд омаданро ваъда дода, вале боз ҳамин ҳолатро такрор мекардааст.
“Ба падар гуфтам, ки дар ин ҳолат дод назанед. Бигӯед, ки “мехоҳам ба ту бовар кунам, ки ту бепарво нестӣ ва вақти худро беҳуда сарф накунӣ”. Дар аввал кӯдак ин ҳолатро қабул карда наметавонад. Шояд баъзе рӯзҳо боз дер ояд.
Аммо шумо бояд сабр кунед, кӯдакро ҷанг накунед. Суханҳои болоиро бо оромӣ такрор кунед. Баъд аз чанде фарзандатон дарк мекунад, ки падар ба ӯ бовар кардан мехоҳад. Пас аз ин дар вақти гуфтаатон ба хона бармегардад. Дарвоқеъ, писари ин мард пас аз чунин муносибат ислоҳ шуд”,- нақл кард равоншиноси ҷавон.
Ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки мутаассифона, аксари волидон ба фарзанди худ бовар намекунанд, вақте ӯ ҳатто рост мегӯяд. Ин муносибат боиси он мешавад, ки кӯдак ба дурӯғ гуфтан одат кунад, зеро дарк мекунад, ки ба гуфтааш бовар намекунанд.
Чаро волидон аз ҷазои ҷисмонӣ зиёд истифода мебаранд?
Ба назари ҳамсуҳбати мо, серистифода шудани ҷазо ҳангоми тарбияи кӯдакон ба ду омил бастагӣ дорад. Якум, худи волидон аз хурдӣ ҳамин гуна, яъне бо задан тарбият ёфтаанд. Дуюм, онҳо роҳи дигари тарбияро намедонанд.
“Аксари волидон ҳангоми асабонӣ шудан назорати худро гум карда, ба сари фарзанд дод мезананд, ё даст мебардоранд. Ба гумони онҳо, агар баъд аз ягон кор кӯдакро зуд ҷазо диҳанд, вай ислоҳ мешавад.
Аммо ин хел нест, кӯдак аз ин тарбия намегирад, балки метарсад. Ҷазои ҷисмонӣ боис мешавад, ки вай худро камқадр эҳсос кунад”, – илова кард Фаридун.
Кӯдаке, ки хашмҳои зиёдеро дар худ нигоҳ медошт, онро бо мурури замон дар синни наврасӣ ҳамтан ба дигарон нишон медиҳад.
“Мисол бо ҷавоне суҳбат доштам, ки дар айёми хурдсолӣ пайваста танбеҳ гирифтааст. Аллакай, ӯ дар 15 солагӣ дар хона ва кӯча бо ҳар баҳонае роҳи ҷангро меҷуст. Ӯ гуфт, ки аз бисёр ҷанг кардани волидон худро одами бад ҳис мекард. Ба дигарон низ рафтори нохуб нишон медод, то ҳама ӯро ҳамин хел шиносанд”, – қисса кард равоншинос.
Қоидаи равшан ва ҷазои шифоҳӣ
Фаридун Маҳмудов як роҳи бе ҷазо ислоҳ кардани рафтори нохуби кӯдаконро дар гузоштани “Қоидаи равшан” медонад. Ин чӣ хел қоида аст? Шартҳои он ба волидон ва ҳам кӯдак бояд равшан бошаду ба пуррагӣ риоя шавад.
“Мисол, агар болои мизатро тозаву ҷамъ накунӣ, бозӣ кам мешавад. Вақте ин қоидаро гузоштед, бояд назорат баред ва аз рӯйи натиҷааш амал кунед. Беаҳамиятӣ кардед, дигар кӯдак ҳам бепарво мешавад. Волидон, пеш аз ҳама, ба он интизориҳое, ки аз фарзанд доранд, худ ҷавобгӯ бошанд”, – арз дошт ӯ.
“Ба кӯдак фармони бисёр не – интихоб бояд дод”
Ба равоншиноси ҷавон чанде пеш модаре арз кард, ки писараш фармонҳои ӯро қабул намекунад. Мутахассис ба он зан маслиҳат дод, ки ба ҷойи фармон имкони интихоб диҳед, натиҷаашро тезтар мефаҳмед.
“Фаҳмонидам, ки ба кӯдак интихоб диҳед, ки фалон корро ҳозир мекунӣ, ё пагоҳ. Пешниҳоди интихоб дар вай эҳсоси масъулиятро бедор мекунад. Табиати одами хурду калон фармонро намебардорад, агар он бисёр шавад. Зан баъд аз имкони интихоб додан дар муносибат бо писараш беҳбудӣ дид”, – қисса кард ҳамсуҳбати мо.
Бештари волидон норасоиҳоро танҳо дар кӯдакон мебинанд. Зиқ мешаванд, ки амалу рафтори кӯдакашон табъи дилашон нест. Ба равоншиносу психотерапевт муроҷиат карданӣ мешаванд, ё аз пайи ягон доруву дармон.
“Фикр кунем, ки шояд худамон (волидон) бештар ниёз дорем, барои муроҷиат ба мутахассисон ва доруву дармон?”, – хитоб дорад равоншиноси ҷавон.
“Ба қолабҳои нонавишта такя накунем”
Бархе волидони ҷавон бар ин фикр устуворанд, “моро ҳам падару модарамон заданд, дод гуфтанд, намурдем-ку! Калон шудем, то имрӯз калонсолонро эҳтиром мекунем”. Онҳо мехоҳанд, ки ҳамин таҷрибаро дар фарзандони худ такрор кунанд.
“Аммо имрӯз мо метавонем, ки таҷрибаҳои беҳтареро истифода барему ба ҳолати равонии кӯдак зарар нарасонем. Ҳар кӯдак фардияти хос дорад.
Мутаассифона, муқоисаи кӯдак бо худу дигарон одат шудааст. Мегӯянд, ки мо вақте хурд будем, чунин набудем. Ба кӯдак муҳим нест, ки дар гузашта чӣ ҳолат доштед. Барояш муҳим он аст, ки имрӯз бо ӯ чӣ гуна рафтор мекунед ва баҳраш фардо чӣ замина мегузоред”, – иброз дошт Фаридун Маҳмудов.
Ҷазо аз нигоҳи ҳуқуқӣ
Суҳайлӣ Қодирӣ сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иброз дошт, “волидайн, дигар намояндагони қонунии кӯдак ва ҳеҷ кас ҳуқуқи ҷазо додани кӯдакро надоранд, ба истиснои мақомоти судӣ”.
“Нисбат ба ҳолати аз ҷониби падар ба марг расонидан кӯдаки 15-сола дар шаҳри Турсунзода ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, қонунгузорӣ аз 12 то 15 сол маҳрум кардан аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Агар ҳолатҳои дигар дар рафти тафтишот ошкор шавад, мумкин аст ҷазо вазнинтар шавад. Эҳтимол дорад, модар ва дигар шахсоне, ки дар ҷиноят даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Инро тафтишот муайян мекунад”, – илова кард ӯ.
Файзуллохон Обидов, Your.tj